
Пойдории давлат ва таҳкими асосҳои сохтори конститутсионии он ҳадафҳое мебошанд, ки бо сиёсати созанда дар муносибатҳои дохилӣ ва хориҷӣ, рушди бомароми низоми иқтисодӣ, пешрафти мунтазами ҳаёти иҷтимоӣ, таъриху фарҳанги пурғановат, рӯҳияи созандаи халқу худшиносии миллӣ таъмин ва кафолат дода мешаванд. Асоси мафкураи миллиро худшиносии миллӣ ташкил дода, он шарти зарурии ҳастии миллат ба шумор меравад.
Худшиносии миллӣ – маҷмуи ҷаҳонбинӣ, худогоҳӣ, арзишу баҳогузориҳо ва муносибатҳое мебошад, ки аҳамияти бузурги таърихӣ доштани миллатро ифода карда, мақоми миллатро дар байни дигар қавму миллатҳо нишон медиҳад. Худшиносии миллӣ шарти зарурии ҳастӣ ва як ҷузъи асосии рушди миллат буда, сатҳу дараҷаи он аз рӯи ченаке муайян ва муқаррар карда мешавад, ки то чӣ андоза аҳли ҷомеа ба манфиати миллату ватан фаъолият ва фидокориҳо карда метавонанд. Худшиносии миллӣ асоси ҳаёти маънавии афроди миллатро ташкил медиҳад. Худшиносии миллӣ аз худшиносии афроди алоҳида шуруъ гардида, дуввумӣ дар шаклгирии худшиносии миллӣ саҳми азим дорад. Худшиносии афроди алоҳида, ҷавоб ёфтан ба пурсишҳое мебошад, назири: «ман кистам?», «асли ману ҷавҳари ман чист?», «падару модарам кистанд?», «миллатам чист?», «аз куҷо омадаам ва ба куҷо хоҳам рафт?», «роҳи ман кадом аст?», «рисолатам чист?» ва ғайра. Вақте ки инсон ба ин гуна пурсишҳо посухҳои аниқу комил ё наздик ба он дарёфт менамояд, шуруъ ба бунёди зиндагии солиму комил менамояд ва дар истеҳкоми бинои миллати хеш саҳм мегирад ва дар байни худшиносиии хешу миллати худ пуле бунёд месозад. Ва ниҳоятан, худшиносии миллӣ ва худшиносии афроди алоҳида ҳар яке такомулбахшандаи дигаре мегардад. Бояд бигӯем, ки худшиносӣ аслан оғози ҳама гуна шинохтҳо мебошад. Аслшиносӣ, Худошиносӣ, ҷаҳоншиносӣ, худшиносии миллӣ ва даҳҳо шинохти дигар аз худшиносӣ сарчашма гирифтаанд. Худшиносии миллӣ авҷи баланди худшиносии фардӣ дар шакли густурдаву расмии он мебошад, ки фард дар бархӯрд бо худшиносии қавму миллатҳои дигар баҳри ҳимояву нигоҳ доштани ҳуввият ва арзишҳои касбкардаи хеш ҷаҳду талошҳои зиёде ба харҷ хоҳад дод.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ҳафт самти рушди давлатдории миллии худро муқаррар намудааст, ки заминаи онҳоро асосан арзишҳои иҷтимоии мафкуравӣ (идеологӣ) ташкил медиҳанд. Мафкураи миллӣ таҳкурсиест, ки асоси он дар давлатдории миллӣ рушд мегирад (Дар Луғати русӣ – тоҷикӣ, ки муҳаррири масъул, шодравон М.Осимӣ мебошад, вожаҳои идеология ва идея ба маънои идеология, идея, ғоя, мафкура, ақида омада, дар мақола низ ҳаммаъно истифода бурда шудаанд). Муайян намудани вазъи идеявии давлат матлаби муборизаи тезу тунди сиёсӣ буда, то имрӯз мушаххас ва пурра ҳамчун низом дар ягон санади ҳуқуқӣ мустаҳкам карда нашудааст. Олими рус И.В. Якунин ба мавқеъ қайд намудааст: «Бе идеяи миллӣ ҳеҷ як миллат таърихан устувор ва побарҷо буда наметавонад». Сотсиологи немис ва бритониёӣ К. Мангейм чунин овардааст: «Дар давлат ва ҷамъият мавҷуд набудани мафкураи роҳбарикунанда, муттаҳидкунанда ва сафарбаркунандаи одамон барои бадастоварии мақсадҳои ҷамъиятӣ, давлат ва ҷамъиятро оморфӣ (сохтори вайрон) мекунад, ки дар он ҳар кас мақсад ва манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳии худро дунбола гирифта, аз масъулияти иҷтимоӣ ва ояндаи давлат канора мегирад».
