
Лоиҳаи USAID «Ҳамроҳ бихонем» дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани малакаҳои хониши хонандагони синфҳои ибтидоӣ, омӯзгорони синфҳои ибтидоиро ба омӯзиш фаро гирифта, ба ин васила маҳорати касбиашон дар самти салоҳиятҳои хониши хонандагон такмил дода шуд.
Дар олами пурахбори имрўза усулу технологияњои гуногуни таълим коркард ва истифода мешаванд, ки барои такомули савияи касбии омўзгор ва инкишофи шахсияти талабагон ањамияти хос доранд. Муаллим ба воситаи ин методу шаклњои кор мањорати эљодиашро метавонад сайќал дињад. Муносибат ба таълим дар њама давру замон метавонад таѓйир ёбад, роњњои таълим ба шакли дигар амалї гарданд ҳам, њамеша дар раванди таълиму тадрис хонанда симои асосї мебошад. Барои пешрафти таълим ва комёб шудани хонандагон дар пешрафти таълим, хонандагон бояд дуруст хонда тавонанд. Хондан ҷараёни мураккаби маърифатии (фикрии) кушодани рамзҳои хаттӣ барои бунёди маънӣ ё дарки он аст. Дар як лаҳзаю дар як замон аз худ кардани он ғайримкон аст. Ҷараёни хондан машқ ва такрори зиёдеро талаб мекунад. Раванди азхудкунии салоҳиятҳои хондан осон набуда, он аз ду қисми асосӣ иборат аст: техникаи хониш (хониши бурро ва равон) ва маҳорати дарки маънои чизи хондашуда. Хониши буррову равон қобилияти дуруст ва бо суръати муътадил хондани матн аст. Хонандагоне, ки буррову равон мехонанд, калимаҳоро ба зудӣ гурӯҳбандӣ намуда, бо овози баланд бемамониат мехонанд ва маънии матни хондаашонро дарк мекунанд. Хониши онҳо табиӣ буда, ба суръат ва оҳанги гуфтор мувофиқат мекунад. Хонандагоне, ки малакаи хониши бурро ва равон надоранд, оҳиста ва калима ба калима мехонанд. Дар ҷараёни дарсҳои забони модарӣ фаъолиятҳои марбут ба тақвияти малакаҳои хониши буррову равон асосан дар марҳалаи ҳангоми хондан ба нақша гирифта мешаванд. Бо гӯш кардани намунаи хуби хониши равон ва бурро хонандагон тарзи талаффузи овозро, ки ба фаҳмидани матн ёрӣ мерасонад, аз худ мекунанд. Инак, як намунаи нақшаи дарсиро, ки барои тақвияти малакаҳои хониши бурро ва равони хонандагон мусоидат мекунад, пешниҳод мекунем.
Дарси намунавӣ аз фанни “Забони модарӣ” дар синфи “2”
Мавзӯъ: Афсонаҳои халқӣ. Мӯрча ва кабӯтар
Салоҳиятҳо: 2.3.1. Қоидаҳои маъмули хонданро медонад ва риоя мекунад. Стратегияҳои мувофиқро истифода бурда, матнҳои хурдро, ки бештар калимаҳои ношинос доранд, мехонад. 2.2.3. Барои баёни мақсад мавзӯъ ва мазмуни мувофиқ интихоб намуда, шаклҳои гуногуни нутқи шифоҳии ҳаҷман хурдро истифода мебарад. 2.1.3. Мазмун ва мақсади асосии сухани гӯянда(гон)-ро мувофиқи синну соли худ муайян мекунад. 2.4.1. Қоидаҳои дигари навиштанро тибқи нишондиҳандаҳо риоя мекунад. 2.4.2. Стратегия (тарз, роҳу усул)-ҳои мувофиқи навиштанро истифода бурда, матнҳои хурдро менависад.
