
Ҳазорсолаҳост, ки инсоният баҳри дарёфти ҷавоб ба суоли: «Хушбахт кист?» «Хушбахтӣ чист?» посух меҷӯяд. Назари олимону донишмандон муҳаққиқону сиёсатмадорон дар ин бобат мухталиф аст. Садҳо таърифи хушбахтию формулаи хушбахтиро «кашф» намудаанд. Боре дар мавзуи «Хушбахт кист?» бо як дӯстам, ки омӯзгори фанни таърих аст, баҳс намудам. Номбурда афзуд, ки беҳтарин формулаи хушбахтиро шоири шаҳири авар Расул Ғамзатов «кашф» намудааст: «Шахсеро хушбахт гӯянд,- фармудааст шоир, – чун кор ба итмом расид, майлу хоҳиши ба хона рафтан дошта бошад».
Аз ин таърифи хушбахтӣ бармеояд, ки ду ниҳоди иҷтимоӣ одамро хушбахт карда метавонад: оила ва корхона (коргоҳ, ҷойи кор). Воқеан, агар инсон касби худро дӯст дорад ва дар ҷойи кор муҳити солими ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо бошад, дар ӯ хоҳиши доимии дар ҷойи кор мондан пайдо мешавад. Оила низ чунин аст. Агар оила бар пояи ишқи поки самимӣ барпо шудаву байни ҳамсарон ҳамдигарфаҳмӣ бошад, одам мехоҳад ҳар чи тезтару зудтар ба хонааш, ба назди зану фарзандонаш ояд.
Хулоса, расидан ба хушбахтӣ орзуи ҳамешагии бани башар будааст!
Ҳаким Умари Хайём ҳам ба хушбахтии воқеӣ расиданро орзу мекард:
Гар бар фалакам даст будӣ чун Яздон,
Бардоштаме ман фалакро зим иён.
В-аз нав фалаке дигар чунон сохтаме,
К- озода ба коми дил расидӣ осон.
Вале ҳадаф аз навиштани ин матлаб чизи дигар аст. Ман мехоҳам ба суоли: «Оё интихоби дурусти касб инсонро хушбахт карда метавонад?» посух гӯям.
Таҳққиқи ин масъала собит кард, ки интихоби дурусти касб бо мусоидати баъзе омилҳо метавонад одамро дар зиндагӣ хушбахт созад. Ин омилҳо кадомҳоянд? Дар поён роҷеъ ба ин омилҳо суҳбат хоҳем кард.
Интихоби касб ва рушди ҷомеа
Масъалаи тайёр намудани кадрҳои миллии соҳибтахассус, соҳибтаҷриба ва варзида бояд пайваста таҳти назари давлат ва Ҳукумат қарор дошта бошад. Зеро интихоби дуруст ба зиндагии инсон, муваффақияти он, рушду нумуи ҷомеа ва ниҳоят, хушбахтии инсон бастагии ногусастанӣ дорад.
Тибқи омори расмӣ дар дунё зиёда аз 40 000 касбу ҳунар ҳаст. Ва ҳар сол 500 касбу ҳунари нав пайдо шуда, қариб ҳамин қадар касбу ҳунар аз байн меравад ё нав мешавад, яъне такмил меёбад. Теъдоди касбу ҳунарҳоро дар Тоҷикистон ҳудуди 400 адад баршумурдаанд.
Суол: Чӣ бояд кард, ки ҳар як нафар аз рӯи майлу рағбат, қобилияту истеъдоди худ соҳибкасбшуда, мувофиқи пешаи интихобкардааш кору фаъолият кунад? Барои ҷавоб ёфтан ба ин суол ба фарҳанги ҳазорсолаи гузаштагони некномамон назар меафканем.
Ҳанӯз 800 сол муқаддам Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ фармуда буд:
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд,
Меҳри онро дар дилаш андохтанд.
