
Ҳоҷиқурбон СИРОҶОВ –
мушовири шуъбаи маорифи
ноҳияи Тоҷикобод
Дар оғози соли нави таҳсили 2022-2023 китоби «Ҳуқуқи инсон» барои синфҳои 10 ва 11 дастраси хонандагон гашт. Китобҳое, ки пеш истифода мебурдем, соли 2010 (синфи 10) ва соли 2011 (синфи 11) аз чоп баромада буданд. Ман доир ба китоби синфи 10 ва мавзуи алоҳидаи китоби синфи 11 фикру мулоҳизаи худро дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» баён карда будам. Чун китоб дар чопи нав ба мо дастрас шуд, хурсанд гардидем. Аммо он чи ки интизор доштем, ба мушоҳида нарасид.
Пеш аз ҳама, бояд қайд кунем, ки баъзе мавзуъҳо кӯтоҳ карда шуда, баъзе мавзуъҳо тамоман бардошта шудаанд. Дар саҳифаи аввали китоб (10) қайд шудааст: «Нашри 3 бо тағйироту иловаҳо ва коркарди нав». Дар ду шумораи «Омӯзгор» (№41 ва 42 соли 2022) андешаҳои омӯзгори гимназияи хонандагони лаёқатманди ба номи А Балъамии шаҳри Ваҳдат Собирҷон Ғуломовро дар мақолааш «Сифати китоби дарсиро такмил бояд дод» хондам. Ӯ овардааст: «Мо омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ умедвор будем, ки дар давоми зиёда аз даҳ сол муаллифон пешравӣ ва тағйиротро дар ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта, доир ба мавзуъҳои китоби дарсии зикршуда далелу навгониҳои ҷомеаро пешкаши хонандагон мегардонанд. Мутаассифона, дар китобҳои нави дарсии зикршуда далелу рақамҳое, ки дар китобҳои дарсии пештара буданд, айнан оварда шудаанд». Ба ҳамаи он эродҳо ва иловаю пешниҳодҳои устод розиям. Дар баробари ин, мехостам фикру андешаи худро нисбат ба камбудиҳои дигаре, ки дар мақолаи устод С. Ғуломов баён нашудаанд, баён созам.
Китоби «Ҳуқуки инсон «синфи 10. Дар китоби мазкур дар мавзуи «Таснифи ҳуқуқҳои инсон» ҳуқуқу озодиҳои инсонро аз рӯйи соҳаҳои фаъолияти ҳаётӣ ба шахсӣ (шаҳрвандӣ), сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҷудо намудаанд. Дар китоби пештара ҳам чунин буд ва ҳар яки онро дар боби алоҳида (Ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ) ба хонандагон муддати даҳ сол омӯзондем. Ва дарахти «Ҳуқуқи инсон»-ро ҳам панҷшоха тасвир мекардем. Аммо дар нашри нави китоб ҳуқуқҳои фарҳангиро аз боби «Ҳуқуқу озодиҳои фарҳангӣ” бароварда, боби «Ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа ва ҳуқуқ ба таҳсил» номгузорӣ кардаанд. Инчунин, боби «Ҳуқуқу озодиҳои иқтисодӣ»-ро бе тавсифи умумӣ овардаанд. Шояд муаллифон ҳақ бошанду мо нодуруст шогирдонро даҳ сол омӯзондем. Мавзуъҳои муҳимми барнома – «Вазифаҳои инсон ва шаҳрванд», «Ҳуқуқи инсон ва проблемаҳои коррупсия», «Механизми миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон», «Механизмҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон» — ро ҳамчун замима дохил кардаанд. Чаро ин мавзуъҳоро “замима” — гуён навиштаанд, нафаҳмидем. Чи тавре ки пештар гуфтам, баъзе аз мавзуъҳоро дар китоби нав ихтисор ё кӯтоҳ кардаанд. Баъзе ҷумлаҳо нотамом монда, маънии худро гум кардаанд. Мисол, дар саҳифаи 34 чунин омадааст: «Шаъну эътибор ва қадру қимат категорияҳои муҳимтарини маънавӣ ва ахлоқие мебошанд, ки муносибати боэҳтиромонаро ба ҳар одам.” …. ?? давомаш номаълум.
