
Солҳои охир дар соҳаи маорифи кишвар барои баланд гардонидани сатҳу сифати таълиму тарбия барномаи ягонаи идоракунии раванди таҳсилоти дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба татбиқи низомҳои таҳсилоти кредитӣ ва фосилавӣ, ҳамчунин, нишондиҳандаҳои дигари танзимкунандаи раванди таълим ва назорати сатҳи сифати таҳсилот омода ва мавриди истифодаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар қарор гирифтааст. Бояд гуфт, ки гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ аз соли 2005 ва ба низоми таҳсилоти фосилавӣ аз соли 2017 дар донишгоҳҳои кишвар мавриди амал қарор гирифтааст. Ҳамчунин, дар ин самт Стандарти давлатии таҳсилот ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф аз ҷумлаи пешравиҳои назарраси ин соҳаи афзалиятноки кишвар ба ҳисоб мераванд. Ҳадафи асосии барномаҳои давлатӣ, таъмин намудани сифати баланди таълим мутобиқи талаботи тағйирёбандаи аҳолӣ ва ҳадафҳои дарозмуддати рушди ҷомеа ва иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад.
Баланд бардоштани самаранокии татбиқи сиёсати ҷавонон ба манфиати рушди инноватсионии тамоюли иҷтимоии кишвар мебошад. Вақтҳои охир вобаста ба афзоиши рақобат ва вазъи иқтисодии бозор, талаботи корфармо нисбат ба хатмкардагони муассисаҳои таълимӣ афзудааст. Хатмкардагони мактаби олӣ ҳамчун манбаи зеҳнии кишвар ҳисобида мешаванд, ки рақобатпазириро тавассути татбиқи алгоритмҳои кории зарурӣ таъмин мекунанд. Талаботи афзоянда аз ҷониби корфармоён дар талаботи тағирёбандаи истеъмолкунандагони хидматҳои таълимӣ, ки гирифтани маълумотро калиди касбӣ ва рушди шахсӣ меҳисобанд, инъикос меёбад.
Вобаста ба чунин дигаргуниҳо дар ҷомеа, сохторҳои таълимӣ ба баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати таълим, инчунин, мутобиқ кардани он ба талаботи пайдошавандаи ҷомеа рӯ ба рӯ шуданд. Муассисаҳои таълимӣ бояд талабот ва интизориҳои истеъмолкунандагонро ба зима гирифта, ҳамзамон, стандартҳои муқарраркардаи Вазорати маориф ва илми кишварро риоя кунанд. Натиҷаи хидматҳои пешниҳодшуда маҷмуи салоҳиятҳои касбии хатмкунандагони донишгоҳҳо мебошад, ки баъдан аз ҷониби корфармо баҳо дода мешавад. Аз ин рӯ, дар айни ҳол зарур аст, ки донишгоҳҳо ба ҳаёти донишҷӯён бештар ҷалб карда шуда, на танҳо фанҳои баландсифат, дорои маълумоти фаровон, балки маҷмуи унсурҳои таълимиро фаро гиранд.
Яке аз роҳҳои ҳалли ин масъала, таҳия ва татбиқи технологияҳои муосири педагогӣ, аз ҷумла, таълими фосилавӣ мебошад. Истилоҳоте, аз қабили “донишгоҳи кушод”, “таҳсили фосилавӣ” ва “таълими ғоибона” ва амсоли инҳо ба навъҳои гуногуни таҳсилоти фосилавӣ, ҳадафҳо ва меъёрҳои он ишора мекунанд. Хусусияти асосии ин технология, татбиқи раванди таълим ҳангоми нигоҳ доштани масофаи муайян ё умуан, масофа мебошад. Чун қоида, барои таълими фосилавӣ интернет ҳамчун воситаи асосии иртибот истифода мешавад, ки алоқа дар он ҳам дар вақти воқеӣ ва ҳам бо истифодаи платформаҳои электронӣ барои муошират ва интиқоли иттилооти зарурӣ барои омӯхтани фан пешбинӣ шудааст.
