
Бибивахӣ МИРБОБОЕВА –
ходими пешбари илмии шуъбаи мактаби (синфи) камнуфус ва таҳсилоти ақаллиятҳои миллии
Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи А.Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон
Масъалаҳои рушди маънавӣ, тарбия ва такмили шахсият ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеа қарор дошт. Махсусан, вақте бештар одамон бо зӯроварӣ ва хушунат рӯ ба рӯ мешаванд, мавзӯи тарбияи ахлоқӣ аз масъалаҳои аз ҳама муҳимми рӯз шуморида мешавад. Имрӯз ояндабинии тамаддунҳо ба тағйирёбии куллии худи инсон ва олами ботинии ӯ зич алоқаманд аст. Одамон эътироф мекунанд, ки нишонаҳои инсондӯстӣ бояд ҳангоми ҳалли мушкилоти глобалӣ нуқтаи ибтидоӣ бошанд. Хавфи бузургтарин, ки имрӯз ҷомеаи моро таъқиб менамояд, пастравии иқтисодиёт ва тағйироти низоми сиёсӣ набуда, балки косташавии ҷаҳони маънавии шахсият аст.
Масъалаҳои рушди маънавӣ, тарбия ва такмили шахсият ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеа қарор дошт. Махсусан, вақте бештар одамон бо зӯроварӣ ва хушунат рӯ ба рӯ мешаванд, мавзӯи тарбияи ахлоқӣ аз масъалаҳои аз ҳама муҳимми рӯз шуморида мешавад. Имрӯз ояндабинии тамаддунҳо ба тағйирёбии куллии худи инсон ва олами ботинии ӯ зич алоқаманд аст. Одамон эътироф мекунанд, ки нишонаҳои инсондӯстӣ бояд ҳангоми ҳалли мушкилоти глобалӣ нуқтаи ибтидоӣ бошанд. Хавфи бузургтарин, ки имрӯз ҷомеаи моро таъқиб менамояд, пастравии иқтисодиёт ва тағйироти низоми сиёсӣ набуда, балки косташавии ҷаҳони маънавии шахсият аст. Имрӯз, арзишҳои моддӣ назар ба арзишҳои маънавӣ бартарият пайдо кардаанд, аз ин рӯ, ақидаҳои кӯдакон дар бораи меҳрубонӣ, раҳмдилӣ, саховатмандӣ, адолат, ҳисси шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ нодуруст маънидод мешаванд. Сатҳи баланди ҷинояткории ноболиғон боиси афзоиши зӯроварӣ ва зулм дар ҷомеа мегардад. Кӯдакон аз рӯйи эҳсосот, ирода ва ноустувории рӯҳӣ фарқ мекунанд. Ҷаҳон дар муносибат бо кӯдакон хусуматпазир гардида, ба ҳаёт ва рӯҳияи кӯдакон, ахлоқ ва ҷаҳони маънавии онҳо таъсир мерасонад. Имрӯз дар филмҳои тасвирӣ бадӣ, бераҳмӣ ва зӯроварӣ бештар намоиш дода мешаванд, ки он ба рӯҳияи кӯдакон таъсири манфӣ расонида, боиси афзудани сатҳи ҷинояткории ноболиғон мегардад. Муҳимияти ҳалли мушкилоти тарбияи хонандагон бо он алоқаманд аст, ки ҷомеаи муосир ба одамоне ниёз дорад, ки на танҳо дорои донишҳои назариявӣ ва амалӣ балки дорои фарҳанги баланди ахлоқӣ низ бошанд. Нақши калидӣ дар ҳалли мушкилоти тарбияи ахлоқӣ ба соҳаи маориф равона карда шудааст. Аз ин рӯ, таҳсилот ин на танҳо ба даст овардани маҷмӯи дониш ва маълумоти зиёд мебошад. Балки ин раванд ташаккул ва инкишофи қобилияти зиндагӣ кардани инсонро дар ҷаҳон бо худ ва бо одамони дигар, инчунин мавҷудияти мавҷудоти зинда ва давом