Ба ақидаи Ю.С.Иванова, вобаста ба таъйиноти худ се самти идеяи миллӣ вуҷуд дорад: якум, шинохти умумияти миллӣ; дуюм, таъйиноти асоснок ва маънии мавҷудияти миллат; сеюм, сохтори идеали миллии худ, ки гузашта, ҳозира ва ояндаи миллатро дар якҷоягӣ муттаҳид мегардонад. Ғояи миллӣ бо ифода кардани арзишҳои моддиву маънавӣ ду давра – гузашта ва ояндаро дар бар гирифта, вобаста ба марҳилаҳои рушди давлатдорӣ моҳиятан тағйир ёфтааст, ки давраи аввал барои худшиносии миллӣ ва дуюм барои муқарраркунии ҳадафҳои олии миллат вобаста мебошанд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид қайд намудаанд, ки: «Бе донистани таърих худшиносии миллӣ вуҷуд надорад, ватандӯстӣ нест, ворисияти наслҳо имкон надорад. Бе гузаштаи таърихӣ ифтихори миллӣ ба худпарастии миллӣ ва ватанпарастии дурӯғин табдил меёбад».
Дар ин маврид Д. А. Кириллов қайд менамояд, ки: «Ҳифзи таърих низ ба сифати идеяи миллӣ эълон дошта мешавад». «Гузаштаи пурифтихор, одамони бузург – ба ақидаи Ж.Э. Ренан, – сармояи муҳимест, ки дар асоси он идеяи миллӣ ташаккул меёбад».
Ё худ дар яке аз суханрониҳои худ собиқ Президенти ИМА Барак Обама «аз ёд набаровардани уқубати миллӣ… ва ояндаи дурахшони Амрико» – ро ҳамчун меҳвари идеяи миллӣ эълон дошта буд. Азиятҳои дар тӯли таърих дидаи яҳудиён ин миллатро ба ғояи ягона оварда, онро соҳибдавлату неруманд гардонид. Агар азият ва уқубати миллат яке аз асосҳои ғоявии ташкилёбӣ ва пойдории давлати миллӣ намебуд, шояд Қаҳрамони халқи тоҷик Садриддин Айнӣ асарҳои «Ҷаллодони Бухоро», «Одина», «Дохунда», «Ғуломон», «Мактаби кӯҳна», «Ятим» ва «Ёддоштҳо»-ро ҳам наменавишт. Бинобар ин, ғояи миллӣ аз оғози давлатдории халқи тоҷик то даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳарчанд баъзе унсур ва арзишҳои худро тағйир дода бошад ҳам, вале ғояи олӣ – мубориза барои ҳастии миллат ва бартарафсозии хавфи азбайнравии давлат ҳамоно боқӣ мондааст. Хусусан, аз лаҳзаи зуҳури худ (авлодони) халқи тоҷикро дар ҳайати давлатҳои шоҳаншоҳии мутлақи динӣ (теократӣ) – бохтариҳо, ҳахоманишҳо, кӯшониҳо, сосониҳо, тоҳириён, саффориён, сомониён, ғазнавиён, ғуриҳо, куртҳои Ҳирот ва сарбадориҳо, ва баъдтар дар ибтидои асри ХХ дар ҳайати Иттифоқи Шуравӣ ҳамчун ҷумҳурии Шуравӣ то Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон низ метавон ҳамчун як навъ давлатдории тоҷикон дар аҳди сулолаҳои гуногун ва давлати иттифоқӣ маҳсуб донист.