Пажуҳишгари рус О.Б.Епишева унсурҳои асосии таълими фосилавиро ошкор ва баён намудааст: «ҷудоии ҷисмонии омӯзгорон ва баъзе шунавандагон, ҳадди аққал барои аксари равандҳои таълим; истифодаи манбаъҳои мултимедиявӣ ва электронии таълимӣ, ҳам дур ва ҳам дар наздикӣ мебошад».
Ҷомеашинос Ф.В.Тейлор бошад, таснифи масофаро дар панҷ марҳилаи рушд пешниҳодҳо кардаст: таҳсили ғоибонаи классикӣ; истифодаи воситаҳои гуногуни яктарафаи интиқоли маводи таълимӣ; маводҳои чопшудаи иттилоотӣ, пахши мустақим ё сабтҳо дар ВАО; таълими дуҷонибаи синхронӣ бо истифодаи аудио ё видео; таълими асинхронӣ дар якҷоягӣ бо мултимедия интерактивӣ.
Таълими интеллектуалӣ, дараҷаи баланди автоматикунонӣ ва идоракунии асинхронии омӯзиши донишҷӯёни онлайн ва мултимедияи интерактивиро таъмин мекунад.
Маъруфтарин раванд солҳои охир дар мамлакатҳои пешрафта, ба монанди ИМА ва Аврупо ва як қатор кишварҳои Осиё, гирифтани диплом тавассути интернет ҳамчун манбаи таҳсилоти фосилавӣ мебошад. Барои фаҳмидани дараҷаи эътимод ба чунин технологияи таълими фосилавӣ ва сабабҳои афзоиши маъруфият аз љониби сотсиологони рус тадқиқоти озмоишӣ гузаронида шуд, ки дар он 147 нафар, аз 17 то 30-сола ширкат варзиданд.
Дар натиљаи тадқиқот, озмоиш ва љамъоварии пурсишҳо, муайян карда шуд, ки 41% пурсидашудагон то ҳол технологияҳои интернетиро ҳамчун манбаи таҳсилот истифода намебаранд, 16% видео-дарсҳо ва лексияҳои онлайнро тамошо мекунанд, 21% мунтазам аз порталҳои таълимӣ ва 10%-и боқимонда барномаҳои компютерии таълимиро истифода мекунанд.
Вақте ба савол дар бораи ҳадафи истифодаи компютер ва интернет барои омӯзиш пурсида шуд, посухи маъмултарин “барои рушди шахсӣ ва худомӯзӣ” буд (59%); 25% посухгӯяндагон манбаҳои интернетиро барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва 16% посух доданд, ки “ҳамчун ёвар дар гирифтани маълумоти олӣ” истифода бурданд. Интихоби манбаи таълимӣ дар байни мусоҳибон бештар ба меъёрҳои зерин вобастагӣ дорад: мундариҷаи мавод (26%), эътибори тренер ё омӯзгор (20%), имконияти гирифтани ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот, инчунин, гирифтани таҳсил ба таври ройгон ё ба маблағи ночиз (29%).
Интихоб ва манфиати гирифтани ин навъи таҳсилот бо сабаби дастрасӣ ва осонии истифода интихоб карда мешавад. Дар муҳити касбии ин формат П.Л.Пеккер чунин мешуморад, ки талабот ба таълими фосилавӣ ҳанӯз ташаккул наёфтааст, зеро ин формати нав аст, ки афзалиятҳо ва сифати онро бинобар омори нокофӣ ҳанӯз арзёбӣ кардан душвор аст. Инчунин, як қатор донишгоҳҳо формати таҳсилоти фосилавиро ҳамчун унсури ёрирасон дар раванди гирифтани дипломи ғоибона истифода мебаранд. Тадқиқот нишон дод, ки таҳсилоти фосилавӣ маъмул аст.