Мақсадҳои таълим: то интиҳои дарс хонандагон бояд
- аз рӯйи расмҳо номи афсонаҳоро гуфта тавонанд; номи афсона ва симоҳои афсонаҳоро гӯянд; дар бораи пандомӯз будани афсонаҳо ва ҳикояҳо фикрашонро баён кунанд; калимаҳои душворфаҳми афсона ва ҳикояҳоро шарҳ диҳанд; афсонаҳо ва ҳикояҳоро буррову равон хонанд; дар саволу ҷавоб фаъол буда, ба саволҳо ҷавоб диҳанд; калимаҳо ва ҷумлаҳоро дуруст, зебо ва беғалат нависанд; аз матнҳои хондаашон калимаҳои ифодакунандаи номи ашё, аломати ашё ва ҳаракати ашёро муайян карда нависанд; калимаҳоро таҳлили овозӣ кунанд; аз рӯйи расмҳо мазмуни афсонаро нақл кунанд; аз рӯйи мазмуни афсона нақшофарӣ намоянд.
Таҷҳизоти аёнӣ дар дарс: китоби дарсӣ, дафтар, ручка, китобчаҳои афсонаҳо, ҳикояҳо, расмҳои афсонавӣ, варақаҳои саволнома, компютер, проектор, наворҳои видеоии афсонаҳо, матни афсонаву ҳикояҳо доир ба мавзӯъ….
Методҳои истифодашаванда: саволу ҷавоб, муҳокимаҳои умумӣ, ангезиши зеҳн, панҷ қадами луғатомӯзӣ, нақшофарӣ, кор бо ҷадвалҳо, кор бо расмҳо, хониши намунавии омӯзгор, хониши намунавии хонандагон, дар меҳмонии афсона….
Раванди дарс:
Ташкили дарс:
Омӯзгор: – Бачаҳо, ҳоло мо аз кадом фан дарс мехонем?
Хонандагон: – Аз фанни забони модарӣ.
Омӯзгор: – Биёед, дар васфи забони модарӣ як шеър мехонем. (Хонандагон якҷоя дар васфи “Забони модарӣ” шеър мехонанд.)
Пурсиши вазифаи хонагӣ.
Омӯзгор: – Бачаҳои азиз, вазифа ба хона аз фанни забони модарӣ чӣ супорида шуда буд?
Хонанда: – Вазифа ба хона аз фанни забони модарӣ супорида шуда буд: машқи хониши равону буррои матни афсонаи “Насиҳати падар” ва ба ду саволи матни афсона ҷавоб навиштан.
Омӯзгор: – Ҳама ба дарс тайёранд? Офарин! Биёед, аввал дафтарҳоямонро мекушоем, ман супориши навиштаатонро аз назар мегузаронам. Сипас шумо дунафарӣ бо ҳампаҳлуятон дафтарҳоятонро иваз намуда, супориши иҷрокардаи ҳамдигарро мехонед ва кори якдигарро арзёбӣ мекунед. Арзёбӣ аз рӯйи меъёрҳои зерин гузаронида мешавад:
- Бо хатти зебо, хоно ва беғалат навиштааст.
- Аломатҳои китобатро дуруст гузоштааст.
- Ба саволҳо ҷавоби дуруст навиштааст.
Сипас хонандагон дафтарҳоро иваз намуда, супоришҳои иҷрокардаи ҳамдигарро хонда арзёбӣ мекунанд. Масалан: “Рафиқи ман ҷумлаҳоро бо хатти зебо, хоно ва беғалат навиштааст, ба саволҳо ҷавоби дуруст навиштааст, аммо аломати вергулро нагузоштааст. Ман ба ӯ тавсия додам, ки ба гузоштани аломатҳои китобат диққат диҳад.” Ҳамин тавр, арзёбиҳои -се гурӯҳи дунафариро мешунавем.
Омӯзгор: – Бачаҳои азиз, биёед, супориши дигари вазифаи хонагиро дида мебароем. Пеш аз он ки шумо бурро ва равон хондани матни афсонаи “Насиҳати падар” – ро намоиш диҳед, бояд қоидаҳои хониши “Бурро ва равон” – ро ёдрас шавем. Канӣ, бачаҳои азиз, биёед, ба хотир орем, мо бояд ҳангоми хониши бурро ва равон кадом қоидаҳоро риоя кунем?
Хонандаи 1. – Калимаҳоро дуруст ва шунаво хонем.
Хонандаи 2. – Ҳарф ва ҳиҷоҳоро напартофта хонем.
Хонандаи 3. – Ҳарф ва ҳиҷоҳо илова накарда хонем.