Сабаби асосии расидан ба созиш дар музокироти миёни тоҷикон дар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ (1997) низ, пеш аз ҳама, дарки хавфи нобудшавии миллат ва давлати тоҷикон маҳсуб меёфт. Дар солҳои 90-ум, дар рафти кори Комиссияи конститутсионӣ масъалаи тарҳрезӣ ва таҷассуми идеологияи давлатӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳси доманадор қарор гирифта буд. Бо таҳлили пешниҳодоти гурӯҳҳои корӣ ва ташаббускорон Сардори давлат чунин таъкид карда буданд: «Мо бояд расман эътироф кунем, ки давлат ба сифати созмони сиёсии ҷомеа дорои идеологияи махсусу мустақили худ мебошад. Конститутсияи давлат идеологияи онро муайян менамояд. Ба ибораи дигар, Конститутсия идеологияи давлати ҳуқуқбунёдро бо тамоми унсурҳояш мустаҳкам мекунад».
Воқеан, дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад ва арзишҳои мафкуравие, ки дар Конститутсия сабт шудаанд, хусусияти умумӣ дошта, манфиати ҳеҷ гуна гурӯҳ ё ҳизбу созмонҳои ҷудогонаро ифода намекунанд. Дар асл бошад, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ё худ гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ низ дорои мафкураи худ набуда, баръакс, худи онҳо ягон намуд мафкураи сиёсиеро (сотсиал – демократӣ, либерализм, коммунизм, натсионализм (миллатгароӣ), консерватизм…) пайравӣ мекунанд. Бинобар ин, дар заминаи чунин эътироф минбаъд идеологияи давлати ҳуқуқбунёд ҳамчун идеологияи конститутсионӣ ба таври консептуалӣ дар санадҳои ҳуқуқӣ тарҳрезӣ мегардад. Ҳарчанд мафҳуми назорати ғоявии конститутсионӣ имрӯз аз истифода берун монда бошад ҳам, вале моҳиятан арзишҳои конститутсионӣ дар сатҳи қонунгузории миллӣ ва дигар санадҳои расмӣ ҳифз карда мешаванд. Хусусан, дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун таҷассумгари аксиологияи конститутсионӣ аз арзишҳои (идеологӣ) – эҳсоси қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон будан; дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда худро масъул ва вазифадор донистан; дарк кардани таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли он; муқаддас шуморидани озодӣ ва ҳуқуқи шахс; эътироф намудани баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳо; вазифаи худ қарор додани бунёди ҷомеаи адолатпарвар оғоз гардида, моҳиятан заминаҳои сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва башардӯстонаи санадҳои ҳуқуқиро ташкил медиҳанд. Вобаста ба муҳимияти муаммои идеяи миллӣ, мебояд ба методологияи ин падида назар афканд, ки дар заминаи фалсафа алоқамандии ягона, махсус ва умумиро меомӯзад. Ба ақидаи олими рус В. А. Михайлов, «Дар ин силсила ягона – ин ман, шахсият, инсон; махсус – ин миллат, халқ ва умумӣ бошад – ин давлат ё ҷамъияти шаҳрвандӣ, ё худ тамаддуни ҷаҳонӣ, арзишҳои умумиинсонӣ ба ҳисоб мераванд».