Дар соли 2009 Донишгоҳи давлатии нафту гази Тюмен (TyumGNGU) ба ташкили муҳити Интернет дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ шуруъ кард. Оғози татбиқи технологияҳои фосилавӣ дар тайёр кардани мутахассисоне, ки барои соҳаи фаъолият машғуланд ва барои вилояти Тюмен асосӣ мебошанд, гузошта шуд. Аз соли таҳсили 2010 донишгоҳ ба татбиқи омӯзиш барои донишҷӯёни ғоибона бо истифодаи технологияҳои фосилавӣ шуруъ кардааст. Таҳсилоти электронӣ бо ёрии технологияҳои таҳсилоти фосилавӣ сурат мегирад. Дар донишгоҳ муҳити электронии “Edumn” фароҳам оварда шудааст, ки ба таври мунтазам имкон медиҳад, ки истеҳсолотро қатъ накарда, тарбияи бакалаврҳо ва магистрҳоро амалӣ намоянд.
Дар мавриди ин низоми ҷадид директори Маркази таълими фосилавии Донишгоҳи давлатии нафту гази Тюмен мураккабии таъсиси чунин марказро қайд намуд, ки мушкилоти пешомада асосан аз ҷониби ҳайати омӯзгорон ба назар мерасид. Ҳамин буд, ки мо ба кушодани курсҳои такмили ихтисос дар самти «Омӯзгор (мураббӣ) – таҳсилоти фосилавӣ»-ро боз намудем. Имрӯз донишҷӯён мустақилона дар муҳити беназири электронии донишгоҳҳо аз омӯзиш ва санҷиш мегузаранд, аз омӯзгорон маслиҳат мегиранд, имтиҳонҳо ва тестҳоро ба таври интерактивӣ месупоранд.
Бояд дар хотир дошт, ки на ҳама намудҳои технологияҳои рақамӣ бо шаклҳои анъанавии таълим мухолифанд. Балки онро сифатан тағйир медиҳанд, вектори нави рушд ва ташаккули равишҳои инноватсиониро пешниҳод мекунанд, ки дар он вариантҳои омехтаи истифодаи технологияҳои таълимӣ низ имконпазиранд.
Муассисаҳои таълимии муосир, ки технологияҳои фосилавиро истифода мебаранд, айни замон дар шароити зарурии ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманди иҷтимоӣ қарор доранд, ки ба ноил шудан ба он мусоидат мекунанд. Ташаккули шарикии созанда, ки ба азнавсозии фаъолият мутобиқи талаботи субъектҳои ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти электронӣ равона карда шудааст, ба нигоҳдорӣ ва таҳкими афзалиятҳои рақобатии онҳо мусоидат мекунад. Умуман, истифодаи технологияҳои таҳсилоти фосилавӣ заминаи мусоидест барои имкониятҳои омӯзишӣ аз рӯи бисёр меъёрҳо маҳсуб меёбад. Аз ҷумла: Æ имкон медиҳад, ки ба донишҷӯёни равия, ихтисос ва самтҳои гуногун омӯзиш ташкил карда шавад; Æ касбият ва салоҳияти донишҷӯён тавассути истифодаи маълумот дар дохили фан дар хона баланд гардад;
Æ маълумоти ягонафазои рӯҳӣ;
Имконияти дигари таҳсилоти фосилавӣ дар он аст, ки барои донишҷӯ бидуни халал расонидан ба раванди кориаш (барои донишҷӯёни меҳнатӣ), хароҷоти захираҳои моддӣ аз қабили: иҷораи бино, барқ, пардохти соатҳои омӯзгор кам карда мешаванд. Ба интихоби васоити ҳозиразамони таълим бояд ҳамаҷониба муносибат кард, зеро ин як нуқтаи муҳим дар таълим мебошад. Технологияи педагогии дар таълим истифодашуда ба ҳалли масъалаҳои муайяни дидактикӣ равона карда шудааст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки имкониятҳои технологияи мушаххаси таълимро оқилона ва эҷодкорона арзёбӣ намуда, ҷиҳатҳои заифи онро ошкор ва дар куҷо татбиқ кардани онро беҳтар ба роҳ монем.
Идибек ГАДОЕВ –
ходими илмии шуъбаи таҳсилоти
ибтидоӣ ва миёнаи касбии
Пажуҳишгоҳи рушди маориф
ба номи АбдураҳмониҶомӣ