Хонандаи 4. – Калимаҳоро яклухт хонем.
Хонадаи 5. – Овозҳоро дар калимаҳо дуруст талаффуз кунем.
Хонандаи 6. – Фосилаи байни калимаҳоро риоя карда хонем.
Хонандаи 7. – Ба оҳанги аломатҳои китобат риоя карда, хонем.
Хонандаи 8. – Бо суръати муътадил хонем.
Омӯзгор: – Офарин, бачаҳои азиз! Ман медонам, ки ҳамаи шумо дар хона матни афсонаро тибқи қоидаҳои хониши бурро ва равон машқ карда хондаед ва ба дарс омодаед. Ман мехоҳам, ки интихобан якчанд нафар хониши бурро ва равонро намоиш диҳанд. Шумо бошед, хондани онҳоро бодиққат гӯш карда, аз рӯйи қоидаҳои хониши бурро ва равон арзёбӣ кунед. (Хонандагон дар гурӯҳҳои 4 – 5- нафарӣ нишастаанд, омӯзгор аз ҳар як гурӯҳ якнафариро интихоб карда, хоҳиш мекунад, ки матни афсонаро тибқи қоидаҳои хониши бурро ва равон намоиш диҳанд. Аз ҳар як гурӯҳ якнафарӣ 5 нафар бо навбат намоиш медиҳанд).
Хонандагон хониши ҳамсинфонашонро арзёбӣ мекунанд. Мисол: Дар гурӯҳи якум Фотима, калимаҳоро дуруст ва шунаво хонд, ҳарф ва ҳиҷоҳоро напартофта хонд, ҳарф ва ҳиҷоҳо илова накард, калимаҳоро яклухт хонд, овозҳоро дар калимаҳо дуруст талаффуз кард, фосилаи байни калимаҳоро риоя карда хонд, ба оҳанги аломатҳои китобат риоя карда, хонд, бо суръати муътадил хонд. (Ҳамин тариқ, хониши бурро ва равони хонандагонро шарҳ медиҳем).
- Бачаҳои азиз, биёед, ҳоло яке аз шумоён нақши писари деҳқонро иҷро мекунед ва дигарон аз рӯйи мазмуни афсона, ба писари деҳқон саволҳо медиҳанд. Писари деҳқон ба саволҳои шумо ҷавоб медиҳад. (Аз усули “Гули сари сабад” истифода мебарем).
Як нафар аз хонандагон дар саҳни синф болои курсӣ мешинад. Хонандагони дигар ба ӯ саволҳо медиҳанд. Саволҳо бояд пайдарпайии мазмуни афсонаро дар бар гиранд. Мисол:
Хонандаи 1: – Падари шумо ба чӣ кор машғул буд?
– Падари ман ба деҳқонӣ машғул буд.
Хонандаи 2: – Падари шумо чӣ дошт?
– Падари ман токзори калоне дошт.
Хонандаи 3: – Падари шумо дар токзор чӣ кор мекард?
- Падари ман дар токзор меҳнат мекард, кор мекард ва ангур парвариш мекард.
Хонандаи 4: – Падари шумо зиндагиашро аз рӯйи чӣ мегузаронид?
– Падари ман ангурҳоро фурӯхта, зиндагиашро мегузаронид.
Хонандаи 5: – Рӯзе падари шумо ба чӣ гирифтор шуд?
– Падарам бемор шуд?
Хонандаи 6: – Падаратон шуморо даъват карда чӣ гуфт?
– Падарам маро даъват карда гуфт: ман ба ту насиҳат мекунам.
Хонандаи 7:
– Падарат ба шумо чӣ насиҳат кард?
– Падарам ба ман насиҳат кард, ки “Дон, ки аз меҳнат тилло ҳосил мешавад”. Дар байни токзори мо ду хумчаи тилло гӯронида шудааст.
Хонандаи 8: – Падарат гуфт, ки хумҳои тиллоро кай ёфта метавонӣ?
– Падарам гуфт, ки хумҳои тиллоро дар фасли тирамоҳ ёфта метавонӣ.
Хонандаи 9: – Фасли тирамоҳ расид, ту чӣ кор кардӣ?