Аз ҳамин лиҳоз, таҳти мафҳуми идеология, пеш аз ҳама, на мафкураи сиёсӣ, балки низоми ғояҳо, самтҳои арзишнок фаҳмида мешавад, ки дар онҳо ғайр аз арзишҳои сиёсӣ – эстетикӣ, ахлоқии хусусияти инсондӯстии умумиинсонӣ мавҷуд аст. Қобили қайд аст, ки асоси идеяи миллиро ҳамкории мутавозуни шахс, ҷамъият ва давлат ташкил медиҳад. Бо ҳамин асос идеяи миллӣ метавонад, ки аз зинаи поён, аз тафаккури халқ сарчашма гирад ва ё худ аз боло ҳамчун низоми демократияи марказонидашуда то поён таҳмил карда шавад. Иерархияи идеяи миллиро аз поён субъектон – шахс, миллат, халқ (ҷамъият) ташкил медиҳанд, ки онҳо тариқи ҳолати рӯҳии худ (шуури созанда, тафаккури давлатӣ, яъне муносибат аз нигоҳи манфиатҳои давлат) бо роҳу усул ва механизмҳои хоси худ (баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, худшиносии миллӣ, истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, тақвияти ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ (патриотизм), аз байн бурдани худкамбинии миллӣ) ба ҳадаф ва мақсадҳои олии миллӣ (эҳёи миллӣ ва эҳсоси ҳастии миллат, таҳкими давлатдории миллӣ, бунёди ҷомеаи адолатпарвар, таъмини тарзи ҳаёти осоишта) мерасанд. Агар бо таври дигар гӯем, мафҳуми идеяи миллӣ категорияи ҷузъ буда, ифодакунандаи идеяи ягона – расидан ба сатҳи шоистаи зиндагӣ ва шароити мусоиди иҷтимоӣ барои ҳар фарди ҷомеа мебошад. Арзишҳои дигар ҳамчун унсурҳои таркибӣ, пурракунанда ва пешбарандаи идеяи ягонаи миллӣ баромад мекунанд. Муҳтавои ин низомро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ифода намудаанд: «Ҳар як сокини кишвар, сарфи назар аз мансубияти милливу динӣ ва ақидаи сиёсии худ бояд дарк намояд, ки ҳам рушди ҷомеа ва ҳам умеду орзуи ӯ фақат дар сурати пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ амалӣ шуда метавонад». Дар баёни мавқеи он бошад, ҳамчун дастоварди бузурги миллат таъкид кардаанд, ки: “Акнун замони он расидааст, ки консепсияи ваҳдати миллӣ ҳамчун қисми таркибиву тавонбахши андешаи миллӣ таҳкиму тақвият бахшида шавад ва ҳар як шаҳрванди худогоҳу худшиноси кишвар бояд ба қадри ин неъмати муттаҳидсози ҷомеа расад ва онро гиромӣ дорад».
Дар раванди пешбурди идеяи миллӣ, вобаста ба вазъи геополитикӣ ва сиёсии минтақавиву дохилидавлатӣ дар ин низом идеяҳои нав ва рӯзмарра низ ба миён меоянд. Чуноне ки олими рус О. Бочаров «механизми умумидавлатии баромад аз буҳрон»-ро ҳамчун идеяи миллӣ дар вазъияти буҳрони ҷаҳонӣ пешниҳод намудааст. «Меҳнати инсон низ барои он аст, ки, – менависад Карл Мангейм, – то аз шароити мавҷуда идеяҳои нав ва аз идея – шароитҳои нав ба миён оянд”.
Омӯзиши иерархияи идеологияи миллӣ дар навбати худ ташреҳи баъзе унсур ва мафҳумҳоро тақозо менамояд. Якум, хусусан, ба сифати субъектони бевоситаи идеологияи миллӣ баромад намудани шахс, миллат, халқ (ҷамъият) метавонад дар назари аввал шубҳаеро ба миён орад, ки оё мафҳумҳои миллат ва халқ гуногун нестанд? Мафкураи шахс (ҷузъ) дар кадом ҳолат метавонад фарогири мафкураи миллӣ (кул) гардад?
Нахуст метавон қайд намуд, ки идеяи миллӣ баъзан аз таълимот ва мактаби сиёсиву ҳуқуқии шахсони алоҳида сарчашма мегирад. Масалан, идеологияи голлизм, ки ҳамчун идеологияи сиёсии Фаронса машҳур аст, аз ғоя ва амалҳои генерал Шарл-де-Голл асос ёфтааст. Таълимоти Сун Ятсен «се принсипи халқӣ» дар Тайван ва назарияҳои асосгузори Ҳизби африқоии истиқлолияти Гвинея ва Кабо-Верде (ҲАИГК) Амилкар Кабрал дар Гвинея – Бисау амал мекунанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вожаи «давлатӣ» дар Луғати оксфордӣ «nation» тарҷума шуда, идея бошад, амсоли вожаи англисии «idea» омадааст. Яъне дар маҷмуъ, бо мазмуни васеаш мафҳуми «давлат» ифодакунандаи «миллат» (давлати миллӣ) мебошад.
