
Рушди босуботи ҳар як давлати пешрафта аз рушди маорифи он вобастагии амиқ дорад. Яке аз ҳадафҳои муҳимтарини давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ гардида, он то имрӯз чун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат қарор дорад. Чи тавре ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ иброз намуданд: “Мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”.
Қайд намудан бамаврид аст, ки дар давоми зиёда аз сӣ соли соҳибистиқлолӣ, раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромада бошад ҳам, имрӯз моро зарур аст, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода намудани кадрҳои баландихтисос, донандагони забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, инчунин, забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ тамоми таваҷҷуҳи худро равона сохта, дар азнавсозиву навовариҳои соҳа роҳҳо ва усулҳои муосирро ҷуста, роҳандозӣ намоем. Бо ворид гардидани ҷомеаи ҷаҳонӣ ба марҳилаи ҷаҳонишавӣ аз мо, аҳли маориф тақозо мешавад, ки дар боло бурдани завқу рағбати ҷавонону наврасон ба омӯзиши ҳама фанҳо, махсусан, риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ чораҳои таъхирнопазир андешем. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳо, ки зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 21 декабри соли 2021 дарҷ гардид, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли сипаригардида як қатор корҳоро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯй ба бозори меҳнат ба анҷом расонид.
Мусаллам аст, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, пеш аз ҳама, сатҳи касбият ва салоҳиятнокии худи омӯзгоронро баланд бардоштан лозим аст. Масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳама зинаҳои таҳсилот, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисоси ҷавобгӯй ба талаботи замон яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Бо таҳлили вазъи зинаи таҳсилоти касбӣ қайд намудан ҷоиз аст, ки айни ҳол теъдоди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба 62, таҳсилоти миёнаи касбӣ ба 82 ва олии касбӣ ба 44 муассиса расидааст. Дар маҷмуъ, дар муассисаҳои таҳсилоти касбии кишвар 354 149 донишҷӯй таҳсил дорад, ки ба онҳо 21 825 омӯзгор дарс мегӯянд. Шумораи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ нисбат ба соли 1991 1,6 баробар ва донишҷӯёни муассисаҳои олии кишвар сеюним баробар зиёд гардидааст. Дар замони истиқлолияти давлатӣ 19 596 нафар донишҷӯй тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриро хатм намуданд, ки аз онҳо 12 041 нафарро духтарон ва 7 555 нафарро писарон ташкил медиҳанд. Дар ин давра муасисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриро 238 551 нафар духтарон хатм намуданд. Айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 86 768 нафар духтарон таҳсил мекунанд. Мутаассифона, сол аз сол таваҷҷуҳи довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти тамоми зинаҳои касбӣ коста шуда истодааст. Ин раванд аллакай дар кишварҳои ҳамсояи дуру наздики мо, Россия, Қазоқистон, Белорус ва дигар давлатҳо қариб даҳ сол пеш оғоз гардида буд. Сабаби ин вазъ аз якчанд омил иборат буда, яке аз онҳо дар паст будани сатҳу сифати таҳсилоти касбӣ мебошад. Паст будани сифати таҳсилот монеа ба тайёр намудани мутахассисони баландпояи ҷавобгӯй ба талаботи муосир гардида, хатмкунандагон аз озмун ба ҷойҳои холӣ нагузашта, ба кор таъмин намегарданд. Ин аст, ки ба муҳоҷират рафта, тамоман самти дигари фаъолиятро ҳамчун коргари одӣ оғоз мекунанд. Ҷавонони лаёқатманду донишманд хоҳиши дар хориҷи кишвар таҳсил намуданро доранд. Дар бисёр маврид кишварҳои дуру наздик бо мақсади аз даст надодани довталабони лаёқатманд, ҳамзамон, нигоҳдории фаъолият дар муассисаҳои таҳсилотии худ, кӯшиш мекунанд, ки бо роҳҳои ҳавасмандгардонӣ мутахассисони ҷавони тоҷикро ба фаъолият ҷалб намуда, барои нигоҳ доштани онҳо тамоми шароитро муҳайё созанд. Ин аст, ки дар бисёр ҳолатҳо аз пеш омадани мушкилиҳои зиёд дар сатҳи зиндагии ҷавонон, пас аз хатм, ҳатто дар раванди таҳсил ҷавонони мо рӯй ба муҳоҷират меоранд.
