
Обидҷон МАҲМУДЗОДА –
адабиётшинос, доктори
илмҳои филологӣ
Дар қаламрави илму маориф ва фарҳанги миллӣ дар ҳар марҳала шахсиятҳои арзандае ба воя мерасанд, ки бо ибтикори шоистаашон дар миёни ҷомеа мавқеъ пайдо карда, ба халқу Ватан содиқона хидмат менамоянд. Онҳо бо камоли масъулият рисолати хешро дар назди мардум иҷро карда, барои пешрафту рушди диёр заҳмат мекашанд, илмро сайқал медиҳанд ва дар таҳкими маорифи халқ саҳми шоиста мегузоранд.
Донишманди соҳибназар ва омӯзгори соҳибзавқ, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор Абдуҷаббор Раҳмонзода аз ҷумлаи чунин чеҳраҳои пурфурӯғи миллати мо ба шумор меравад. Ин шахсияти барҷаста бо заҳмату кӯшишҳои зиёд дар ҷодаи илму маориф ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст. Хидмати донишманди мумтозро метавон дар чанд арса муаррифӣ намуд. Дар навбати аввал ӯ ҳамчун муҳаққиқ ва адабпажӯҳи мумтоз шинохта шуда, дар масъалаҳои мубрами адабиёти гузаштаву муосир, фарҳанги миллӣ ва тарғиби ҷашну маросими куҳан мақола ва рисолаҳои зиёд таълиф кардааст.
Фаъолияти илмии Абдуҷаббор Раҳмон-зода бо таҳқиқи масоили мубрами насри муосири тоҷик бахшида шудааст. Ӯ дар ин мавзуъ мақолаҳои зиёд таълиф намуда, рисолаи номзадиашро таҳти унвони «Консепсияи замон дар насри бадеии солҳои 70-80-уми асри 20-и тоҷик» соли 1991 дифоъ кардааст. Устод дар асоси сарчашмаҳои зиёди илмиву назарӣ баъзе паҳлуҳои масоили бадеиро дар мисоли эҷодиёти адибони шинохтаи тоҷик Фазлиддин Муҳаммадиев, Ӯрун Кӯҳзод, Саттор Турсун… мавриди пажӯҳиш қарор дода, нақши мақулаи мазкурро дар эҷоди бадеӣ, тафаккури адабӣ, таҳаввулу ташаккули сужет ва равиши воқеаву ҳодисаҳо саҳеҳ муайян кардааст. Таҳқиқи масъалаи мазкур ба устод Абдуҷаббор Раҳмонзода даст додааст, ки ба корҳои илмӣ ҷиддӣ машғул шавад ва як қатор мақолаву рисолаҳоро таълиф намояд. Ӯ дар мақолаҳои «Консепсияи шахсият ва замони бадеӣ дар повести «Шоҳии Япон»-и Фазлиддин Муҳаммадиев», «Таркиби замони бадеӣ дар повести «Як рӯзи дароз»-и Ӯрун Кӯҳзод», «Ташаккул ва таҳаввули жанрҳои адабӣ дар насри муосири тоҷикии даврони Истиқлолият», «Проблемаи омӯзиши устура аз нигоҳи М. Шукуров», «Тасвири ҷаҳони эстетикии инсон дар эҷодиёти Искандари Хатлонӣ», рисолаҳои «Маърифати замон», «Манбаъҳои асотирӣ ва ривоятӣ дар адабиёти тоҷики охири садаи XIX ва авали садаи ХХ» ва амсоли инҳо масъалаҳои мухталифи назму насри гузаштаву муосири тоҷикро мавриди баррасӣ қарор додааст. Нахустин мақолаи устод соли 1983 ҳангоми дар курси панҷум таҳсил карданаш бо номи «Дар роҳи ҷустуҷӯ» оид ба хусусиятҳои услубиву бадеии повести «Баъд аз сари падар»-и А. Самадов (маҷаллаи «Садои Шарқ») чоп шуда буд.