– Фасли тирамоҳ расид, ман бел гирифта, бехи токҳоро кофтам, аммо чизе нафтам.
Хонандаи 10: – Он сол токҳои ангур чӣ гуна ҳосил доданд?
– Он сол токҳои ангур аз ҳарвақта зиёдтар бор оварданд.
Хонандаи 11: – Ту ангурҳоро чӣ кор кардӣ?
– Ман ангурҳоро бо пули зиёд фурӯхтам.
Хонандаи 12: – Рӯзе ба назди шумо кӣ омад?
– Рӯзе ба назди ман рафиқи падарам омад.
Хонандаи 13: – Ба рафиқи падарат чӣ нақл кардӣ?
– Ман ба рафиқи падарам гуфтам, ки аз такзор хумчаҳои тиллоро наёфтам, лекин имсол ҳосили ангур хеле зиёд шуд, ки фурӯхта, пули зиёде ёфтам.
Хонандаи 14: – Рафиқи падарат ин гапҳоро шунида чӣ кор кард? – Рафиқи падарам ин гапҳоро шунида, қоҳ – қоҳ зада хандид.
Хонандаи 15: – Рафиқи падарат баъд чӣ гуфт:
– Рафиқи падарам гуфт, ки “Писарам тиллои падарат гуфтаро ёфтӣ – ку”
Хонандаи 16: – Ту чӣ ҷавоб додӣ?
– Ман ҷавоб додам, ки “Аз токзор чизе наёфтам”.
Хонандаи 17: – Рафиқи падарат чӣ гуфт?
- Гуфт, ки барои чӣ дурӯғ мегӯӣ?
Хонандаи 18: – Ту чӣ ҷавоб додӣ?
– Ман гуфтам, ки ин бойигариро аз меҳнати ҳалоли худам ёфтам.
Хонандаи 19: – Рафиқи падарат чӣ ҷавоб дод?
– Рафиқи падарам гуфт, ки “Ту барои ҳосили зиёд гирифтан не, балки барои ёфтани тилло ин қадар кор кардӣ. Падарат бисёр одами оқил будааст. Барои ҳамин он кас ба ту “Аз меҳнат тилло ҳосил мешавад” гуфтаанд”.
Хонандаи 20: – Насиҳати падар “Аз меҳнат тилло ҳосил мешавад” – ро акнун фаҳмидед?
– Бале, акнун фаҳмидам, ки тиллои падар мегуфтагӣ токзори ангураш будааст. Падарам мехостааст, ки барои ба даст овардани ганҷ бояд меҳнат кунам.
Хонандаи 21: – Хумҳои тиллои падаратон мегуфтагӣ чӣ будааст?
– Хумҳои тиллои падарам мегуфтагӣ токзори ангураш будааст, ки бояд дар фасли тирамоҳ бехи онҳоро кофта нигоҳубин кунам, то ки ҳосили хуб диҳанд.
Хонандаи 22: – Маънои мақоли “То ранҷ набарӣ, ганҷ ба даст намеояд” чӣ будааст?
– Маънояш дар ҳамин будааст, ки то меҳнат накунӣ пул ба даст намеорӣ.
Хонандаи 23: – “Меҳнат кунӣ – роҳат мебинӣ” чӣ маъно дорад?
– Яъне, ки агар меҳнат кунӣ, роҳаташро мебинӣ, чи тавре ки ман дар токзор меҳнат карда, аз натиҷаи меҳнатам барои зиндагиам пули зиёд ёфтам.
Хонандаи 24: – Шумо аз насиҳати падаратон розӣ ҳастед? Барои чӣ?
- Бале, ман аз насиҳати падарам розӣ ҳастам, чунки падарам маро барои зиндагӣ кардан ва бо меҳнати ҳалол пул ёфтану зиндагӣ кардан роҳнамоӣ кард.
