
Муҳаммадулло ЛУТФУЛЛОЗОДА –
академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон
БА МУНОСИБАТИ 135 – СОЛАГИИ ТАВАЛЛУДИ АБДУРАУФИ ФИТРАТ
Қабл аз ҳама, таъкид менамоям, перомуни рисолае, ки мо андешаҳоямонро иброз медорем, адабиётшиноси машҳур ва мунаққиди фақид, устод Соҳиб Табаров фикрҳои тоза ва бикр гуфтаанд, ки дар ҷилди дуюми асари гаронбаҳои он кас «Ҷаҳони андешаҳои Абдуррауфи Фитрат» («Дониш»-2009, саҳ. 5-155) дарҷ ёфтааст. Ва ин рисолаи «Оила ё худ вазоифи хонадорӣ» мебошад. Дар ин хусус баъзе таҳқиқоти дигар ҳам рӯи кор омадаанд. Пас зарурат чист?
Зарурат дар ин аст, ки перомуни оилаю оиладорӣ, беҳтараш, хонаю хонадорӣ, ки «аввалин иҷтимои одамиён, яъне иҷтимои аҳли байт аст», ба тарзи дигар, «Таъсиси хонадорӣ аввалин пояи маданияти бани одам аст», «оила иборат аз касоне, ки дар як ҷо таҳти раёсати як шахс зиндагӣ доранд» (Фитрат), аҳли ҷомеа ва давлат нисбат ба хонавода (мард, зан ва фарзанд) бетафовут нест, вазифа мегузорад, талаб мекунад, шароит муҳайё месозад. Худи ҳамин моро водор менамояд, ки хонавода ва вазифаҳои онро мунтазам таъкид ва назорат бикунем.
«Оила ё худ вазоифи хонадорӣ» арзандатарин ва муҳимтарин асарест, ки на то зиндагии Фитрат ва на баъди он дар муҳити Осиёи Марказӣ касе назирашро наофаридааст. Барои офаридани чунин рисола на танҳо маҳорат, инчунин, ҷасорат лозим буд, ки нависанда алайҳи аморати Бухоро, руҳониёни ақибмонда, пантур-кистон, ки худ яке аз сарварони он буд, анҷом додааст. Дар он ки замона ба гирдоби пантуркизм ғӯтида буд ва намояндагони ин ҷараён бо баҳонаи ҷорӣ намудани «забони миллӣ, яъне туркии чиғатоӣ (ӯзбекӣ)» (Соҳиб Табаров) бар муқобили забони тоҷикӣ ва мавҷудияти халқи тоҷик мебаромаданд, дар ин шароити пуртазод қисми зиёди зиёиёни соҳибқалам бо забони миллӣ, яъне туркӣ асар эҷод мекарданд. Ҳатто, устод С.Айнӣ ҳам баъзе асарҳояшро бо ҳамин забон менавишт. Фитрат рисолаашро бо хоҳиши устод ва дӯсти азизаш Мунзим бо забони модариаш (модари Фитрат тоҷик буд), яъне тоҷикӣ менависад. Бо забони тоҷикӣ навиштани асар, ба андешаи мо, сабаби дигаре ҳам дошт, ки дар ин хусус муаллиф хомӯшӣ ихтиёр мекунад. Қатъи назар аз он ки ҷавонбухориён забони туркиро ташвиқу тарғиб мекарданд, аҳли босаводи шаҳрҳои Осиёи Миёна тоҷику тоҷикзабонон буданд ва бо забони тоҷикӣ мехонданду мегуфтанд. Шояд бо ҳамин сабабҳо Фитрат «Оила ё худ вазоифи хонадорӣ»-ро бо забони ноби тоҷикӣ менависад.
Рисола «асари адабӣ, сиёсиву иҷтимоӣ, фалсафиву эстетикӣ, тарбиявию ахлоқӣ ва диниву педагогӣ» (Соҳиб Табаров) буда, масъалаҳои зайлро фаро мегирад: «Зан гирифтан даркор аст ё на?», «Интихоби зан», «Кобин (қалин) ва тӯй чӣ гуна бошад?», «Зану шавҳар чӣ гуна зиндагӣ намоянд?», «Ба ҳам омадан», «Тарбияи фарзанд», «Тарбияи бадания, тарбияи фикрия ва тарбияи ахлоқияи одамӣ», «Мактаб», «Таҳсили духтарон дар мактаб», «Ҳуқуқи волидайн», «Ҳуқуқи ятимон». Як худи ҳамин унвони бобҳо ё масъалаҳо гувоҳӣ медиҳад, ки асар чӣ гуна арзиши педагогӣ дорад. Албатта, дар робита бо ин ки Фитрат дар кадом шароит зиндагӣ мекард ва риштаи таҳқиқаш ба кадом масъалаҳо нигаронида шуда буд, ӯ ибораи «арзиш ё арзишҳои хонавода»-ро ба забон нагирифтааст. Вале моҳияти таҳқиқот ҷилави суханро ба ҳамин тараф мебарад. Ва моҳияти рисола гувоҳӣ медиҳад, ки Фитрат ба чор арзиши педагогӣ низому тартиб, муҳаббат, касбу ҳунар, ваъдахилофӣ ва аҳдшиканӣ, сирру асрордорӣ на танҳо хеле наздик шудааст, балки яке аз муаллифону муҳаққиқони ин арзишҳо дар илми педагогика гардидааст.