Баъдан ӯ, ба масъалаи таъсири устура ва устурасозӣ дар адабиёти бадеиву таърихӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир карда, дар ин мавзуъ низ мақолаҳои зиёд таълиф кардааст. Силсилаи таҳқиқоти амиқи устод дар заминаи сарчашмаҳои асотирӣ ва ривоятӣ дар адабиёти муосири тоҷик созгар ба он шуда, ки рисолаи докториашро бо унвони «Манбаъҳои асотирӣ дар адабиёти тоҷики нимаи аввали асри ХХ» бомуваффақият дифоъ намояд. Дар ин рисола бори аввал дар адабиётшиносии тоҷикӣ муаммои устура ва таъсиру нақши он дар адабиёти садаи XX мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Муҳаққиқ анъанаи корбурди образу сужаҳои асотирӣ, мазмуни маҷозию рамзӣ гирифтани онҳо, инчунин тасаввуроти замонию маконии асотириро дар адабиёти тоҷикӣ – форсӣ омӯхта, дар ин замина бисёр масъалаҳои ташаккулу таҳаввули адабиёти гузаштаву муосири тоҷикро таҳқиқ кардааст. Махсусан, заминаҳои падид омадани тафаккури нави асотириро дар адабиёти садаи XX вобаста ба шароити нави таърихию иҷтимоӣ баррасӣ карда, тағйири шакл кардани образу персонажҳои асотириро бо мисолҳои возеҳу равшан тавзеҳ бахшидааст. Рисолаи илмии устод Абдуҷаббор Раҳмонзода навҷӯӣ дар адабиётшиносии тоҷикӣ буда, устура-пардозиро (мифопоэтика) дар тафаккури адабӣ муайян мекунад. Ба ғайр аз ин, таъсири образҳои асотириро дар зеҳни эҷодкор ошкор ва аҳаммияти маънавии онҳоро дар таркиби асарҳои адибони давраҳои мухталиф муайян менамояд. Дар рисола бо таъсири асотир ва қонунмандии тасвири он падид омадани равандҳои нав дар адабиёти тоҷикии садаи XX низ нишон дода шудааст. Вобаста ба ин самти муҳимми таҳқиқот донишманди соҳибназар ба таълифи чанд асари муҳим ва арзишманди илмӣ муваффақ гардидааст, ки рисолаҳои «Назария ва сайри таърихии устурасозии форсии тоҷикӣ», «Пиндорҳои асотирӣ дар адабиёти тоҷик», «Заминаҳои асотириву маросимӣ дар адабиёти нимаи аввали садаи ХХ» аз ҳамин қабиланд. Арзиш ва аҳаммияти илмии пажӯҳишҳои устод Абдуҷаббор Раҳмонзода на танҳо дар доираи илмии Тоҷикистон, балки берун аз он низ эътироф гардида, қисмате аз нигаштаҳояш дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба таъб расидаанд. Махсусан, рисолаи «Назария ва сайри таърихии устура ва устурапардозӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ» (Теҳрон, нашриёти «Мадраса», соли 2009) диққати муҳаққиқони зиёдро ба худ ҷалб кардааст. Баъдтар рисолаи «Пиндорҳои асотирӣ дар адабиёти тоҷикӣ» низ ба хатти форсӣ нашр шуда, манзури аҳли таҳқиқ гардидааст.
Дар идомаи чунин пажӯҳишҳо муҳаққиқ ба хотири муаррифии шоистаи ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла, Наврӯзу Тиргон, Меҳргону Сада як силсила мақолаҳо ба табъ расондааст. Дар баробари ин, муҳаққиқ ба паҳлуҳои мухталифи эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ, Сиддиқхоҷаи Аҷзӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Саттор Турсун, Ӯрун Кӯҳзод, Абдулҳамид Самад, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Кароматулло Мирзоев, Ҷонибек Акобиров, Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулназар, Аскар Ҳаким, Муҳаммад Ғоиб, Ҳақназар Ғоиб, Искандари Хатлонӣ ва дигарон таваҷҷуҳ зоҳир карда, ҳунару истеъдод, сабку услуб ва малакаву маҳорати онҳоро бо диди нав мавриди таҳқиқ қарор додааст. Қисматҳое аз мақолаву рисолаҳои устод А. Раҳмонзода ба таҳқиқи паҳлуҳои гуногуни адабиёти классикии тоҷикӣ-форсӣ бахшида шудаанд. Устод мақом ва мартабаи адибони шинохта, устод Абуабдулло Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Шамсиддини Шоҳин ва дигаронро дар адабиёти тоҷикӣ-форсӣ дуруст муайян карда, таъсиргузории суратмисолҳои асотирӣ ва образҳои асотириро дар тафаккури бадеии онҳо амиқбинона мавриди пажуҳиш қарор додааст. Мақолаҳои устод «Манбаъҳои асотирӣ дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ», «Масоили инсонгароӣ дар эҷодиёти Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» ва амсоли инҳо аз ҳамин қабиланд. Вай, ҳамчунин, доир ба мақоми Абдураҳмони Ҷомӣ дар шинохти тариқати суфия таҳқиқот бурда, дар ин мавзуъ низ мақолаи алоҳида интишор кардааст. Ҳамзамон, оид ба муносибати дӯстонаи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ изҳори назар карда, зимни рисолае мақоми ду шахсияти барҷастаи адабиро дар таҳкими равобити адабии халқҳои тоҷик ва ӯзбек воқеъбинона муайян кардааст. Дар натиҷаи омӯзиши амиқи осори адиби маорифпарвар Шамсиддини Шоҳин рисолаи «Шамсиддин Шоҳин ва анъанаи ғазалсароӣ дар адабиёти тоҷики нимаи дуюми асри ХIХ ва аввали асри ХХ»-ро таълиф карда, эҷодиёти адибро барои дӯстдорони шеъру сухан ба таври шоиста муаррифӣ намудааст.