Бо боло рафтани аҳолии кишвар, имрӯзҳо дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дида мешавад. Новобаста аз ин, қайд кардан ҷоиз аст, ки соли 2022 дар 16 муассисаи таҳсилоти олии кишвар, ки самти омӯзгориро дар бар мегиранд, теъдоди хатмкунандаҳо 14 468 нафарро дар бар мегирад. Аз ин теъдод 4751 донишҷӯ бо шакли буҷавӣ ва 748 донишҷӯй ба тариқи квотаи Президентӣ таҳсил кунанд. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки норасоии кадрӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, имрӯз дар умум аз теъдоди хатмкардандагон баръало кам аст. Вобаста ба ин, вазорат дар якҷоягӣ бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии самти омӯзгории кишвар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ин самт корҳои муштарак мегузаронанд. Масалан, ба ин хотир ситоди корӣ таъсис додааст, ки барои ҷобаҷогузории кадрҳои омӯзгорӣ, ҳамзамон, дастгирии иҷтимоии онҳо, ҳавасмандгардонии муаллимони ҷавон чораҳои мушаххас андешида мешавад. Ҳарчанд ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардида бошад ҳам, дар ин самт норасоии омӯзгорони асили фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дида мешавад. Барои аз байн бурдани ин мушкил Вазорати маориф ва илм аз оғози соли 2022 ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони соҳибкасбу ҷавобгӯй ба талаботи бозори меҳнат ҳамарӯза ҷидду ҷаҳд намуда, барои баланд бардоштани сифати таҳсилот тибқи Стандартҳои давлатии соҳа чораҳои таъхирнопазир андешида истодааст. Қабл аз ҳама, Вазорат тамоми кӯшиши худро ба он равона месозад, ки ба касбу кори омӯзгорӣ ҷавонони лаёқатманду донишманд, навовару ташкилотчиро ҷалб намуда, бо ин роҳ ҷиҳати барои баланд бардоштани мақому манзадати омӯзгор ҷораҳои тахирнопазир андешад. Ҳамзамон, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот дар тамоми зинаҳои таҳсилот омӯзгорон ва устодон ба такмили ихтисос фаро гирифта шуда, дар омӯзиши методика ва усулҳои нави таълим барномаҳои нави таълимӣ тартиб дода шуда истодаанд. Қайд намудан ҷоиз аст, ки истилоҳот ё ин ки азнавсозӣ аввал дар худи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф гузаронида мешавад. Устодони донишкадаи мазкур ба аттестатсия фаро гирифта шуда, сатҳи салоҳиятнокии онҳо санҷида мешавад. Ҳар устоди донишкада модулҳои таълимии омӯзиши усулҳои нави таълимии худро таҳия намуда, онро ҳимоя менамоянд. Тарзи дарсҳои ҳама фанҳо бо усулҳои нави таълим сабт ва ба тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҳамчунин, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ дастрас карда мешавад ва баъди соатҳои корӣ, тамоми муаллимон ва устодон раванди дарсҳоро бо усулҳои нав тамошо карда, онро дар раванди фаъолияти худ истифода мебаранд.
Тӯли чанд соли охир вобаста ба таълими салоҳиятнокӣ дар байни омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ курсҳои такмили ихтисос, семинару машваратҳо гузаронида мешавад. Новобаста аз ин, аз таҳлилҳо бармеояд, ки таълими салоҳиятнокӣ дар байни муассисаҳои таҳсилотӣ амалӣ нагардида истодааст. Усулҳои нави таълим, ки ба таълими салоҳиятнокӣ алоқамандӣ доранд, баръало барои бедор намудани қобилияти наврасону ҷавонон дар фикрронӣ, навоварӣ, ибрози фикру ақидаҳои худ, ҳамзамон, баланд бардоштани саводу пайдо намудани истеъдодҳои нав заминаи мусоид фароҳам меоварад. Дар ин ҷода барнома ва нақшаҳои таълимӣ таҷдиди назар карда шуда, дар ин раванд китобҳои дарсӣ низ бозбиниро талаб мекунад. Китобҳои дарсӣ на танҳо барои пешниҳоди маълумоти тайёр, балки пешниҳоди ақидаҳои мухталиф, бедор намудани фикрронии наврасону ҷавонон, ҳамчунин, қобилияти навоварии онҳо бояд равона карда шаванд. Дар ин раванд сатҳи касбияти омӯзгоронро тавассути курсҳои такмили ихтисос баланд бардоштан лозим аст.