Азбаски хонавода, яъне оила аввалин иҷтимоъ, яъне «иҷтимои аҳли байт» (Фитрат) аст, он ҳатман бар тартибу низоми муайян такя намояд. Фитрат зарурати тартибу интизомро дар қонуне мебинад, ки ҳамагон риоя менамоянд. «Аз он ҷо ки ҳар кадоми онҳо (зан, шавҳар, фарзанд) ҳам одаманд, — менависад ӯ, — ва бинобар он асири манфиати худанд, мумкин аст, ки яке ҳуқуқи дигареро таҷовузу ғазб намояд. Пас барои пешгирии ҳамин таҷовузу ғасб дар миёни афроди оила низ қонуне лозим аст». Аҳаммият ва зарурати ин гуна қонунро муаллиф дар он мебинад, ки «Дар ҳар ҷо ки муносибати оила бо қуввати интизом аст, мамлакату миллат низ қавӣ ва мунтазам хоҳад буд». Нуқоти муҳим ва асосӣ дар ин арзиш дар ҳамин аст, ки байни қувваю тартибу низоми мамлакату миллат ва низоми оиладорӣ робитаи қавист: давлат зӯру тавоно ва бо низом аст, зеро хонаводаҳо бонизоманд, аз ҳар ҷиҳат беташвишанд. Медонанд, ки мамлакату давлат пушту паноҳи онҳост.
Арзиши дигаре, ки Фитрат дар рисолааш тараннум кардааст, ишқ, муҳаббат ва самимият байни зану мард ва аъзои хонавода мебошад. Ӯ менависад: «Ҳеҷ як оилаи асил бе ишқу муҳаббати самимӣ ташаккул намеёбад ва вуҷуд дошта наметавонад… Дар оилае, ки меҳру муҳаббат нест, ҳатман ваъдахилофӣ, парешонӣ, бенизомӣ, бадахлоқӣ, дурӯғгӯӣ ва фиребгарӣ реша медавонад. Ниҳоят, Фитрат ба фикри қатъӣ меояд: «Асоси занушавҳарӣ муҳаббат аст».
Саволе бармеояд, ки барои чӣ мард занро ва зан мардро дӯст дорад? Барои он ки зан маъшуқаи якумра аст; зан модари фарзандон аст; зан танзимгару сариштагари хонавода аст; зан яке аз узви таркибии давомияти шаҷара аст.
Чаро мардро бояд дӯст дошт?
Барои он ки мард сардору сарвари хонавода аст; расонидаи ризқу рӯзии хонавода аст; ҳимоятгари хонавода аст; узви фаъоли давомдиҳандаи шаҷара аст.
Аз худ илова менамоям, ки ҳам зан ва ҳам мард, пеш аз ҳама, инсонанд, ки ягон зару зевар ба қадру қимати онҳо баробар шуда наметавонад. Инсон, ба қавли Умари Хайём, «нақши нигини ангуштарист».
Мақсуд зи ҷумла офариниш моем,
Дар чашми хирад ҷавҳари биниш моем.
Ин доираи ҷаҳон чу ангуштарист,
Бе ҳеҷ шаке, нақши нигинаш моем.
Чун сухан бобати ишқ, садоқату муҳаббат меравад, он метавонад байни ду нафар – марду зан бошад. Ҳамин ки мард ваъдахилофӣ карду зани дуюм ё сеюм гирифт, маҷбур мешавад, муҳаббаташро тақсим намояд, ки ин ҳамоно вайроншавии оила аст. Фитрат ҳамчун шахси диндор фарзанди замони худ буд. Вале ҳақ дошт ва метавонист ду-сезаниро маҳкум ва сарзаниш намояд, зарари онро ба мардум бирасонад. Аз он ҷост, ки дар чанд ҷойи рисола зарари ду ё се зандоштанро ёдрас мекунад. Масалан, ба ин таъкидҳо зеҳн бимонед: «…тааддуди завҷот, яъне чанд зан гирифтани афрод оиларо бадбахт ва талхком менамояд». Чанд зан гирифтан ваъдахилофӣ, аҳдшиканӣ, кина, адоват, вайронӣ, фасод ва беинсофиро мусталзим (боис) будааст. Ҳеҷ кадоми инҳо ҳам на ба ҳукуми шаръ дуруст аст, на ба ҳукми ақл ва на ба ҳукуми виҷдон».