Тибқи фармудаи Мавлоно меҳри ҳар як касб (шуғлидӯстдошта) аз овони кӯдакӣ дар ниҳоди ҳар яки мо нуҳуфтааст.Танҳо онро «кашф» кардан, сайқал додан, ба роҳи дуруст ҳидоят кардан, вазифаи мо, омӯзгорону устодон, равоншиносон ва падару модарон мебошад. Масалан, ҳеҷ гоҳ аз шоир математику аз оҳангсоз муҳандиси хуб намебарояд (ин ҷоҳолатҳои ҷудогона истисност, ки аксаран ба алломаҳо тааллуқ доранд- М.С.)
Мегӯянд, ки шоири бузурги рус А.С. Пушкин дар дарсҳои математика гиря мекардааст. Оҳангсози бузург Бетховен бошад, аз уҳдаи иҷрои тақсиму зарби одитарин намебаромадааст.
Мисоли дигар. Саъдии Шерозӣ дар асари безаволи худ «Гулистон» фармудааст:
Бӯрёбоф агарчи бофанда аст,
Набарандаш ба коргоҳи ҳарир.
Агар ин байти Саъдиро ба истилоҳи имрӯза таҳлил бикунем, чунин мешавад: бӯрёбоф ва ҳарир (шоҳибоф) ба як гурӯҳи ихтисосҳо (ба як кластер) дохил мешаванд, аммо дар байнашон тафовути чашмрас мавҷуд аст. Бӯрёбоф нозукиҳои кори ҳарирро намедонад ва ҳарир нозукиҳои кори бӯрёбофро. Хулосаи байти Саъдӣ ин аст, ки ҳар нафар бояд кори худро кунад!
Дар ҳамин асари безаволи худ Саъдӣ ҳикояти дигаре дорад, ки мазмунаш чуни наст: як нафар бемори чашм меравад ва ба назди байтор (духтури ҳайвон) меравад. Байтор ба чашми мариз дору чорпоён (ҳайвонот)-ро мекашад ва чашмашро кӯр мекунад.
Хулосаи ҳикояи мазкур: ҳанӯз зиёда аз 700 сол муқаддам Саъдӣ ҳушдор дода буд, ки зинҳор байторро раиси ширкати барқу омӯзгори фанни таърихро муҳандис таъйин накунед, ки «чашм»-и миллатро кӯр хоҳанд кард!
Ин ҳушдори шоир, қабл аз ҳама, ба онҳое дахл дорад, ки масъули бахши таъйин ва ҷобаҷогузории кадрҳоанд.
Зимни ин андешаҳо бояд бигӯем, ки барои интихоби дурусти касби хонанда омилҳои зиёде мусоидат карда метавонанд, ки умдатаринашон инҳо мебошанд: мактаб, оила (волидайн) ва худи хонанда (толибилм). Аз ин омилҳо муҳимтаринаш худи хонанда мебошад. Чунки ба ҷуз худи хонанда (толибилм) нафари дигар майлу рағбат, қобилияту истеъдоди ӯро комилан «кашф» карда наметавонад. Аз ин рӯ, хонандаро лозим аст, ки дар интихоби касби ояндаи худ бетараф набошад ва онро бошуурона интихоб кунад.
Баъдан мактаб ва волидайн низ дар интихоби касби ояндаи хонандаи нақши муассир доранд. Бахусус мактаб. Омӯзгорону устодонро лозим аст, ки дар мактаб барои тарғибу ташвиқи касбу ҳунарҳо шароити мусоидро фароҳам оваранд. Зарурати ин масъаларо ба назари эътибор гирифта, дар Амрико омӯзиши интихоби касбро аз синфҳои ибтидоӣ ба роҳ мондаанд. Мо низ бояд чунин кунем!
Хулоса, агар инсон соҳибтахассус бошад, касби худро хуб донад, метавонад дар рушду нумуи ҷомеа ва давлат саҳми босазо гузорад. Ва баръакс, агар инсон пешаи худро дӯст надорад, ӯ ба давлату миллати худ зиён меорад.
Интихоби касб ва ташаккули фарҳанги масъулиятшиносӣ
Оё касби дӯстдошта одамро масъулиятшинос мекунад?