Омӯзгор: – Офарин бачаҳои азиз, шумо аз рӯйи мазмуни афсона хеле саволу ҷавоби хуб ташкил кардед. Инчунин пайдарпайи ҳодисаҳои афсонаро ҳангоми саволу ҷавоб дуруст риоя кардед. Биёед, акнун ҳамаамон матни афсонаро дида мебароем. Номи афсона дар куҷо навишта шудааст? Бале, дуруст аст, дар болои матн дар байн навишта шудааст. Ба аввали ҷумлаи афсонаро диққат диҳед. Пеш аз он каме ҷой монда шудааст. Шумо медонед, ин чӣ аст? Дуруст, ин сархат аст. Ҳарфи аввали калимаи ҷумлаҳо чӣ гуна аст? Дуруст, ҳарфи калон. Дар охири ҷумла чӣ гузошта мешавад? Дуруст, нуқта, он барои чӣ гузошта мешавад? Кӣ қоидаро ба мо мегӯяд? Матн аз чанд ҷумла иборат аст? Ҷумлаи якуми матн аз чанд калима иборат аст? Ҷумлаи дуюм чӣ? Офарин, бачаҳои азиз! Шумо ба ҳамаи саволҳо ҷавобҳои дуруст додед.
Лаҳзаи дамгирӣ: – Бачаҳои азиз, биёед, барои бартараф кардани хастагии шумо як лаҳзаи дилхушӣ мегузаронем. Аз бозии “Овозҳои садонок ва ҳамсадо” истифода мебарем. Яъне шумо бо шунидани овозҳои садонок дар ҷойи худ мешинед ва бо шунидани овозҳои ҳамсадо аз ҷой мехезед.
Баёни мавзӯи нав: Афсонаҳои халқӣ. Мӯрча ва кабӯтар.
- Бачаҳои азиз, биёед, дафтарҳоро мекушоем ва мавзӯи имрӯзаро қайд мекунем. (Хонандагон дар дафтарашон таърихи рӯз ва номи мавзӯро қайд мекунанд.)
Омӯзгор дар лавҳи синф расмҳоеро, ки мазмуни афсонаҳо ва ҳикояҳоро ифода мекунанд, ба намоиш гузошта, чӣ будани онҳоро аз хонандагон мепурсад: – Оё шумо ин афсонаҳоро медонед? Дар расм симоҳои кадом афсонаҳо тасвир ёфтаанд? Номи ин афсонаҳоро гуфта метавонед? Шумо кадом афсонаро дӯст медоред? Оё мо аз афсонаҳо ягон чизеро меомӯзем? Чиро? Масалан, аз афсонаи “Бузаки ҷингилапо” чиро омӯхтан мумкин аст?, аз афсонаи “Чаро маймунча гирист?” чиро меомӯзем?, аз дигар афсонаҳо чӣ? Афсонаро кӣ эҷод мекунад? Афсонаҳо чӣ гуна оғоз мешаванд? Офарин, афсонаҳо бо ифодаҳои “Буд, набуд…”, “дар замонҳои хеле қадим….”, “Дар яке аз мамлакатҳои дур…” оғоз мешаванд.
Бачаҳои азиз, афсона ва ҳикояҳо тарбиявӣ низ мешаванд. Дар онҳо рафтори хуб ё бади шахсе нақл карда мешавад. Ин ба мо имконият медиҳад, ки панд гирем ва рафтори дуруст кунем. Ҳар як афсона ба мо дарси ибрате медиҳад. Масалан: дар афсонаи “Бузаки ҷингилапо” мо чунин панд мегирем: “Суханони падару модарро гӯш карда, мувофиқи он амал кардан лозим аст”, яъне агар бузғолаҳо ба гапи падару модарашон гӯш медоданду дарро ба гург намекушоданд, туъмаи гург намегаштанд.
Муаррифӣ ва муҳокимаи мақсадҳои таълимии дарс:
Омӯзгор ба хонандагон мақсад ва ҳадафҳои дарсро шарҳ дода мегӯяд:
– Бачаҳои азиз, биёед, ҳоло афсонаи “Лаклак – табиб” – ро якҷоя тамошо карда, аз он чӣ панд гирифтанро муайян мекунем. (Сипас омӯзгор наворро ба намоиш мегузорад, хонандагон тамошо мекунанд ва хулосаҳояшонро мегӯянд).