Устод Абдуҷаббор Раҳмонзода соли 2019 китоби нави худро таҳти унвони «Ҳаёт, адабиёт, воқеият. Китоби якум» аз чоп расонд, ки аз 21 мақола ва панҷ бахш иборат мебошад. Дар китоб баробари таҳқиқи масъалаҳои мубрами адабиёти гузаштааст ва инчунин таҳаввули назму насри муосир, ҷустҷӯҳои бадеиву услубии адибони имрӯза мавриди омӯзиш қарор гирифта, доир ба ҳавзаи адабии Ҳисор низ маълумоти муфид пешниҳод гардидааст. Чанде аз мақолаҳои илмии устод Абдуҷаббор Раҳмонзода ба рушди адабиётшиносии тоҷик ва нақду баррасии осори адабиётшиносон, аз қабили Абдулғанӣ Мирзоев, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Соҳиб Табаров, Худоӣ Шарифзода, Худойназар Асозода, Ҷӯра Бақозода ва дигарон бахшида шудаанд.
Устод дар баробари донишманди соҳибназар будан, ҳамчун сиёсатмадор ва ходими барҷастаи давлатӣ низ эътироф гардидааст. Ӯ ба мактаби давлатдории Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид шуда, фаъолияташро ба сифати мудири шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз кардааст. Аввал ба ҳайси мудири шуъбаи тарҷума ва баъдан ба сифати мудири шуъбаи фарҳанг кор карда, дар татбиқи сиёсати Роҳбари давлатро содиқона хидмат бинмудааст. Соли 2004 устод ба мақоми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд. Дар тайи ду сол дар соҳаи телевизион ва радио ислоҳот ворид карда, ҷиҳати пешрафти соҳа, таҳияи филмномаҳову барномаҳои нав корҳои шоистаро ба анҷом расонид.
Солҳои 2005-2012 академик А. Раҳмонзода дар вазифаи вазири маорифи кишвар фаъолият дошт. Дар ин давра дар такмили низоми таҳсилот таҳаввулот ворид карда, як қатор санадҳои соҳаро аз нав таҳия намудааст. Бо ташаббуси устод аввалин китобҳои таълимии замони Истиқлол ба пуррагӣ чоп шуда, барнома ва нақшаҳои таълимӣ бозбинӣ шуданд. Ӯ бевосита дар таҳия ва таълифи стандартҳои давлатии таҳсилот барои ҳамаи зинаҳои таълим иштирок карда, дар таълифу такмили онҳо ҳиссаи сазовор гузошт.