Ба мисолҳо рӯ меорем. Ихтироъкори маъруфи амрикоӣ Эдисон дар як шабона рӯз ҳамагӣ 2 соат хоб рафта, 18-20 соати дигар пайи кору эҷод будааст. Устод Айнӣ ҳар рӯз (тибқи ёддоштҳо) 12-14 соат бо кори эҷодӣ банд буданд. Олими маъруфи тоҷик Акбари Турсон дар як муколамаи матбуотиаш гуфта буд: «Ман дар Амрико аз 8 то 18 соат дар шабонарӯз ба кори илмӣ машғул будам». Журналисти телевизион дар як мусоҳибаи телевизионӣ аз нависанда ва драматурги тоҷик АтоҲамдам пурсон шуд: «Шумо дар вақтҳои холи худ бо чӣ корҳо машғул мешавед?» Номбурда гуфт: «Кор бароям беҳтарин истироҳат аст». Воқеан, шуғли дӯстдошта беҳтарин истироҳат барои афроди эҷодкор маҳсуб мешавад.
Яъне ки касби дӯстдошта одамро ошиқ мекунад, ошиқи касби худ ва ӯро чун оҳанрабо ба худ мекашад. Аз ин мисолҳо бармеояд, ки агар одам воқеан ошиқи пешаи худ бошад, ӯ ҳатман масъулиятшинос мешавад. Ӯ дигар ба корфармо эҳтиёҷ надорад, кори худро комилан, ҳалолу покиза ба анҷом мерасонад.
Хулоса, нақши интихоби касб дар ташаккули фарҳанги масъулиятшиносии инсон басе назаррас будааст.
Саҳми волидайн дар интихоби касби хонандагон
Саҳми волидайнро дар интихоби касби ояндаи хонандагон касе инкор накардааст. Аммо, боиси таассуф ва нигаронист,ки аксари кулли падару модарони мо аз донишҳои педагогӣ ва равоншиносӣ биноан, дар аксар ҳолатҳо дар интихоби касби фарзандонашон ба иштибоҳ роҳ медиҳанд. Аз ин рӯ , муассисаҳои таълимиро зарур аст,ки тарғибу ташвиқи донишҳои педагогию равоншиносӣ, маърифатию фарҳангиро тибқи талаботи замони муосир, дар байни аҳолӣ, ба таври густурда ба роҳмонанд.
«Шахсе, ки писар (фарзанд)-ашро,- навиштааст Томас Фуллер,- барои аз худ кардани ягон касби манфиатбахш одат намекунонад,дуздро баҷамъият тайёр мекунад».
Акнун ба мисолҳо рӯ меорем:
Мисоли 1 (Аз мушоҳидаҳои шахсӣ).
Банда тӯли 14 сол дар яке аз мактабҳои кӯҳистон ба ҳайси омӯзгори фанни риёзӣ фаъолият намудам. Як толиба, ки дар синфи нуҳум таҳсил мекард, қобилияти фавқулодаи овозхонӣ дошт. Мо ин духтаракро ба озмунҳои ноҳиявию шаҳрӣ мебурдем ва сазовори ҷойҳои намоён ҳам мегаштем. Аммо падараш барои пешрафти ӯ монеа эҷод мекард. Намехост, ки духтараш ҳунарманд шаваду ба саҳна барояд.Оқибат ин духтарак худро ба оташ зад. Хулоса, аз хурофотпарастию бемаърифатии падар мо аз як истеъдоди нодир маҳрумшудем.
Мисоли 2. Овозхони маъруф Мастона Эргашева дар як мусоҳибаи телевизиониаш чунин нақл карда буд: «Ман аз хурдӣ ба санъат майлу рағбати тамом доштам. Як рӯз аз хонаи пионерон барои машқ кардан як думбра оварда ва бо он машқ мекардам. Ба корҳои хона дастам намерасид ва бештари вақтамро ба думбра навозӣ сарф мекардам. Аз ин кору рафтори ман модарам дар ғазаб шуда, думбраро аз дастам маҷбуран гирифта, ба заминзада шикаст».