додани зиндагии насли инсониятро таъмин мекунад. Роҳҳои ҳалли мушкилоти тарбияи ахлоқӣ дар дарсҳо, танаффусҳо ва дар чорабиниҳои беруназсинфӣ бо назардошти хусусиятҳои синнусолии хонандагон амалӣ мегардад. Барои шаҳрванд шудан дар ҷомеаи худ, ҳар як шахс аз кӯдакӣ бояд таҷрибаи муносибатҳои фарҳанги маънавӣ ва шаҳрвандиро дошта бошад, онҳоро аз худ намояд ва ба онҳо одат кунад. Бояд фаъолияти эҷодии хонандагонро тавре ташкил намуда, ки онҳо ин таҷрибаро ба хубӣ аз худ намоянд. Вазифаи мо на танҳо ба кӯдакон фаҳмондани муҳиммяти муносибати ахлоқӣ ва риоя кардани уҳдадориҳои шаҳрвандӣ, балки ташаккул додани маҳорату малакаи хонандагон ва одат кардан ба чунин рафторҳо мебошад. Ҳар як ҳодиса ва воқеа бояд боиси он гардад, ки ба хонандагон дарси ахлоқро таълим дода, ба онҳо аз рӯйи талаботи меъёрҳои ахлоқӣ зиндагӣ карданро омӯзонад: Он кореро, ки ба худ намеписандӣ, ба дигарон раво набин. Агар имконият даст диҳад, барои дигарон хубӣ кун. Барои миллати худ ватандӯст бош ва музаффариятҳои онро ҳифз намо. Қонунҳоро риоя кун. Ба қонунвайронкунӣ роҳ надеҳ. Нақши асосӣ дар тарбияи ахлоқии хонандагон ба зиммаи роҳбари синф гузошта шудааст, зеро маҳз ӯ фаъолияти коллективи кӯдаконро ҳамоҳанг месозад, соатҳои синфӣ ва чорабиниҳои беруназсинфӣ мегузаронад, бо ветеранҳо ва ҳайатҳои низомӣ вохӯриҳо ташкил мекунад. Агар дар синни хурди мактабӣ ҷанбаҳои ватандӯстӣ, ки ҳамчун таҳкурсии асосӣ ба шумор меравад, гузошта шуда бошад, он гоҳ синни наврасӣ асоси заминаи идеологии шаҳрванди оянда мебошад. Тарбияи маънавии хонандагон, аз худ намудани арзишҳои ахлоқӣ дар дарсҳо ва чорабиниҳои беруназсинфӣ аз дарси Сулҳ оғоз мегардад. Ҳамин тавр, ҳисси ифтихори миллӣ дар хонандагон ташаккул ёфта, муҳаббатро нисбат ба меҳани худ дарк менамоянд. Инчунин, ҷанбаҳои тарбияи ахлоқии соатҳои хониши беруназсинфӣ, соатҳои синфӣ доир ба дӯстӣ, қоидаи муошират, тарзи ҳаёти солим ва гузоштани гулчамбарҳо дар назди муҷассамаҳои таърихӣ ба ин мусоидат мекунанд. Бояд қайд намуд, ки хонандагон дар рӯзҳои ҷашнвораҳои миллӣ ҷашни Истиқлол, Ваҳдати миллӣ, Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Рӯзи модарон лавҳаҳои табрикотӣ ва рӯзномаҳои девориро таҳия мекунанд. Дар раванди соли таҳсил ба осорхонаву китобхонаҳо рафта, бо собиқадорони ҷангу меҳнат вохӯриҳо баргузор менамоянд ва бо ин восита, онҳо ба арзишҳои фарҳангӣ, ки дар тӯли асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, арҷ мегузоранд. Дар раванди ин чорабиниҳо хонандагон дарк менамоянд, ки барои ин кор бо одамони наздиктарин, яъне волидон, бародарону хоҳарон, ҳамсолон ва калонсолон бо муҳаббат ва самимона муносибат кардан лозим аст. Ба кӯдакон муҳаббатро омӯзонидан, дар сухан ва кор барояшон намуна овардан, шебу фарози зиндагиро