Луғатомӯзӣ: якчанд калимаро аз дохили афсонаҳое, ки мехонанд, интихоб карда, аз рӯйи панҷ меъёри луғатомӯзӣ шарҳ медиҳанд. Чунончи:
- Калимаро талаффуз мекунад;
- Калимаро ба ҳиҷоҳо ҷудо мекунад;
- Ба кадом ҳиссаи нутқ таалуқ доштани онро муайян мекунад;
- Шарҳи сода ва кӯтоҳи калимаро мегӯяд;
- Калимаро дар ҷумла истифода мебарад.
Мисол: 1.майса, 2. май – са, 3.чӣ? – майса – исм, 4. майса – сабза, ҷойи сабзазор, 5. Мӯрча дар болои майсазорон мегашт.
(Омӯзгор пешакӣ калимаҳои душворфаҳми матни афсона ва ҳикояҳоеро, ки ба хонандагон барои хониши бурро ва равон супориш медиҳад, рӯйхат карда ба хонандагон месупорад (майса, тӯр, эмин, таъзим, мусибат, маҷрӯҳ, таҳсин); хонандагон калимаҳоро аз рӯйи меъёрҳои номбаршуда шарҳ медиҳанд: Майса – сабза, ҷойи сабзазор. Тӯр – бофтаи аз ресмон ё сими нозук. Эмин – бехавф, бехатар. Таъзим – хам шуда салом додан. Мусибат – азоб, ранҷ. Таҳсин – офарин).
Хониши намунавии омӯзгор. Афсонаи “Мӯрча ва кабӯтар” – ро барои хонандагон буррову равон мехонад.
Омӯзгор меъёрҳои хониши буррову равонро ба хотир оварда, бо хонандагон тарзи дурусти онро муҳокима мекунад. Аз хонандагон мепурсад: – Ҳангоми хондани афсона ман чӣ тавр хондам? Кадом қоидаҳои хониши равону бурроро риоя кардам? Аз мазмуни ин афсона шумо чӣ хулоса баровардед? Аз ин афсона чӣ панд гирифтан мумкин? (Сипас хонандагон тарзи хониши буррову равонро аввал мустақилона машқ мекунанд. Баъд ба гурӯҳҳои дунафарӣ муттаҳид шуда, барои ҳамдигар мехонанд. Сипас омӯзгор аз ҳар як гурӯҳ якнафариро хоҳиш мекунад, ки барои дигарон хониши бурро ва равонро намоиш диҳанд.
Нақли занҷирвор: Мазмуни афсонаи “Мӯрча ва кабӯтар” – ро бо усули “Нақли занҷирвор” ҳамроҳи хонандагон пайдарпай нақл мекунем. (Нақли ҳодисаи якумро як хонанда оғоз мекунад, сипас хонандагони дигар ҳодисаҳои дигари матнро нақл мекунанд). Сипас симоҳои афсонаро номбар карда, дар ҷадвал менависем.
Омӯзгор: – Биёед, акнун амалҳои симоҳои матнро дар ҷадвал менависем. (Барои ҳамаи хонандагон ҷадвали зеринро пешакӣ чоп намуда, омода мекунем, ҳангоми кори мустақилона ба хонандагон ҷадвали зеринро пешниҳод мекунем, онҳо мустақилона иҷро карда мехонанд).
Симои афсона | Чӣ кор кард? |
Мӯрча | |
Кабӯтар | |
Шикорчӣ |
- Бачаҳои азиз, биёед, акнун якҷоя навореро тамошо мекунем, ки дар он тарзи “Хониши бурро ва равон” намоиш дода мешавад. Шумо бодиққат тамошо кунед, сипас барои машқи хониши бурро ва равон омода шавед. Баъд аз тамошои навор аз хонандагон мепурсем:
- Тарзи хондани хонише, ки дар навор дидед, ба шумо писанд омад? Оё мазмуни ҳикояе, ки шумо шунидед, бароятон фаҳмо буд? Аз ин ҳикоя чӣ панд гирифтан мумкин аст? Бале, дуруст аст, аз ин ҳикоя мо мефаҳмем, ки ҳама кор гузаранда аст. Бинобар ҳамин, ҳар мушкиле, ки шахс дар зиндагӣ рӯ ба рӯ мешавад, албатта, гузаранда аст. Бинобар ҳамин, бояд рӯҳафтода нашавем. Бачаҳои азиз, шумо ҳам чунин хонда метавонед? Офарин, пас, биёед, тарзи хондани афсона ва ҳикояҳоро дар гурӯҳҳо машқ мекунем ва намоиш медиҳем.