Вобаста ба қиёси мафҳумҳои «халқ» ва «миллат», метавон иброз намуд, ки ҳарчанд баранда ва сарчашмаи ягонаи ҳокимият дар давлат халқ бошад ҳам, вале дар бисёр ҳолатҳо барои ифодаи он мафҳуми «миллат» низ истифода бурда мешавад. Мафҳуми «миллат» одатан дар ду шакл – ҳамчун категорияи иҷтимоӣ («Volknation» – ягонагии пайдоиш, забон, хун ва хешовандӣ) яъне миллати табиӣ ё худ ҳамчун категорияи сиёсӣ (Staatnation – ягонагии сиёсии шаҳрвандӣ) яъне миллати сиёсӣ расман истифода бурда мешавад. Вобаста ба таҳаввулоти идеяи миллӣ бошад, нисбат ба давраҳои давлатдории сулолавӣ дар давлати демократӣ хусусияти сиёсиро низ дар худ зоҳир менамояд. Гарчанде дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаи ягонаи ҳокимият «халқ» эътироф гардида бошад ҳам, вале дар таҷриба одатан вожаи «миллат» маъмулан истифода бурда мешавад – давлати миллӣ, амнияти миллӣ, фарҳанги миллӣ, худшиносиву ифтихори миллӣ ва ба ин монанд. Ақидаҳое низ вуҷуд доранд, ки истифодаи вожаи «миллат» ба ҷойи «халқ» оё бар хилофи муқаррароти Конститутсия ва дар маҷмуъ, қонунгузорӣ нест? Оё вожаи «миллат» метавонад, ки сарчашмаи ҳокимиятро ифода кунад, ё худ кадоме аз ин вожаҳо дар муносибати пешбурди ҳокимият субъекти фодакунанда мебошад? Аз нигоҳи таълимоти сотсиологияи ҳуқуқӣ, истифодаи вожаи «миллат» ба ҷои «халқ» муқаррароти Конститутсия ва ё мазмуни меъёр коҳиш намеёбад. Чуноне ки Конститутсияи Фаронса ба сифати сарчашмаи ҳокимият «халқи фаронсавӣ»-ро эътироф намуда, ҳамзамон дар дебочаи худ ба принсипҳои «соҳибихтиёрии миллӣ»-и дар Эъломияи соли 1789 ва баъдан дар дебочаи Конститутсияи соли 1946 тасдиқгардида такя намудааст. Ба ҳамин монанд дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳумҳои «манфиати халқ» (моддаи 13), «халқи Тоҷикистон» (моддаи 6), «амнияти шаҳрвандон» (моддаи 46), «Суруди миллӣ» (моддаи 3), «Маҷлиси миллӣ» (моддаи 49) оварда шуда бошанд ҳам, вале сухан, умуман, дар бораи аҳолии ягонаи Тоҷикистон меравад. Дар фарқият ба ҳолати якум дар консепсияи сохибихтиёрӣ се намуди соҳибихтиёрӣ (давлатӣ, халқӣ ва миллӣ) шинохта шудааст, ки баъзан ин се субъект наметавонанд, ки ифодагари маънои ягона бошанд. Дар Конститутсияи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ низ эҷод гардидани мафҳуми «умумияти нави таърихӣ – халқи сермиллати шуравӣ» дар намуди худ ягона буда, дар таҷрибаи конститутсионии ягон давлати дунё дида намешуд. Ҳамин буд, ки пас аз пошхӯрии Иттифоқи Шуравӣ имрӯз нафаре худро аз халқи собиқ Шуравӣ намеҳисобад. Ин ҳолат аз нигоҳи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин баҳо дода шудааст: «эҳсосоти миллӣ метавонад ду паҳлӯ дошта бошад: заминаи боэътимоди худшиносии миллӣ гардад, ё боиси падид омадани миллатгароии харобиовар шавад».
Дар маҷмуъ, метавон тазаккур дод, ки дар муносибати шинохт ва пешбурди идеяи миллӣ мафҳуми «миллат» бо мафҳумҳои «давлат» ва «халқ» тавъам буда, баҳри ҳифзи мустақилияту ягонагии давлат мо, халқи Тоҷикистонро низ мебояд ҳамчун як миллати дорои умумияти манфиатҳои иҷтимоиву сиёсидошта – миллати тоҷик (миллати (халқи) Тоҷикистон) баромад намоем.
Дуюм, ҳувияти миллӣ, худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ дар кадом замина тақвият меёбад?