Устод Абдуҷаббор Раҳмонзода доир ба проблемаҳои соҳаи маориф мақолаҳои зиёд таълиф кардааст. Рисолаи устод «Дирӯз ва имрӯзи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (ҳамқаламон: А. Расулов, Қ. Қодиров, Х. Афзалов) доир ба таърихи ташаккули маориф дар даврони Истиқлоли давлатӣ маълумот медиҳад. Мақолаҳои дигари устод дар бораи ислоҳоти соҳаи маориф, низоми маблағгузорӣ, инчунин, рушди инноватсия ва илм дар низоми таҳсилоти олии касбӣ дар маҷмуаи мақолаҳо ва маҷаллаҳои соҳаи маориф чоп шудаанд. Бояд гуфт, ки устод таҷрибаи хешро дар низоми таҳсилоти олии касбӣ соли 1995 оғоз карда, ҳамроҳ бо адабиётшиноси шинохтаи тоҷик Худойназар Асозода барномаи таълимии «Адабиёти садаи ХХ форсии тоҷикӣ»-ро таълиф намуда буд. Баъдан, барномаи таълимии фанни «Устурашиносӣ»-ро таҳия карда, таълими фанни навро дар факултаҳои гуманитарӣ, аз ҷумла, филологӣ ба роҳ монд. Бо кӯшиши устод китоби дарсии «Муқаддимаи низоъшиносӣ» бо ҳамроҳии муҳаққиқони тоҷику амрикоӣ ба нашр расид, ки ҳоло донишҷӯён аз рӯйи он дарс меомӯзанд.
Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ба сифати ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз соли 2012 то соли 2014 фаъолияти намудааст. Ӯ дар Донишгоҳи мазкур татбиқи ислоҳотро дар низоми таҳсилот давом дода, дар таълифи стандартҳои таълимӣ, таҳияи нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳои фаннӣ фаъолона иштирок кардааст. Устод муддате ба ҳайси Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа кор карда, дар татбиқи сиёсати иҷтимоии Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми босазо гузоштааст. Бо ташаббуси ӯ як қатор ҷашну озмунҳо дар ҷумҳурӣ амалӣ шуда, фарҳанги миллӣ ба таври шоиста тарғиб гардидаанд. Устод дар мақолаҳояш дар ин давра хеш нақши созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди давлатдории миллӣ арзандаву шоиста муаррифӣ карда, бо далелҳои мушаххас бунёдгузори давлати миллӣ будани ин сиёсатмадори барҷастаро исбот кардааст. Ҳамзамон, саҳми Сарвари давлатро дар рушди илму маориф, фарҳангу санъат бесобиқа дониста, эҳёгар будани Пешвои миллатро шарҳ додааст.
Устод Абдуҷаббор Раҳмонзода се сол мешавад, ки ба ҳайси сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон фаъолият дорад. Ӯ дар ин давра ба хотири татбиқи сиёсати хориҷии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳкими муносибати дӯстона миёни халқҳои тоҷику ӯзбек тадбирҳои зиёдро амалӣ карда, ҷиҳати устувор шудани ҳамкориҳои густарда миёни ду давлат ва ду халқи бародар заҳмат мекашад. Академик А. Раҳмонзода дар муддати се соли охир китобҳои «Равобити адабиву фарҳангии халқҳои тоҷик ва ӯзбек» (2018), «Насими дӯстӣ» (2022), «Паёми дӯстӣ ва равобити адабӣ» (2022), «Дипломатия, фарҳанг ва сиёсат» (2023)-ро таълиф намуда, дар онҳо тамоюл ва ташакккули равобити адабӣ байни ду халқи дӯстро воқеъбинона таҳқиқ кардааст. Чанде пеш устод китоби нави худро бо номи «Ҳаёт, адабиёт ва воқеият. Китоби дуюм», ки аз маҷмуи мақолаҳо иборат мебошад, ба чоп расонд. Дар китоби мазкур дар баробари таҳқиқи адабиёти гузаштаву муосири тоҷик ашъори Асад Гулзодаи Бухороӣ, Ҷонибек Қувноқов, Паймон, Саодатбону Сангинова барин шоирони тоҷики Ӯзбекистонро муаррифӣ карда, саҳми онҳоро дар рушди адабиёти тоҷик тавзеҳ бахшида, инчунин, доир ба таъсиси маҷаллаи тоҷикии «Дурдонаҳои Шарқ» ва нақши он дар тарғиби адабиёти тоҷикӣ – форсӣ маълумоти муфассал додааст.
Устод Абдуҷаббор Раҳмонзода на танҳо ходими давлатӣ, ҷамъиятӣ ва олими дақиқназар аст, балки муаллим, раҳнамо ва устоди бисёр муҳаққиқони ҷавон низ мебошад ва буда, дар пешрафти илми ватанӣ, тарбияи насли нави замони истиқлол саҳми шоиста мегузорад.