барояшон ёд додан ва дарк намудани ҳиссиёти зоҳирию ботинӣ вазифаи тарбияи маънавӣ – ахлоқии мактаббачагон мебошад. Кӯдакон ояндаи мо мебошанд ва тақдири онҳо аз тарбияи волидон, омӯзгорон, мураббиён вобастагии калон дорад. Бинобар ин, пеш аз он ки дар тарбияи касе саҳмгузор бошӣ, муҳим аст, ки бояд ба тарбияи худат машғул бош, яъне агар худатро наҷот диҳӣ, ҳазорон инсонҳо наҷот меёбанд ва агар ҳаётро аз худат оғоз кунӣ, зиндагонӣ мазмуни дигарро мегирад. Таҷрибаи таърихи педагогӣ бо боварии том собит менамояд, ки тарбия дар ташаккули иҷтимоӣ ва маънавии инсон нақши муҳим дорад. Маънавиёт ва ахлоқ ҳамчун элементҳои ҷаҳонбинӣ, худогоҳии миллӣ ва дар муносибат бо ватан ва дигар миллату халқиятҳо зоҳир мегардад. Дар натиҷаи рушди тафаккури маънавӣ ахлоқӣ муҳаббат ба Ватан бештар гардида, дарки ҳисси масъулият бедор мешавад ва ба устувор нигоҳ доштани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва арзишҳои моддию маънавӣ замина гузошта, манзалати шахсият ташаккул меёбад Тарбияи маънавӣ ахлоқӣ мувофиқи урфу одат дар ҷиҳати ташаккули тафаккури маънавӣ ахлоқии инсон дар шаклҳои гуногун зоҳир мегардад (динӣ, идеологӣ, илмӣ, бадеӣ, ҳаётӣ), ёрӣ мерасонад. Ин барои тарбияи инсони баркамол ҷиҳати дар сатҳи баланд дарк намудани ҷаҳон ва муайян намудани мавқеи худ дар он имкониятҳои зиёдро фароҳам хоҳад овард. Меъёрҳои тарбияи маънавӣ ахлоқӣ дар ҳамоҳанг сохтани муҳаббат ва зебоӣ барои ба танзим даровардани ҷаҳон, ҳаёти одамон ва ҷомеа дорои аҳамияти бебаҳои таълимӣ тарбиявӣ мебошанд. Бахусус, дар асоси имкониятҳои он буҳрони муосири фарҳангӣ, илмӣ, таҳсилотӣ ва ҷаҳони ботинии инсон метавонад бартараф карда шавад. Дар робита ба ин, асосҳои методологии тарбияи маънавӣ ахлоқии кӯдакон ва наврасонро ҳамчун замина барои анъанаҳои фарҳангӣ ва педагогӣ дар шакли ҷанбаҳои зерин нишон додан зарур аст: фарҳангӣ-таърихӣ (дар асоси намунаҳои таърихи миллӣ ва фарҳангӣ); ахлоқӣэстетикӣ; фарҳанги этникӣ (дар асоси анъанаҳои миллии халқ). Барои ояндаи ҷавонон ва тамоми башарият бояд мушкилоти ҷавонон ҳамчун мушкилоти умумибашарӣ ба назар гирифта шавад. Маънавиёт ва ахлоқ наметавонанд «аз берун» ба шакли нав ворид шаванд. Онҳо танҳо аз дохил нумӯъ меёбанд ва аз ҷиҳати педагогӣ омили ташаккули шахсият барои худтарбиякунӣ, такмили маънавиёт ва ташаккули ахлоқ ва инчунин, барои ба вуҷуд овардани шароити он мусоидат мекунанд. Бояд қайд намуд, ки дар тарбияи маънавӣ ахлоқии кӯдакону наврасон давлат ва сохти сиёсии он нақши муҳим мебозанд. Бисёр ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ ва қонунҳои навқабулшуда далели ин гуфтаҳо шуда метавонанд. Маориф муҳимтарин воситаи рушди ҷомеаи инсонӣ буда, баҳри баланд бардоштани дараҷаи ахлоқи ҷомеа ҳиссаи беназир мегузорад. Ин самт дар шароити