Кор дар гурӯҳҳо: Омӯзгор хонандагонро ба гурӯҳҳои 4 – 5-нафара муттаҳид намуда, дар гурӯҳҳо супориш медиҳад, ки матни афсонаҳоро дар гурӯҳҳо аз рӯйи меъёрҳои “Хониши бурро” хонанд. Аввал мустақилона, сипас дар гурӯҳ машварат намуда, як нафар аъзои гурӯҳро барои намоиш додани хониши равону бурро бояд омода намуд. Хонандагон хониши буррову равон хондани афсонаҳоро дар асоси меъёрҳои муайяншуда мустақилона машқ мекунанд. Баъдан аз ҳар як гурӯҳ якнафарӣ намунаи хониши буррову равонро намоиш медиҳанд. (Гурӯҳи 1: афсонаи “Насиҳати падар”. Гурӯҳи 2: “Ҷони нодон дар азоб”. Гурӯҳи 3: “Дӯстони ҳақиқӣ”. Гурӯҳи 4: “Рафиқи бад”. Гурӯҳи 5: “Як пиразани одӣ” ).
Хонандагон намунаи хониши ҳар гурӯҳро аз рӯйи меъёрҳои “Хониши бурро ва равон” арзёбӣ мекунанд:
- калимаҳоро дуруст ва шунаво хондан; ҳарф ва ҳиҷоҳоро напартофта хондан; ҳарф ва ҳиҷоҳо илова накардан; калимаҳоро яклухт хондан; овозҳоро дар калимаҳо дуруст талаффуз кардан; фосилаи байни калимаҳоро риоя карда хондан; ба оҳанги аломатҳои китобат риоя карда, хондан; бо суръати муътадил хондан.
Ҳар як гурӯҳ оид ба мазмуни афсона ва ҳикояҳои хондаашон фикрашонро баён мекунанд, ки афсонаи хондаашон чӣ дарси ибрат медиҳанд.
Нақшофарӣ: Хонандагон аз рӯйи мазмуни афсонаи “Насиҳати падар” нақшбозӣ мекунанд. (як саҳна намоиш дода мешавад).
Омӯзгор калимаҳоеро, ки овозҳои “ӯ” ва “ӣ” доранд, аввал ҳамроҳи хонандагон талаффуз мекунад, тарзи талаффузи ин овозҳоро дар калимаҳо машқ мекунанд ва баъд хонандагон пеш аз навиштан қоидаҳои навиштанро ба хотир меоранд, сипас менависанд:
- калима ва ҷумлаҳоро зебо ва беғалат навиштан; ҳарфҳоро васл карда навиштан; дар байни калимаҳо фосила гузоштан; аввали ҷумларо бо ҳарфи калон навиштан ва дар охири ҷумла нуқта гузоштан; сархат ва аломатҳои китобатро дуруст гузоштан.
Баъд бо калимаҳои “рӯз, мӯрча, кабӯтар, нӯшидан, шикорчӣ” ҷумла тартиб дода менависанд. Ҷумлаҳоро шифоҳӣ баён мекунанд, сипас омӯзгор ҷумлаҳои беҳтаринро интихоб мекунанд ва хонандагон аз баёни ӯ менависанд. Мисол: Мӯрча ба об афтод. Кабӯтар баргеро канда ба об андохт. Шикорчӣ тӯрро ба замин партофт. Мӯрча эмин монд.
Арзёбӣ: (Имлои навиштаи якдигарро мехонанд ва аз рӯйи меъёрҳои навиштан тавсия медиҳанд). Мисол: Ҳампаҳлуи ман Мӯниса калима ва ҷумлаҳоро зебо ва беғалат навиштааст, ҳарфҳоро васл карда тавонистааст, дар байни калимаҳо фосила гузошта, ҷумлаҳоро бо ҳарфи калон навишта, аломатҳои китобатро дуруст гузоштааст.