Дар муносибатҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ва шинохти арзишҳои миллӣ одатан мафҳумҳои идеяи миллӣ, ҳуввияти миллӣ, сиёсати миллӣ, манфиати миллӣ, тафаккури давлатӣ (аз нигоҳи манфиатҳои давлат) истифода бурда мешаванд. Албатта, ҳамаи ин мафҳумҳо унсурҳои низоми ягонаи идеологияи миллӣ буда, пурракунандаи ҳамдигар маҳсуб меёбанд. Бинобар ин, донистан, дарк кардан ва дуруст истифодаву амалӣ намудани онҳо ҳамчун пойдевори амнияти миллӣ дар давлат ниҳоят муҳим мебошад. Муҳимияти идеяи миллӣ як навъ раванди серҷабҳа ва ба ҳам зидро мемонад, ки дар рафти он идея баъзан шакли худро дигар карда, муайян намудани тарҳи муосир ва сарҳади мавҷудияти онро мушкил мегардонад. Чунончи, агар соҳаи илму фарҳанг ба саволҳои «мо кӣ ва чӣ гуна ҳастем?», «Аз дигарон чӣ фарқият дорем», ҷавоб мегуфта бошад, пас, сиёсат атрофи саволҳои «чӣ кор бояд кард?», «чӣ тавр бояд зиндагӣ намуд?» сару кор мегирад. Инсон ҳамчун арзиши олӣ ба ҳаёт асосан бо ченаки манфиат муносибат мекунад. Манфиат ҳамчун категорияи ҳуқуқӣ, сотсиологӣ, фалсафӣ ифода ёфтааст, ки қисме танзими ҳуқуқӣ ёфта, қисми дигар тариқи танзимкунандагони иҷтимоӣ ба роҳ андохта мешаванд. Қисми дигар тариқи қонун вобаста ба макон, вақт ва замон амалӣ мегарданд, ё худ тамоман манъ карда шудаанд.
Доираи манфиат вобаста ба субъект: васеъ – миллат, халқ, давлат, ҷамъият; миёна – маҳал, гурӯҳҳои хурди иҷтимоӣ (худидоракунии маҳаллӣ, худфаъолияти ҷамъиятӣ, хоҷагидорӣ…); хурд – оила ва вобаста ба матлаб – мафкуравӣ (динӣ, ҳизбӣ, мазҳабӣ…) ва ғайримафкуравӣ (касбукорӣ, иқтисодӣ…) мешаванд. Мақсад ва ҳадафҳои мо дар доираи манфиатҳои мо маҳдуд мешаванд, ки бо хусусиятҳои шахсӣ, гурӯҳӣ (ҷамъиятӣ) ва давлатӣ мукаммал гардонида мешаванд. Объекти кори рушди иҷтимоӣ, равшаннамоӣ ва тарбияи мафкура низ, пеш аз ҳама, дар дарёфти нуктаи бархӯрди манфиатҳои шахсӣ, гуруҳӣ ва давлатӣ зоҳир мегардад, ки онро метавон дар “умумият” ҷуст. Дар масоили ташкили меҳвари ягонаи таъминкунандаи ваҳдату ягонагӣ ва ҳамзистии осоишта кӯшишҳо бисёранд, вале набояд фаромӯш кард, ки то ба тариқи консептуалӣ умумияти миллӣ коркард ва роҳандозӣ нагардад, зарфиятҳои дигар низ моҳияти худро гум мекунанд. Умумият метавонад нажодӣ, халқӣ, миллӣ, шаҳрвандӣ, динӣ, мазҳабӣ, маҳаллӣ ва ба ин монанд бошад, ки аз лиҳози манфиатҳои сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ онҳоро бо ҳам муттаҳид мегардонад. Хусусан, «умумияти дин» низ ба андешаи Ренан барои тамоми аҳолии давлат, яке аз меъёрҳои миллатсозӣ ба шумор меравад. Зеро яке аз сабабҳои фаношавии Шарқ, ба ақидаи сиёсатшиносон, ин ба миён омадани «сиёсати туркии тақсим намудани мардум дар асоси дин» ба ҳисоб меравад.
Ҳарчанд ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо бошанд ҳам, вале дин ҳамчун арзиши фарҳангӣ як ҷузъи муҳими идеяи миллиро ташкил медиҳад. Бо ҳамин мазмун Пешвои миллат қайд намудаанд, ки «Воқеан, дар ҳолате, ки 99 фоизи аҳолии кишвари мо пайрави дини мубини исломанд, арҷгузорӣ ба он ҳамчун сарчашмаи бузурги ахлоқиву маънавӣ як амри муқаррарист».