Камбудии аз ҳама калон дар ин китоб ҳамин ки он тағйироту иловаҳое, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори сеюм 22 майи соли 2016 дароварда шудааст, бетағйир мондаанд ва чун пешина истифода шудаанд. Мисол, дар саҳифаи 69, қисми 2-и моддаи 19, дар саҳифаи 84 — моддаи 24, дар саҳифаи 90 — моддаи 27, саҳ. 91 — моддаи 6, дар саҳ 93 — моддаи 28, дар саҳ 98 — моддаи 29 дар саҳ. 103 — моддаи 31, дар саҳ. 107 — моддаи 32, дар саҳ. 110 — моддаи 35, дар саҳ. 127 — моддаи 40, дар саҳ. 129 — моддаи 41 хато омадаанд. Дар саҳифаи 40 ба ҷои моддаи 1 моддаи 41 омадааст. Чаро нисбат ба Конститутсия ин қадар саҳлангорӣ? Ҳол он ки маҳз ҳамин фанни «Ҳуқуқи инсон» ба хонандагон Конститутсияро меомӯзад.
Дар китоби «Ҳуқуқи инсон» (синфи 11) — саҳифаи 142 моддаи 6-и Конститутсияро чунин овардаанд:
«Халқи Тоҷикистонро сарфи назар аз тааллуқоти миллӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд.» Ба ҷои «тааллуқоти миллӣ» бояд «миллаташон» меомад. Дар саҳифаи 60 шарҳи принсипи “Ихтиёрӣ”, дар саҳифаи 108 ҷумлаи «Агар солҳои 1985-1986 ….», дар саҳ. 139 сухани Маҳатма Ганди маъно коста менамоянд. Дар саҳ. 196 баъди «Дар Эъломия боз ду нуктаи дигар таъкид мешавад:» матн афтидааст ва маълум нест, ки хамон ду нуқта чиҳоро дар назар доранд? Инчунин, дар саҳ. 201 аз «истифодаи кадрҳои танқисӣ дар таъминоти моддӣ- техники мактабҳо» ба омӯзгор маълум нест, ки муаллифон чӣ мехостанд? Дар ҳамин саҳифа поёнтар калимаи «зерин» афтидааст. Дар саҳифаи 124 ба ҷои се принсипе, ки муаллифон мехостанд мисол биёранд, танҳо ду принсип оварда шудааст. Дар саҳифаи 158 дар мавзуъчаи «Таркиби муҳоҷирони иҷборӣ» дастаро бо гурӯҳ омехта кардаанд.
Дар бисёр саҳифаҳо шояд бо айби нашриёт бошад, чандин хатоиҳои имлоӣ дида мешаванд. Инҳо ба қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ (имлои ҳарфи “ӣ, ӯ”, ташдид ва ғайра) вобастагӣ доранд. Аммо Анри Дюнанро Андри Дюан ва «ЮНИСЕФ»- ро «ЮНИФЕС» навиштан ислоҳ мехоҳад. Инчунин, муаллифон дар китоби дарсӣ расмҳоро доир ба мавзуъҳо кам истифода бурдаанд.
Хулоса, бори дигар пешниҳоди якуми устод С. Ғуломовро такрор карданиям, ки мефармояд: «Ба муаллифон зарур аст, ки дар муддати кӯтоҳтарин дастури иловагиро ба китобҳои «Ҳуқуқи инсон» барои синфҳои 10 — 11 омода намуда, тавассути раёсат, шуъбаҳои шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва нашрияи «Омӯзгор» дастраси хонандагони ин фан гардонанд. Яъне, нуқсонҳои дар китобҳобударо бартараф намоянд». Баъди ин ба назари мо ҳам сифати китоби дарсӣ беҳтар хоҳад шуд.
Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шуд ва соли ҷорӣ 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҷлил мегардад. Хуб мешуд, ки дар ин сол камбудиҳои китобҳо, ки ба Конститутсия вобастагӣ доранд, ислоҳ ва ҳар чи зудтар тавассути шуъбаҳои маориф ба омӯзгорон дастрас гардонда шаванд.