кунунӣ, ки Тоҷикистон дар ҷаҳон давлати мустақил, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф шудаааст, аҳамияти калон дорад. Дар воқеъ, тарбияи наврасону ҷавонон ва дар рӯҳияи ватандӯстию инсонпарварӣ ва худогоҳию худшиносии миллӣ, ба воя расонидани онҳо вазифаи ҷонии масъулони соҳаи илму маориф дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати шадиди иттилооотӣ маҳсуб меёбад. Зеро ҳифзи бегазанди арзишҳои миллию динӣ ва таърихию фарҳангӣ, ташаккули ҷаҳонбинии демократию дунявӣ, таъмини пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа малакаву маҳорати баланди касбиро тақозо менамояд. Табиист, ки дар шароити душвору сарбастаи ҷаҳони муосир ба хотири таҳкими давлатдорӣ ва таъмини рушди босуботи иҷтимоию сиёсии ҷомеа муборизаи оштинопазир ба паҳншавии падидаҳои номатлуб, ба мисли терроризму экстремизм, хурофотпарастию ифротгароӣ аҳамияти фавқулода касб мекунад. Қобили тазаккур аст, ки тарбияи маънавӣ ахлоқӣ аз масъалаҳои мубрами тарбияи наврасону ҷавонон ба шумор меравад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии ба Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид намудааст: “Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”. Рушд ва пешравии ҷаҳони муосир бо ду ҷанбаи асосӣ, ки яке ба илму техника ва технология, дигаре маънавиёт, ахлоқ ва пос доштани анъанаҳои ниёгон аст, сахт марбут мебошад. Рушди техника ва технология бе маънавиёт амалӣ нахоҳад шуд. Ворид намудани технологияи иттилоотӣ коммуникасионӣ дар раванди таълим ба сифати васоили таълиму тарбия ҳамчун воситаи идоракунии раванди таълим ва таъмин гардонидани фаъолияти касбии омӯзгорон ба шумор меравад. Зеро зарурат ба дониши нав, саводнокии иттилоотӣ, маҳорати мустақилона гирифтани дониш сабаби пайдо гардидани намуди нави маълумот мебошад, ки дар ин навгониҳо технологияи иттилоотӣ мақоми низомофар ва нақши ҳамгироиро иҷро менамояд. Аз ин рӯ, тарбияи маънавӣ ахлоқӣ дар ҳамоҳангӣ бо дарки маъниҳои башардӯстона, барои пешгирӣ ва решакан намудани зуҳуроти номатлуб ва хатари терроризму экстремизм дар ҷаҳони муосир метавонад дар ниҳоди ҷавонону наврасон ҳувияти миллӣ, ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, маърифати динӣ, сиёсӣ, ҳуқуқию ахлоқӣ метавонад садоқати ҷавонони моро ба Ватан, миллат, обу хоки сарзамини аҷдодӣ ва пешрафти давлат, ободии имрӯзу фардои кишвари азизамон Тоҷикистонро афзун намояд. Дар ин амали хайр бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа: мактаб, оила ва ҷомеа, роҳбарону масъулини мақомоти маҳаллӣ дар якҷоягӣ бо омӯзгорону ходимони дин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намоянд. Зеро танҳо ҳамкорӣ метавонад барои аз байн бурдани хафви ҳама гуна хатарҳои террористиву экстремистӣ мусоидат намояд.