Хусусан, мазҳаби ҳанафия, ки асосгузори он фарзанди миллати тоҷик, олими фиқҳ Абуҳанифа ибни Собит, маъруф бо номи Имоми Аъзам ҳамчун яке аз равияҳои бонуфузи аҳли суннату ҷамоат эътироф гашта, аз замони зуҳури худ то имрӯз аз Куфа то Африқо, Осиёи Марказиву Чин, Россияву Аврупо паҳн шуда (60 фоизи мусулмонони ҷаҳон дар мазҳаби ҳанафӣ ҳастанд), дар конститутсияҳои бисёр кишварҳои исломӣ ҳамчун мазҳаби расмӣ шинохта шудааст. Ва маҳз ба шарофати арзишҳои бунёдии мазҳаби ҳанафӣ ҳуввияти миллии бисёр қавму халқҳо, аз ҷумла, тоҷикон дар тӯли 1300 соли охир ҳифз гардидааст. Бо мақсади таҳкими ин умумияти фарҳангӣ дар дебочаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» чунин ишора омадааст: «Бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин, баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод, дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон, Қонуни мазкур қабул карда мешавад».
Ишораи нақши махсуси мазҳаби ҳанафӣ, маънои афзалият додан ба як мазҳаб ва маҳдуд кардани дину мазҳабҳои дигарро надорад. Ин амал як навъ бузургдошти хотири Имоми Аъзам, баландбардории ифтихори миллӣ, муаррифии миллат, ҳифзи ягонагии фарҳангӣ ва кӯшиши таъмини ҳамзистии осоиштаи шаҳрвандон дар асоси арзишҳои умумибашарӣ мебошад.
Тарзи ҳаёти осоишта ҳамчун ғоя ва ҳадафи олии миллӣ маҳсуб меёбад, ки танҳо дар сурати ба таври силсилавӣ истифода, риоя ва иҷрои унсурҳои он метавон ба сатҳи ин арзиш расид. Чуноне ки дар таъмини тарзи ҳаёти солим, пеш аз ҳама, маърифати санитарию эпидемиологӣ, экологӣ ва донистани донишҳои зарурӣ оид ба солимнигоҳдории ҷисму рӯҳ ва пешгирии бемориҳо тақозо мешаванд, тарзи ҳаёти осоишта низ усул, услуб ва унсурҳои муайяни худро дорад. Ҳатто дар 12 усули тарзи ҳаёти солими пешниҳоднамудаи академик, ҷарроҳи машҳур Ф. Г. Углов, ки худ 104 сол умр дида, номаш дар «Китоби рекордҳои Гиннес» дарҷ ёфтааст, усули аввал «Ватанро дӯст дор!» омадааст. Яъне муҳаббат ба Ватан – мояи саодат ва ҳаёти солиму осоишта эътироф гаштааст.
Агар имрӯз аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ, фаъолияти 16 гурӯҳ ва ҳизбу ҳаракат ҳамчун созмони ифротгарои террористию экстремистӣ манъ карда шуда бошанд ҳам, вале ғояи ин гурӯҳҳои тундгарои сиёсӣ – аз байн бурдани давлати миллии соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёду дунявӣ, ва демокративу иҷтимоӣ дар замири таълимоти онҳо барои зуҳури ҷадиди онҳо боқӣ мемонад. Таҷриба нишон дод, ки аъзо ва ҷонибдорони ин гурӯҳҳо ба монанди гургоне ҳастанд, ки пӯсти худро дигар мекунанд, на табиаташонро. Онҳо ҳар рӯз бо ниқоби нав ба ҷомеа ва мафкураи одамон ҷой мегиранд. То ошкор ва исбот гардидани нияту амалҳои ғайриқонунии онҳо аллакай якчанд шаҳрванди сустирода ба доми гумроҳиву фиреб меафтанд.
Дар маҷмуъ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуқтаи болоии мафкураи миллиро ҳамчун самти асосӣ ва афзалиятноки фаъолияти тамоми ниҳодҳои давлативу ҷамъятӣ чунин муаррифӣ намудаанд: «Ҳадафи аслии мо расидан ба сатҳи шоистаи зиндагӣ ва шароити мусоиди иҷтимоӣ барои ҳар фарди ҷомеа мебошад».
Абдусаттор ОДИНАЕВ –
мудири кафедраи таҳсилоти касбии
Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос
ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф,
номзади илмҳои фалсафа, дотсент,
Абдулло ОРИФОВ –
мудири шуъбаи омӯзиши фанҳои дақиқ
ва табиатшиносии АТТ,
номзади илмҳои химия