Аз аввали соли таҳсили 2022-2023 барои баланд бардоштани сатҳи касбият ва маҳорати устодон дар Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони МТОК, ки дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, ки дар назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ амал мекунанд, бо ҷалби мутахассисони байналмилалӣ семинарҳои омӯзишӣ баргузор карда шуд. Дар семинар-машварат мавзуъҳои “Идоракунии сифати барномаҳои таълимӣ”, “Баланд бардоштани маҳорати омӯзгории омӯзгорони МТОК”, “Инноватсионикунонии раванди таълим” ва “Омӯхтани равишҳои инноватсионии омӯзиш ва таълим ва татбиқи таҷрибаҳои беҳтарини таълим дар МТОК” мавриди омӯзиш қарор дода шуда, барои салоҳиятнокии таълим, бозбинии барномаҳои таълимӣ ва барномаҳои фанҳои таълимӣ, арзёбӣ, истифодаи усулҳои фаъоли омӯзиш ва дар умум, барои баланд бардоштани малакаҳои таълимии омӯзгор таъсири мусбат мерасонад. Дар заминаи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос, дар ҳамкорӣ бо шабакаҳои телевизионӣ дар шакли электронӣ маводи таълимӣ омода карда шуд, ки 48 васоити таълимӣ ба самти тиббӣ ва 5 адад ба самти омӯзгорӣ рост меояд. Қайд намудан бамаврид аст, ки тамоми воситаҳои электронии таълим дар китобхонаи электронӣ ҷой дода шудаанд, ки ба онҳо тамоми муассисаҳои таълимӣ дастрасӣ доранд. Дар ин раванд дар муассисаҳои миёна ва олии касбии самти омӯзгорӣ барои ҳамаи омӯзгорон семинарҳои беруназсинфии гурӯҳӣ, бо тамошои сабти раванди дарсҳо бо истифода аз усулҳои нави таълим, на кам аз ду маротиба дар давоми ҳафта ташкил карда шуда, аз рӯйи иҷрои босифати семинарҳо назорат бурда мешавад.
Ҷалби хатмкунандагони болаёқат ба соҳаи омӯзгорӣ. Танҳо тавассути хонандаи аълохон дар оянда муаллими донишманд омода карда шавад.
Масъалаи асосие ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот мусоидат мекунад, боло бурдани мақому манзалати омӯзгор дар байни ҷомеа мебошад. Имрӯзҳо моро зарур аст, ки барои ҷалби ҷавонони лаёқатманду донишманд ба касби омӯзгорӣ тамоми чораҳоро андешем. Омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои тарғибу ташвиқ ва боло бурдани мақому манзалати омӯзгор ва дар ин ҷода ҷалби ҷавонони соҳибилму зираку чолок ба касби муаллимӣ вазифадор карда мешаванд. Ҷиҳати равона намудани шогирдони лаёқатманд ба пешаи омӯзгорӣ, барои устодон имтиёзҳо дода мешавад, ки ин барои ҳавасмандкунии онҳо мусоидат мекунад. Бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот, инчунин, мақому манзалати омӯзгор, масъалаи баргузор намудани сессияҳои санҷишию имтиҳонотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуд. Тавре маълум гардид, дар аксари муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ имтиҳонҳои ниҳоӣ танҳо ба таври тестӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ ба роҳ монда мешуданд, ки ин хилофи талаботи банди 79-и Низомномаи системаи кредитӣ мебошад. Таҳлилҳо нишон додаанд, ки бо назардошти ба ин тарз қабул намудани имтиҳонҳо сатҳу сифати таълим тағйир наёфта, аксарияти донишҷӯён дар сессияҳои фаъол қарздор монда, сатҳи сифати таҳсилот ва сатҳи донишазхудкунии донишҷӯён поён рафтааст. Имтиҳонҳои ниҳоӣ бе ҳузури ҳайати профессорону омӯзгорон ба роҳ монда шуда, масъалаи азхудкунии нақшаву барномаҳои таълимӣ ба дӯши кормандони марказҳои тестии назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вогузор карда шудааст. Дар робита бо ин, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, шуруъ аз нимсолаи дуюми соли таҳсили 2021-2022 вобаста ба талаботи барномаи таълимии фан ва хусусиятҳои касбии ихтисосҳо баргузор намудани имтиҳонҳо дар шакли шифоҳӣ, хаттӣ (60%) ва тестӣ (40%) ба роҳ монда шуд. Дар натиҷа, агар дар давраи аввали имтиҳон теъдоди зиёди донишҷӯён дар имтиҳони шифоҳӣ баҳои паст гирифта бошанд ҳам, дар оянда ин метавонад, барои рушд додани қобилияти фикрронӣ, навоварӣ ва дониши амалии онхо таъсири мусбатӣ расонад.