Арзиши дигаре, ки Фитрат ба он эътибори ҷиддӣ медиҳад, касбу кор ва шуғле байни аъзои хонавода мебошад. Ӯ касбу ҳунарро воситаи муҳимми зиндагии осоишу эътибори оила ҳисобида менависад: «Ҳар яке аъзоёни хонавода соҳибҳунар бошад, бо касбу коре шуғл варзад, баҳри меҳнати босамар саъю кӯшиш ба харҷ диҳад ва бо ҳамин осоишу эътибори оилаи худро дар роҳи тарбияи ҷисмонӣ, фикрӣ ва ахлоқӣ бо тавассути ақли солиму амали солеҳ таъмин намояд». Ин таъкиди Фитрат натиҷаи бардоштҳои ӯст, ки аз Қуръону пешвоёни дину шахсони пешқадами давру замонҳо омӯхтааст. Масалан, Расули Акрам (дуруд бар ӯ) дар ҳадисҳояш шуғли инсонро ганҷ номида, таъкид мекунад, ки «Муъмин набояд худро хор кунад». Дар ҷойи дигар мефармояд: «Рӯзӣ ба думболи ту медавад, чунон ки ту ба думболи ӯ». Оре, шарти муҳимми ба соҳибаш расидани рӯзӣ кору заҳмат аст. Ин муамморо ҳазрати Умар (р) равшантар мекушояд: «Даст аз касб бозмадор ва мапиндор, Худои таъоло аз осмон симу зар намефиристад».
Дар замони тираю тори феодалии Осиёи Миёна кобин ё маҳр ва ё қалин хеле ривоҷ ёфта буд. Фитрат нағз медонист, ки ин амри носавобро аз байн бурдан мумкин нест. Бинобар он, гӯшрас менамояд, ки бобати қалин ҳатман мувофиқи ҳидояти Қуръон бояд амал намуд, ки омадааст: «Эй падарон ва тарбиягарони духтарон ва ятимон! Вақте ки онҳоро ба шавҳар додед, маҳреро, ки шавҳаршаванда медиҳад, ба худи духтар супоред, бе ризои онҳо асло тасарруф макунед. Агар худашон бо ризои дил ба шумо чизе аз маҳрашон бидиҳанд, қабул кунед». Ин аст адолати иҷтимоӣ. Ҳанӯз ҳам байни одамон касони бебизоат пайдо мешаванд, ки барои додани қалин қарздор мешаванд ва баъд хонаю дарро фурӯхта мискину бенаво мегарданд. Фитрат ба ҳамин гуна одамон ишора намуда мегӯяд: …«Баъзе одамони камсармоя ҳар чӣ бодо бод гуфта, чанд ҳазор танга пулу чӣ қадар пахтаву биринҷ ва намедонам, чиҳо дода, як духтарро ақд мекунанд. Лекин баъд аз никоҳ тамоман фақиру нобуд шуда, ҳавлӣ ва асбоби худро фурӯхта ба қарз медиҳанд ва хонаводаи худро дар ба дар менамоянд».