Омӯзгор: – Бачаҳои азиз, ман ҳозир барои шумо варақчаҳоро медиҳам, ки дар дохили онҳо калимаҳое оварда шудаанд, калимаи интихобнамудатонро таҳлили овозӣ мекунед (мӯрча, хирс, писар, салом, дӯст). (Хонандагон яктоӣ варақчаро мегиранд, аз он калимаҳо навишташударо таҳлили овозӣ мекунанд). Мисол: хирс. 1 калима, 1 ҳиҷо, чор ҳарф, чор овоз, 1 овози садонок, 3 овози ҳамсадо. Овозҳои х, и, р, с. Ҳарфҳои ха, и, эр, эс.) Биёед, акнун, қоидаҳоро ба хотир оварда такрор мекунем, сипас бо матни афсонаҳо кор мекунем. Ман ҳоло барои шумо рӯйхати саволҳоро пешниҳод мекунам. Сипас барои шумо рақамҳоро омехта карда медиҳам. Ҳар як савол рақам дорад. Ба касе, ки кадом рақаме ояд, ҳамон саволи рақамашро аз рӯйхати саволҳое, ки дар тахтаи синф овезон аст, ёфта ба савол ҷавоб медиҳад. Барои омода шудан ба шумо як дақиқа вақт медиҳам.
Рӯйхати саволҳо:
|
|
1. Алифбо чист?
2. Дар алифбои забони тоҷикӣ чанд ҳарфу чанд овоз аст? 3. Ҳарф чист? 4. Ҳиҷо чист? 5. Калима чист? 6. Ҷумла чист? 7. Ҷумлаҳо чанд хел мешаванд? Кадомҳо? 8. Ҷумлаи саволӣ чист? 9. Ҷумлаи хабарӣ чист? 10. Ҷумлаи хитобӣ чист? 11. Исм чист? 12. Исми хос чист? 13. Исми ҷинс чист?
|
14. Овоз чист?
15. Овозҳои садонок чандтоянд? 16. Овозҳои ҳамсадо чандтоянд? 17. Сифат чист? 18. Феъл чист? 19. Забон чист? 20. Пешояндҳоро номбар кунед. 21. Аломатҳои китобатро номбар кун. 22. Имло чист? 23. Калимаи модар ба чанд ҳиҷо ҷудо мешавад? 24. Ҷумлаи “Ман дар синфи дуюм мехонам” аз чанд калима иборат аст? 25. Якчанд калимаҳое номбар кунед, ки исми хос шуда тавонанд.
|
Кори мустақилона. – Бачаҳои азиз, биёед, акнун аз дохили афсонаҳое, ки шумо дар гурӯҳ хонда будед, калимаҳои ифодакунандаи ном, аломат ва хусусияти ашёдоштаро муайян карда менависем. Хонандагон матни афсонаҳоро бори дигар хонда, аз дохилашон калимаҳо ёфта, ба сутунҳои мувофиқ менависанд. Сипас варақаҳоро иваз намуда, кори ҳамдигарро арзёбӣ карда, тавсия медиҳанд.
Кӣ? Киҳо? | Чӣ? Чиҳо? | Чӣ хел? Чӣ гуна? | Чӣ кор карданд? |
Нақл аз рӯйи расмҳои афсона:
Омӯзгор: – Биёед, ба расмҳои афсонаи “Муки хурдакак” бодиққат нигариста, ҳодисаҳои афсонаро пайдарпай нақл мекунем. (Сипас хонандагон аз рӯйи расмҳое, ки мазмуни афсонаи “Муки хурдакак” – ро ифода мекунанд, нақл мекунанд. Ҳангоми нақл кардан бо забони адабӣ нақл кардани хонандагон диққат дода мешавад.)
Ҷамъбаст ва хулосабарорӣ: сари мақсадҳои таълимӣ баргаштан. Дар охири дарс омӯзгор сари мақсадҳои таълимӣ баргашта, чӣ тавр ноил гаштан ба ин мақсадҳоро муҳокима мекунанд.
Супориши вазифаи хонагӣ. (Машқи хониши буррову равони афсонаҳо ва афсонаи “Мӯрча ва кабӯтар” саҳ. 141. Навиштани ҳикоячаи хурдакак аз рӯйи расмҳои афсонаи “Муки хурдакак” саҳ. 142 китоби “Забони модарӣ”).
Ҳадисамо ҶУМЪАЕВА –
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ
аз шаҳри Кӯлоб