Дарёфт ва роҳандозии усулҳои нави таълим роҳи дигари баланд бурдани сатҳу сифати таҳсилот мебошад.
Имрӯзҳо дар тамоми зинаҳои таҳсилотӣ, ҳамзамон марказҳои назди вазорат, академия ва пажуҳишгоҳҳое, ки ба самти маорифи кишвар алоқамандӣ доранд, азнавсозиҳои куллӣ ба амал бароварда шуда истодааст. Дар мадди аввал бо истифода аз таҷрибаи бойи давлатҳои пешрафта роҳҳо ва усулҳои нави таълим дар муассисаҳои самти омӯзгорӣ муайян ва роҳандозӣ гардида истодаанд, ки натиҷаи он дар солҳои наздик муайян мегардад. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки бо мақсади тайёр намудани мутахассисони баландпоя барномаҳои таълимиро таҷдиди назар намудан зарур аст. Вобаста ба ин, дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии тамоми самтҳо тағйироти куллиро амалӣ намуда, дар раванди таълими муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба фанҳои тахассусӣ салоҳият ва имкониятҳои бештар дода мешавад. Вобаста ба таҳия ва пешниҳоди санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, дар ин раванд Кодекси маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, пас аз баррасии вазорату идораҳои дахлдор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардид. Дар Кодекси мазкур дар қатори дигар навовариҳо, таълимоти Дуалӣ қайд карда шуд, ки амалигардонидани ин шакли таълимот мумкин аст, аз ҳар ҷиҳат барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҳамбастагии илм бо истеҳсолот, инчунин, барои сарфа кардани маблағҳои муассисаҳои таҳсилотӣ заминаи мусоид фароҳам оварад. Ҷорӣ намудани таълимоти Дуалӣ, ҳамчунин, барои тайёр намудани мутахассисони баландпояи касбӣ шароит фароҳам меоварад. Дар ин раванд алҳол дар якчанд муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ гурӯҳҳои пилотӣ таъсис дода шуда, он дар доираи маблағҳои лоиҳаҳои бадастовардаи Вазорати маориф ва илм амалӣ карда мешавад. Сол аз сол раванди таҳия ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ мураккаб ва душвор гардида истодааст, ки ин барои коҳиш ёфтани теъдоди хоҳишмандоне, ки ба корҳои илмӣ даст мезананд, оварда мерасонад. Ҳамчунин, таҳлилҳо нишон медиҳад, ки 36 фоизи теъдоди унвони илмидоштаро синну соли аз 60-сола боло ташкил медиҳад. Бинобар ин, зарур аст, ки барои ҳарчи бештар ҷалб намудани довталабон маҳз аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд барои гирифтани унвону дараҷаҳои илмӣ ва ҷавон намудани сафи олимони кишвар чораҳои мушаххас андешида, раванд ва талаботи ҳимояи рисолаҳои илмиро сода гардонидан лозим аст. Дар ин раванд Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мазкурро дар Шурои ректорони МТОК мавриди баррасӣ қарор дода, аз ҷониби вазорат ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодот, ки аз 15 банд иборат аст, манзур намуда шуд.
Омода ва тарбия намудани кадрҳо дар хориҷи кишвар ва дар ин замина таъмин намудани соҳаҳои мухталифи халқи ҷумҳурӣ бо мутахассисони соҳибкасб пурра ҳанӯз ҳам роҳи ҳалли худро наёфтааст. Бо мақсади омодасозии мутахассисони барҷаста, тарбияи кадрҳои ҷавобгӯй ба талаботи бозори меҳнат дар муассисаҳои олӣ ва илмии давлатҳои хориҷи кишвар бо дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Вазорати маориф ва илм гурӯҳи кории байниидоравӣ аз ҳисоби мутахассисони масъули соҳавии вазорату идораҳо дар сатҳи роҳбарият таъсис дода шуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии тайёр намудани кадрҳо дар хориҷи кишвар мавриди таҳлил ва ва бозбинӣ қарор дода шуд. Гурӯҳи корӣ дар муддати муайянгардида ҳуҷҷатҳои дахлдори Маркази барномаҳои байналмилалиро таҳлил намуда, лоиҳаҳои санадҳоро ба Ҳукумати ҷумҳурӣ барои тасдиқ пешниҳод намуд. Моҳи ноябри соли 2022 санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Дар ин раванд барои тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм муваззаф гардида, барои ҷалби довталабон фаъолияти худро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа роҳандозӣ намудааст. Қайд менамоем, ки бо мақсади тайёр намудани мутахассисон аз тамоми минтақаҳои кишвар, Марказ бо муассисаҳои президентии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамкориҳои судмандро роҳандозӣ намуда, мунтазам озмунҳои қабулро мегузаронад. Дар заминаи ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ зиёда аз 123 созишномаи ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаи маориф, илм ва техника, инчунин, 83 созишномаи ҳамкории байниидоравӣ амал карда истодааст. Дар асоси ин санадҳо айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои хориҷӣ зиёда аз 34 004 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи ихтисосҳои барои иқтисодиёти миллии кишвар зарур таҳсил менамоянд.