Мисоли 3. «Аҳмади Дониш таълимоти ибтидоии худро аз модараш, зани боиффат ва бархӯрдор аз улуми динӣ, инчунин, дар мактаби хусусияш машғул ба таълим ва тарбияи кӯдакон ва наврасон буд, омӯхтааст. Муҳити солими илмии хонаводаи Аҳмад дар рушд ва пешрафти илмии ӯ заминаи хубе фароҳам оварда буд»(иқтибос аз рӯзномаи. «Наҷот»,2014).
Мисоли 4. «Кашшофи қонуни даврии элементҳои химиявӣ (кимёвӣ)- Д.И. Менделеев дар 13 -солагӣ аз падар маҳрум мегардад ва дар тарбияи модараш мемонад. Модараш Мария Дмитриевна зани бисёр оқила ва порсо будааст. Модар, барои он ки фарзандаш донишҷӯйи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Петербург шавад, аз фурӯхтани ҳамаи амволаш рӯй натофт» («Омӯзгор », 2012)
Аз ин мисолҳо ба чунин хулоса меоем: моро зарур аст, ки барои рушду нумуӣ ҷомеа, давлат ва миллати худ аз баъзе расму ойинҳои зиёновари миллӣ ва динӣ даст кашем.
Зиндагӣ дар зери бори расму ойин мурдан аст,
Даст дасти туст, бишкан ин тилисми нангро.
(Бедил)
Ин иқдомро бисёр давлатҳои пешрафта, тақрибан 70 сол муқаддам амалӣ намуданд. Масалан, дар Ҳиндустон тибқи анъанаҳои миллиашон агар шавҳари арӯси ҷавон дар ҷангҳо кушта мешуд, арӯсро ҳамроҳи шавҳари фавтидааш дар як тобут гузошта, оташ мезадан. Баъдан соли 1948 Ҳукумати Ҳиндустон бо қарори худ ин суннати зиёноварро расман барҳам дод.
Интихоби касб ва хурофот
Ин қисматро мехоҳам бо суханони директори гимназияи «Ҳотам ва ПВ» АбдуфаттоҳҲотамов сар кунам. Номбурда нигоштааст: «Дар Кореяи Ҷанубӣ, Япония, Сингапур таълим қариб дар сесолагӣ шурӯъ мешавад. Ҳар рӯз онҳо дар ҳудуди 12- 15 соат дарс мехонанд. Агар ба падару модарони мо гӯед, ки фарзандашон 15 соат хонад, дар ҷавоб мегӯянд, ки фарзанд девона мешавад.»
Зимни ин андеша бояд бигӯем, ки солҳои охир дар байни наврасону ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа як андешаи комилан хато доман паҳн кардааст, ки гӯё тибқи он хондани бисёр асабро вайрон карда, одамро ба касалии руҳӣгирифтор мекардааст.Ин андеша хурофотӣ буда, онро илми муосир комилан инкор мекунад.
Амрикоиҳо собит кардаанд, ки шуғли дӯстдошта кори системаи асаби инсонро ба назм дароварда, қобилияти эҷодкории ӯро баланд бардошта ва умрашро дароз мекунад. Масалан, таърих ва илми муосир собит кардааст: онҳое, ки ба кори зеҳнӣ машғуланд, умри дароз мебинанд. Охир, чун ба меъда ғизо додӣ, ба системаи асаб низ бояд ғизо бидиҳӣ. Ҳуҷайраҳои (нейронҳои) системаи асаб низ ғизо мехоҳанд.
Аз ин рӯ, ҷавонону наврасони моро лозим аст, ки ба ақидаҳои хурофотию экстремистӣ дода нашуда, мағзи худро бо сафсаттаҳои бемаънӣ олуда насохта, ба имкониятҳои илм такя кунанд. Хондани маҷаллаю рӯзнома, омӯзиши илм, касбу ҳунари мувофиқ, шуғли дӯстдошта умри инсонро дароз намуда, ӯро дар зиндагӣ муваффақ мегардонанд.
