Skip to content
Маорифи Тоҷикистон

Маорифи Тоҷикистон

Маҷаллаи илмӣ, маърифатӣ ва таълимию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Primary Menu
  • Асосӣ
  • МУҚАДДАСОТ
  • Дар бораи мо
    • Таърихи маҷалла
    • Ҳайати мушовара
    • Ҳайати таҳририя
  • САНАДУ МЕЪЁРҲО
    • Қонунҳо
    • Қарору фармонҳо
    • Фармоишҳо
    • Консепсияҳо
    • Барномаҳо
    • Дастурҳо
    • Низомномаҳо
    • Конвенсияҳо
    • Роҳнамои омӯзгор
  • МАҚОЛАҲО
    • Сиёсӣ
    • Илмӣ
    • Таълимӣ-методӣ
    • Таҳлилӣ
    • Оммавӣ
    • Минбари баҳс
    • Мусоҳиба
    • Чеҳра
  • Шумораҳои маҷалла
    • Шумораҳои маҷалла дар PDF -2021
    • Шумораҳои маҷалла дар PDF -2020
    • Шумораҳои маҷалла дар PDF -2019
  • КИТОБХОНА
  • ТАЛАБОТ
  • ТАМОС
  • Home
  • Мақолаҳо
  • Оммавӣ
  • МУДИРИЯТИ ЗАМОН
  • Мақолаҳо
  • Оммавӣ

МУДИРИЯТИ ЗАМОН

Admin 10.09.2021 Диданд: 648 нафар
Дӯсти хубам!
Вақт бузургтарин ва гаронбаҳотарин неъматест, ки дар ихтиёри инсоният гузошта шудааст. Дар урфият мегӯянд, ки “вақт тиллост”, аммо вақт арзишмандтар аз тиллост, зеро ҳар лаҳзаи ҳаёти инсоният ба вақт вобастагӣ дорад, на ба сарвату дороӣ. Вақт хусусиятҳои мунҳасир ба фарде дорад, ки бо он фарқ мекунад ва лозим аст онро ёдоварӣ кунем, то бошад, ки аҳамияти онро дарк намоем. Вақт зудгузар аст, мисли абр мегузарад, мисли шамол медавад. Ба ёд дошта бош, ки ҳар лаҳзаи вақт, ки сипарӣ мешавад, баргаштанӣ нест, мисли дарё ва ин яке дигар аз хусусиёти вақт аст. Ҳар соат, ҳар дақиқа ва ҳар лаҳзае, ки мегузарад, баргардондани он аз имкон берун аст. Рост, вақт бузургтарин сармояест, ки дар ихтиёри мо қарор дорад. Фаромӯш накунед, ки:
  • Вақт қимматтарин чизест, ки инсон дорад;
  • Вақт сармояи арзишманд аст;
  • Вақт фурсати маҳдуд аст;
  • Вақтро захира кардан нашояд;
  • Вақтро харидорӣ кардан номумкин аст;
  • Баргардонидани вақт номумкин аст;
  • Ғанимат шумурдани вақт арзишашро меафзояд.
Мутаассифона, як бовари ғалате дар байни мардум паҳн гардидааст, ки мегӯянд “вақт надорам”. Бо ашхосе дучор меоем, ки мегӯянд вақт намеёбам, ки он чӣ таъхир намудам, пурра намоям. Фурсат намешавад, ки мутолиа намоям ё бо варзиш машғул шавам. Ҳатто бархе ба ҳадде пеш мераванд ва мегӯянд, ки 24 соат барояшон кофӣ нест. Ростӣ! Мушкил дар чист? Яқинан, мо вақти хешро ба таври бояду шояд ба танзим надаровардаем. Мусаллам аст, ки ҳамагӣ фақир, сарватманд, хушҳол, маҳзун, бекор, коргар ва… 24 соат вақт доранд. Миқдори вақту замоне, ки дар даст дорем, бо дигарон якхел аст, аммо дар хусуси чӣ гуна сипарӣ намудани он аз дигарон фарқияти куллӣ дорем. Раҳоӣ аз бовари ғалати “вақт надорам” аввалин истгоҳест, ки тавассути он роҳ ба сӯи ҳаёти муназзам дар пеш хоҳем гирифт.
Мутафаккир ва донишманди машҳур Иброҳим ал-Фақӣ вақтро ба оҳан шабоҳат дода ва изҳор доштааст, ки “вақт мисли оҳан аст, ҳар қадар ки дар идора, танзим ва​ ғанимат шуморидани он кӯшиш ба харҷ диҳӣ, ҳамон қадар арзишаш зиёд мешавад.
Қимати як пора оҳан чӣ қадар аст?!
  • оҳанпораи хом ба 5 доллар;
  • оҳанпорае, ки ба сурати наъли асп сохта шудааст, ба 11 доллар;
  • оҳанпорае, ки ба шакли сӯзан сохта шудааст, ба 355 доллар;
  • оҳанпорае, ки ба шакли қошуқ сохта шудааст, ба​ 2 285 доллар;
  • оҳанпорае, ки ба шакли фанари соат сохта шудааст, ба 250 000 доллар баробар аст.”
Вақти мо низ мисли ҳамон як пора оҳанест, ки ҳар қадар онро коркард ва ба танзим дароварем, арзишаш боло меравад, аз ин рӯ, бо як барномарезии дақиқ метавонем пешрафту тараққӣ намоем. Оре, инсонҳои бузург яқинан рӯзе танҳо як тасмими бузург гирифта буданд ва вақти худро ғанимат шумориданд. Ба ёд дошта бош, ки рӯзу шаб барои ту кор мекунанд, пас ту низ барои онҳо амал намо, ҳамчунин, шабу рӯз аз ту лаҳзаҳову сонияҳоро мегиранд, ту низ аз онҳо насибатро бигир.
Шакке нест, ки дар мизони соатҳои шабонарӯзӣ ҳеҷ тағйире эҷод карда наметавонем. Аммо бо мудирияти замон метавонем вақти худро сарфа намоем ва онро барои расидан ба ҳадафҳои муайян ва тахассусӣ равона созем. Барои ноил гаштан ба қуллаҳои муваффақият ба вақт ниёз аст ва ҳангоме ки фурсат аз даст рафт, дигар коре аз даст намеояд.
Дӯсти хубам! Дар зиндагии шахсии худ бо машғулиятҳо ва масъулияту вазифаҳои бисёре рӯ ба рӯ мешавем ва бисёр вақт барои комилан анҷом додани ҳамаи онҳо фурсат намеёбем. Баъзан бо вуҷуди талошу заҳмати фаровон наметавонем вазифаи худро ба таври бояду шояд анҷом диҳем. Суоле ба миён меояд, ки бо вуҷуди ин ҳама кӯшиш чӣ тавр чунин иттифоқ меафтад?! Барои равшан шудани ин мавзӯъ беҳтар аст бидонем, ки ҳамаи фаъолияту машғулиятҳои шабонарӯзии мо ба чор даста тақсим мешаванд:
Корҳои муҳим ва ғайрифаврӣ: ба монанди китобхонӣ, варзиши рӯзмарра ва ғайра.
Корҳои муҳим ва фаврӣ: ба монанди ҳолатҳои фавқулода, буҳронҳо ва мушкилоти пешомада, дарс хондан дар шаби имтиҳон, муроҷиат ба табиб ва ғайра.
Корҳои ғайримуҳим ва фаврӣ: ба монанди ҷавоб додан ба телефон, фиристодани паёмаки табрикӣ, риояи одоби иҷтимоӣ ва ғайра.
Корҳои ғайримуҳим ва ғайрифаврӣ: ба монанди гап задан, тамошои телевизион, гаштугузори беҳадафона дар интернет ва ғайра.
Омили камбуди вақти мо натиҷаи пардохтан ба корҳои дастаи чаҳорум аст, ки боиси аз байн рафтани вақти гаронбаҳои мо мешавад. Ба ҳамагон маълум аст, ки аксар вақт фурсатҳои тиллоии умр сарфи гапҳои беҳуда, тамошои филму силсилафилмҳои бемаънову бефоида, гаштугузорҳои бемақсад дар кӯчаву бозор ва амсоли инҳо мешавад. Ашхоси муваффақ онҳое ҳастанд, ки аз корҳои навъи чорум кам карда, ба корҳои навъи аввал афзудаанд.
Айшу ғам, ошӯру ҳам ид аст вақт,
Сирри тоби моҳу хуршед аст вақт. (Иқболи Лоҳурӣ)
Санҷар АБУНАСРПУР,
рӯзноманигор
Tags: АРЗИШДОВАРӢ