Агар соли 2019 барои таҳсил ба давлатҳои хориҷӣ 5993 донишҷӯй, аз ҷумла ба Федератсияи Россия – 4237, Ҷумҳурии Халқии Хитой – 197, Ҷумҳурии Беларус – 8, Ҷумҳурии Казоқистон – 50, Ҷумҳурии Қирғизистон 25, Украина – 20, Туркия – 42, Ҷумҳурии Озарбойҷон – 4, Индонезия – 10, Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва – 5 ва давлатҳои дигар – 1400 донишҷӯй фаро гирифта шуда бошад, ин теъдод соли 2022 боз ҳам такмил дода шуда, аз 73 нафар гирандагони стипендиятҳое аз ҷониби Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илми давлатҳои хориҷӣ тасдиқ шуданд, 36 нафарашон дар зинаи бакалавр, 6 нафар дар зинаи магистратура, 23 нафар дар зинаи ординатураи клиникӣ, 7 нафар дар зинаи аспирантура ва 1 нафар дигар бошад, дар зинаи докторантура дохил шуда, ба таҳсил ба Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Англия, Испания, Аморати Мутаҳидаи Араб фиристода шуданд. Раванди таълими гирандагони стипендия ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази барномаҳои байналмилалӣ таҳти назорати қатъӣ қарор дода шудааст. Бо мақсади иҷрои дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни ҳол Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор феҳристи ягонаи донишҷӯёни тоҷикистониро, ки дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд, таъсис дода, барои ташкили махзани ягона тамоми чораҳоро андешида истодааст. Айни замон зарурат ба миён омадааст, ки мо як лоиҳаи нави миллии дарозмуддат “Дар бораи баланд бардоштани сифати таҳсилот ҳамчун омили “Миллати босавод”-ро, ки вобаста ба баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот дар тамоми зинаҳои таҳсилот равона карда мешавад, ба тасвиб расонда, барои амалӣ намудани он чораҳои мушаххас андешем. Бо дарназардошти он ки Вазорати маориф ва илм пешбарандаи сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таълиму тарбия, омода намудани мутахассисони ҳамаи соҳаҳои мухталифи ҷомеа маҳсуб меёбад, мебояд кормандони вазорат мебоист, аз он теъдоди мутахассисони соҳа ки аз ҷиҳати илмӣ такмилёфта ва дар таҷрибаи бою ғании соҳа бошанд. Бо мақсади ҷалби мутахассисони баландпояи соҳа унвони илмидошта пешниҳод мегардад, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳо ворид намудан ҷиҳати ба кормандони дастгоҳи марказии ВМИ ҶТ меъёри 30 фоизаи иловагӣ ба музди маош аз дараҷа ва унвони илмӣ татбиқ карда шавад.
Ҳамзамон, бо мақсади ҷалби ҷавонон ба зинаҳои таҳсилоти касбӣ ва баъдидипломӣ барои ворид намудани тағйирот ба Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ҷиҳати додани имтиёзҳо ба донишҷӯёни зинаи магистратура, ҳангоми таҳсил ҷалб нагардидани онҳо ба хизмати ҳарбӣ, ҳамзамон, ба муаллимони шаҳру маҳал, ки дар МТМУ ба фаъолияти омӯзгорӣ машғуланд, чораҳои амалӣ андешидан зарур аст. Вобаста ба масъалаҳои мазкур аз ҷониби Вазорати маориф ва илм таҳлилҳо гузаронида шуда, барои амалӣ намудани онҳо чораҳои мушаххас андешида мешаванд.
Лутфия АБДУЛХОЛИҚЗОДА –
муовини вазири маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
доктори илмҳои педагогӣ