
Падарам маро барои ёд гирифтан назди марде, ки сабзӣ мефурӯхт ва ҳисобро неку медонист, раҳнамоӣ кард, то аз вай таълим гирам ва ин илмро аз вай омӯхтам. Каме баъд аз ин Абуабдуллоҳи Нотилӣ ба Бухоро омад. Ин шахс даъвоии он буд, ки фалсафаро хуб медонад. Падарам ба умеди ин ки ман аз ин шахс фалсафаро бояд омӯзам, хоҳиш намуд, ки дар хонаи мо маскан бигирад. Лекин пеш аз омадани вай ман дар назди Исмоили Зоҳид машғули омӯхтани фиқҳ будам ва аз беҳтарин ҷӯяндагони ин роҳ будам…
Сипас, назди Нотилӣ ба хондани китоби «Исоғӯҷӣ» шуруъ кардам. Вақте ки ман қонунҳои илми мантиқро аз ӯ меомӯхтам ва масъалаҳои мушкил ва печдарпечи онро бо далелу бурҳон бо шитоб ҷавоб медодам, ки ҳаргиз ӯ нашунида буд ва бениҳоят устод дар ҳайрат мемонд… ва масъалаеро, ки ба ман мегуфт, аз вай беҳтар тасаввур мекардам. Ин шахс падари маро огоҳ намуд, ки ман ба ғайр аз омӯхтани дониш ба ҳеҷ кори дигар набояд машғул бошам…
Сипас, ман пеши худ ба хондани китобҳои мантиқ шуруъ намудам ва гуфтор – сухани шарҳдиҳандагонро мутолиа намудам, то ин ки дар илми мантиқ пухта шудам. Ҳамчунин, аз китоби Уқлидус аз панҷ то шаш назди ӯ хондам ва аз он баъд бо худ аҳд бастам, ки бақияи масъалаҳои китобро худам ҳал намоям. Баъд аз он ба омӯхтани «Маҷастӣ» майл намудам. Вақте ки аз муқаддимоти он огоҳ шудам ва ба шаклҳои ҳандасӣ расидам, устоди ман Нотилӣ гуфт:
— Акнун худат ба хондан машғул бош ва масъалаҳоро низ худат мустақил ҳал намо. Агар ягон мушкилӣ пеш ояд, пеши ман биё ва бар ман арз кун, то дуруст ва нодурустии онро ба ту баён кунам.
Ҳақиқат ин аст, ки Нотилӣ воқеаи ин китобро барои ман ёд надод; ман худ ба ҳалли он иқдом ниҳодам. Шаклҳои мушкил ва печдарпеч, ки Нотилӣ аз онҳо хабар надошт, бисёр буд, ман онҳоро ба ӯ шинос намуда, фаҳмонидам. Баъд аз ин Нотилӣ аз ман ҷудо шуд ва ба сӯи Гурганҷ рафт, ман бе муаллим мондам. Пас аз ин ман ба хондани китобҳо ва шарҳҳои табииёт ва илоҳиёт шуруъ намудам ва дарҳои дониш бар ман кушода мешуд.
Пас аз он ба ёд гирифтани илми тиб рағбат намудам. Аз ин рӯ, ҷамеи китобҳое, ки дар ин илм навиштаанд, хондам. Илми тиб аз донишҳои душвор нест. Аз ин ҷиҳат дар камтарин фурсат сирри онро донистам ва табибони донишманд дар назди ман ба омӯхтани илми тиб машғул шуданд ва беморонро парасторӣ мекардам. Дарҳои муолиҷаҳо, ки аз таҷрибаҳои табибӣ ба даст овардам, ончунонки васфаш ҳайратангез аст, бар ман кушода мешуд. Бо вуҷуди ҳамаи ин, бо мутолиа ва мубоҳисаи илми фиқҳ (ҳуқуқ) машғул будам. Дар он ҳангом шонздаҳсола будам.