Continue Reading

Previous: НАҚШИ РОҲБАР ДАР ТАКМИЛИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ
Next: ОБ ЗИНДАГИСТ (дар меҳвари дарси математика)

Related Stories

АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ЧӢ ТАВР ВОРИДИ ИЛМ ШУД?
  • Оммавӣ

АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ЧӢ ТАВР ВОРИДИ ИЛМ ШУД?

08.01.2023 Диданд: 72 нафар
ПАРЧАМ – РАМЗИ САРБАЛАНДӢ
  • Мақолаҳо
  • Оммавӣ
  • Сиёсӣ

ПАРЧАМ – РАМЗИ САРБАЛАНДӢ

24.11.2022 Диданд: 89 нафар
МАОРИФ РУШД МЕЁБАД
  • Оммавӣ

МАОРИФ РУШД МЕЁБАД

24.11.2022 Диданд: 122 нафар

Бахшҳо

  • 30-солагии маҷалла (1)
  • Адабӣ (11)
  • Дигар (8)
  • Илмӣ (10)
  • Мақолаҳо (58)
  • Матбуот (1)
  • Минбари баҳс (3)
  • Мусоҳиба (10)
  • Оммавӣ (17)
  • Президент (8)
  • Сиёсӣ (7)
  • Таҳлилӣ (45)
  • Таълимӣ-методӣ (35)
  • Хабарҳо (16)
  • Чеҳра (7)

Маорифи Тоҷикистон

Маҷаллаи илмӣ, маърифатӣ ва таълимиву методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
© Маҷаллаи "Маорифи Тоҷикистон" | Таҳияи сомона: iTojik    Яндекс.Метрика