Интихоби касб, бозомӯзӣ ва такмил додани он
Ба ҳамагон маълум аст, ки мо дар асри кампютер, интернет, раванди ҷаҳонишавӣ умр ба сар мебарем. Ҳар рӯз ва ҳатто ҳар соат як дигаргунӣ ба чашм мерасад. Ба забони шоир гӯям:
Дам ба дам нав мешавад дунёи мо
Агар одам касбашро пайваста такмил надиҳад, бозомӯзӣ накунад, аз тараққиёти ҷомеа ақиб мемонад, яъне талаботи замони муосир ва раванди ҷаҳонишавӣ ҳамин аст, ки инсон бояд пайваста бозомӯзӣ карда, ихтисосашро такмил диҳад.
Нақши давлат ва ҳукумат дар омода намудани кадрҳои миллии соҳибтахассус
Инсоният дар тамоми давру замон ба мутахассисони варзида ниёз доштааст. Дар тамоми марҳилаҳои таърихӣ барои омода намудани мутахассисони соҳибтаҷриба тадбирҳои судманд андешидаанд. Рӯ меорем ба таърих. Устод Рӯдакӣ барои ба назм даровардани «Калила ва Димна» аз подшоҳ 40000 дирҳам сила (ҳаққи қалам) гирифтааст. Далелҳои гувоҳӣ медиҳанд, ки моҳонаи Умари Хайём 10000 тангаи тилло будааст. Мисоли дигар: Вақте Фирдавсӣ аз Тӯс ба Ғазна меояд, Унсурӣ шоирро ба назди подшоҳ Султон Маҳмуди Ғазнавӣ мебарад. (Унсурӣ сардори шоирони дарбор буд – М.С.). Султон Маҳмуд ба Фирдавсӣ рӯ оварда мегӯяд: «Таърихи мулки Ачамро ба назм биовар» ва ба вазираш мефармояд: «Ба шоир барои ҳар як байт як мисқол (4,68 гр) тилло диҳедаш». Агар инро танҳо барои 1000 байт ҳисоб кунем, қариб панҷ кило тилло мешавад.
Боз мисол. Тибқи омори расмӣ аз 234 нафар барандаи ҷоизаи Нобел (то соли 2014) 164 нафарашон дар Амрико пайи кору эҷоданд. Аз ин теъдод 116 нафарашон дар он ҷо омӯзишу парвариш гирифтаанд. Давлати Амрико ҳамасола барои рушди илм маюлағҳои ҳангуфтро масраф мекунад. Ана, сабаби асосии рушди Амрико!
Дар шароити феълии ҷаҳон раванди ҷаҳонишавӣ пешрафти давлату миллат ба мутахассисони варзида бастагии зич дорад. Таҷрибаи ҷангии шаҳрвандии Тоҷикистон нишон дод, ки бегона бегона аст. Бегона ифтихор ва ғурури миллӣ надорад. Чун андаке мушкил пеш омад, дурр мегурезад ва миннат ҳам мекунад.
Дар ҷаҳон болу пари хеш кушудан омӯз,
Ки паридан натавон ба пару боли дигарон.
(Иқбол)
Президенти мамлакат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ соли гузашта аз нарасидани кадрҳои соҳибтаҷрибаи соҳаи тандурустӣ изҳори нигаронӣ карда, бамасъулини соҳа дастур дод, ки дар ин самт тадбирҳои амалӣ ва иловагӣ андешанд. Дарвоқеъ, ҳамасола бо маблағҳои калон ба ҷумҳурӣ муосиртарин технология ворид карда мешавад, аммо аз нарасидани кадрҳои соҳибтахассус онҳо ё корношоям мешаванд ё дар анборҳо солҳои сол хоб мераванд.
Хулоса, масъалае,ки мавриди баррасӣ қарор додем, муҳим ва сари вақтӣ буда, дуруст ба роҳ мондани он ба рушди ояндаи давлати миллӣ мусоидат хоҳад кард. Аз ин рӯ, интихоби касбро аз синфҳои поёнии муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда, ташкил намудани нишасту вохӯриҳо бо намояндагони касбу кори гуногун мувофиқи мақсад аст. Инчунин, омода намудану ба нашр ҳозир кардани «Қомуси касбу ҳунарҳо» низ саривақтист.
Мирзоалӣ СОДИҚОВ –
омӯзгори мактаби №26,
ноҳияи Исмоили Сомонӣ,
Аълочии маорифи ҶумҳурииТоҷикистон