Барои пешгирии ҳамин гуна ҳодисаҳои номатлуб, сад бор шукр, дар кишвари мо айни замон қонуни миллӣ (“Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ”) амал мекунад, ки риояи он танҳо ва танҳо ба нафъи мардуми одист. Дар рисолаи «Оила ё худ вазоифи хонадорӣ» ба тарбияи фарзанд диққати махсус дода шудааст. Фитрат масъалаи тарбияи фарзандро аз мушкилтарин вазифаҳо ба қалам дода менависад: «Мушкилтарин вазифаҳои хонадорӣ, ки баъд аз таваллуд ёфтани кӯдак ба гардани зану шавҳар меафтад, тарбияи фарзанд аст. Тарбияи фарзанд воқеан, иборат аз ҳамин ду калима ҳосил шудааст. Бинобар ин дар назари шумо хурд менамояд. Лекин соҳибназарон воқифанд, ки аслу маншаи тамоми инқилоботи сиёсӣ, динӣ, адабӣ ва иҷтимоии бани одам дар зимни ҳамин як ибороти кӯтоҳ мавҷуд аст». Бале, ибора («тарбияи фарзанд») хурд аст, аммо ҷаҳон-ҷаҳон маъно дорад. Беҳуда нест, ки «мардумони халқу миллатҳои мутамаддини олам баҳри тараққии минбаъдаи давлату мамлакати худ тарбияи фарзандро дар оила дар ҷойи аввал мегузоштанду мегузоранд ва ба он аҳамияти ниҳоят калони амалӣ медоданду медиҳанд.» Бартарии арзиши педагогии ақидаи Фитрат дар боби тарбияи фарзанд дар он ифода меёбад, ки ӯ тарбияи фарзандро ба мардумони мутаммадини дунё, инкишофу таназзул, музаффарияту мағлубият, бурду бохт, хушбахтиву бадбахтӣ, фазилату ҷаҳолат ва пешравию таваққуфи онҳо дар як радиф мегузорад ва бо садои баланд мегӯяд: «Сайъ кардан, иззат ёфтан, ба давлат расидан, комёб гардидан, эҳтиром дидан, ҷаҳонгир шудан, суст мондан, залил ёфтан, ҷомаи фақр пӯшидан, бори бадбахтӣ кашидан, эътибор наёфтан, толеъ, асир ва ғуломи дигарон гаштан-ҳамагӣ натиҷаи тарбият аст, ки афроди як қавм дар ҳангоми кӯдакӣ аз падару модари худ мебинанд».
Абдурауф Фитрат ду ибораро паҳлуи ҳам мегузорад: яке дӯстдории фарзанд (дӯст доштани фарзанд-М.Л.), дигаре тарбияи фарзанд. Ва баъд фикрашро далерона баён менамояд: «Мардуми Осиёи Миёна, — менависад ӯ, — ки тоҷикон қисме аз онҳоянд, ба мисли мардуми тамоми олам фарзандони худро дӯст медоранд… Баробари ҷонашон дӯст медоранд, дар амал ва дар ҳақиқат, ба тарбияи ҳақиқиву дуруст ва аслии фарзандонашон бепарвоӣ зоҳир мекарданду зоҳир мекунанд ва маҳорату қобилияташонро дар тарбияи онҳо нишон намедоданду нишон намедиҳанд. Фитрат падару модаронро огоҳ месозад, ки дар тарбия ба се қувва диққат диҳанд: қувваи бадания, қувваи фикрия, қувваи ахлоқия. Агар нек назар кунем, Фитрат ба ин ақидаи худ ба таълимоти педагогии муосир-тарбияи ақлӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва тарбияи зебоиписандӣ, ки ҷавҳари тарбияи рушди муназзамро ташкил медиҳанд, хеле наздик шудааст. Дигар фикри тозаи ӯ тарбия дар алоқамандии қувваҳо ё унсурҳои тарбия аст. Чи тавре болотар гуфтем, Фитрат фарзанди замони худ буд. Ӯ дар тарбияи фарзанд нисбат ба замонаш фарсангҳо пеш рафта бошад ҳам, ба баъзе хатоҳо роҳ медиҳад. Аз ҷумла, вақте ки перомуни тарбияи бадан сухан меронад, муқобили гаҳвора мебарояд ва мегӯяд: «Гаҳвораҳои мамлакати мо низ ба ҳеҷ ваҷҳ аз зиндон мондагӣ надоранд. Дасту пои кӯдакро бо гаҳворапеч маҳкам мебандем, то ба ҳадде ки он бечора асло ҷунбида натавонад». Ҳоло мо намедонем, ки чӣ ба ӯ таъсир кард, ки ин фикрро бигӯяд, ҳол он ки аз таърих медонист, ки ниёгони мо, аз ҷумла, Ибни Сино ва Носири Хусрав гаҳвораро дастгирӣ ва таъкид мекарданд: «Кӯдак дар гаҳвора ба роҳат хоб меравад, андомаш рост ба камол мерасад, фикраш ором мешавад».
Дар ҳар сурат, арзиши педагогии рисолаи Абдурауфи Фитрат хеле болост ва пешниҳод карданиям, ки агар он бо каме таҳрир нашр карда шавад (ин китоб бори охир соли 2010 чоп шуда буд), аз манфиат холӣ нест. Ҳамчунин, агар эссеи (ин вожаи худи устод аст) олим ва адабиётшиноси машҳури халқамон Соҳиб Табаровро (оид ба рисолаи «Оила ё худ вазоифи хонадорӣ») ба теъдоди зиёд нашр намоем, нуран ало нур мешавад.