
Латофат НАЗИРӢ –
номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти ДМТ
Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва та-ҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷи-кистон мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар даврони соҳибистиқлолӣ мафҳумҳои «ваҳдат», «сулҳ», «якдилӣ», «ягонагӣ», «иттиҳод» «иттифоқ» ва «дӯстию бародарӣ» барои ҳар як сокини кишвар муқаддас ва омили сарҷамъӣ гардидааст. Воқеан, ваҳдати тоҷикон ҳамчун омили муттаҳидии миллат аз тарафи ҷомеаи мутамаддин пазируфта шуда, он ба ташкили давлати демократию ҳуқуқбунёд дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ асос гузошт.
Мафҳуми «ваҳдат» категорияи фалсафии қадима буд, метавон онро ба маънии «ягонагӣ аз ҷиҳати фикру ақида, як будани мафкура» фаҳмид. Ягонагии андеша, назар, мақом, мавқеъ дар низоми хонавода, маҳал, муҳити корӣ ва фазои ватану кишвар омили рушд, оромӣ, солимии ақлу хирад ва пешрафти сатҳи илмию касбӣ дар ҷомеаю давлат хоҳад шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдаи миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар маросими таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт (27 июни соли 2006) қайд намудаанд: «Бо гузашти солҳо мо аҳаммияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қимати сулҳу субот ва ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем. Зеро маҳз аз баракати муттаҳид сохтани неруҳои сиёсӣ ва таъмини ризоияти ҷомеа мо пеш аз ҳама, тавонистем истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии Ватани азизамонро ҳифз намоем ва мардуми худро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дорем».
Инак баъд аз 28 сол кулли сокинони кишвар моҳияту баракати Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро дар қалбу тафаккури худ дарк намуданд, ки ваҳдат, ягонагӣ, якмаромӣ, якдилӣ, муттаҳидӣ, дӯстӣ, созиш ва ба ҳам омадани мафкураҳо чи қадар барои инсоният муҳим ва қиматанд.
Маҳз сулҳ, ваҳдат ва ягонагию якмаромии сокинони кишвар бо сарварии Пешвои хирадманду таърихсози худ ба бунёди давлати соҳибистиқлолу демократӣ ва беҳ-тар гардидани сатҳу зиндагии мардум ва ободии Ватан замина муҳайё намуд. Истиқ-лоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ду омили асосии пешрафти ҷомеа маҳсуб ёфта, дар тӯли 34 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи рушди устувор қадам гузошт. Шуҷоату далерӣ, зиракии сиёсӣ, ватандӯстӣ, ҷиддият дар идора ва роҳбарии давлат ба Сарвари тоҷикон имкон дод, ки роҳи орому осоишта, сулҳу ваҳдатро интихоб намуда, миллат ва сокинони киш-варро ба осудагӣ ва зиндагии орому пешрафт расонад. Қавииродагию далерӣ, матонату ватандӯстии фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ва кулли тоҷиконро ба ҳам оварда, ваҳдати комилро дар кишвар таъмин намуд. Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихии худро ҳамчун Пешво, Сарвар ва фарди ватандӯст на танҳо дар ҳифзи дастоварди бузурги таърихӣ, балки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррафӣ намуда, моҳияти таърихии давлату миллат ва мероси бою пурасрори онро ба тамоми инсонияти сайёра расониданд. Ба ҳам омадану созиш кардан, давлату миллат сохтан дар маркази фаъолият ва ҳадафҳои ояндабинонаи Сарвари дурандешу сулҳофари сокинони кишвар меистод, ки онро дар байти зерин метавон хулоса намуд:
Мо барои васл кардан омадем,
На барои фасл кардан омадем.
Бо ифтихор таъкиду суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешваи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи аҳаммияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ қайд менамоем: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳаммияти фавқулодаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас, Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».
Воқеан, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз ҷиҳати мавқеъ ва аҳаммияти бузурги худ бо Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамрадиф аст. Агар ба имзо расидани Эъломия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёриро дода бошад, пас, Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ сулҳу субот ва Ваҳдати сулҳу суботи саросарӣ ва ба ҳам омадани тамоми сокинони кишварро таъмин намуд.
Меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ таъкид мекунанд, ки «яке аз сарчашмаҳои воқеии худшиносии миллӣ қабл аз ҳама, бунёди давлати соҳибистиқлол ваҳдати миллӣ, рӯ овардан ба гузаштаи пурифтихор, ҳифзи тамаддуну мероси фарҳангии ниёгон ва поси хотири шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги миллат мебошад. Сабақҳои ибратомӯзи таърих роҳи гузаштаву имрӯзу ояндаро пешорӯи мо қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохтҳои силсилаи давлату давлатдориҳои тоҷиконро бароямон мекушояд».
Аз тадқиқоту омӯзиши муаррихону муҳаққиқон бармеояд, ки тоҷикон ҳанӯз аз замонҳои дури таърихӣ бо ваҳдатсолориву фарҳангпарварӣ ва созандагӣ эҳтироми хос доранд. Омӯзиши арзишҳои маънавию таърихии ниёгон барои ташаккули ғояи миллӣ, худшиносиву худогоҳии насли наврасу ҷавон ва кулли ҷомеа заминаи устувор мегузорад. Академик Муҳаммадҷон Шукурӣ қайд мекунанд, ки: «имрӯз мо, тоҷиконро зарур аст, ки аҷдодро биёмӯзем, то худро бишносем. Ҳеҷ яке аз риштаҳои худшиносии шахс ва ҷомеаро бидуни ёди таърихӣ тасаввур наметавон кард».
Дар ин ҷода Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари безаволи худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» таъкид менамоянд: «Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин ва марзу буми аҷдодӣ, мероси бойи фарҳангӣ, расму оини ниёгон… огаҳӣ надоранд, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди барӯманди замони худ шуда наметавонанд».
Аз ин рӯ, донистани таъриху сарнавишти миллат ба ҳар як фарди баномуси ватан муҳим ва зарур аст. Чун сухан оид ба масъалаи ваҳдату баҳамоии тоҷикону сокинони кишвар меравад, оид ба чораҳои таъхирнопазири андешидани роҳбари сиёсии кишвар бояд насли созандаи кишвар маълумоти амиқу таҳлилӣ дошта бошад, зеро маҳз гузаштаю имрӯзаи ҷомеа ба рушди ояндаи он замина мегузорад. Дар китоби ниёгони мо «Авасто» оварда шудааст: «Мо сулҳу саломатиро меситоем, ки ҷангу ситезаро дарҳам бикашад. Бишавад, ки мо бо ҳамаи ростону дурустон, ки дар саросари кишварҳо ҳастанд, ҳамкору анбоз бошем ва ба якдигар муҳаббату ёрӣ намоем». Аз ин ҷо бармеояд, ки замири миллати тоҷик аз азал бо таҳаммулгароӣ, инсонпарварӣ, ҳамкорию дастгирии ҳамдигар сиришта шудааст ва тоҷикон бо ҳамаи инсонҳо ҳамеша дар фазои сулҳу субот ва ҳамраъйиву дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмию таҳаммулпазирӣ зиндагӣ доштаанд ва доранд. Ваҳдати миллӣмоҳият ва арзишҳои худро дошта, ба қадр, муҳтаво ва асолати он расидан худ кори муқаддас ва бузург мебошад. Дар таҳким ва пойдории ваҳдати миллӣ нақш ва мақоми ҷавонон муҳим арзёбӣ мегардад. Ҷавонон неруи созанда ва қувваи фаъолу пешбарандаи ҷомеа маҳсуб ёфта, бо ақлу заковат, донишу малака ва маҳорати муосири худ метавонанд дар бунёдкориҳою созандагӣ, худшиносию баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ таъсири мусбат расонанд.
Маҳз баракати ваҳдати миллӣ аст, ки ҷавонони донишманду фаъолро ба арсаи сиёсат ворид намуда, дар шароити чаҳонишавӣ ҷиҳати муаррафӣ намудани Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи сиёсии ҷаҳон ва ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, болоравии шуури миллӣ ва худшиносиии миллии ҷавонон таъсир гузоштан фаъолона корбарӣ менамоянд. Чунончи, бунёдкорию ободиҳое, ки дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе сурат мегиранд, намунаи беҳтарин иқдомҳо аз роҳбарию сарварии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад, ки парвардаи даврони истиқлол мебошад. Шаҳри Душанбе тайи солҳои охир ба марҳилаи бунёдкорию созандагӣ қадам гузошта, корҳои зиёди зебо гардонидани пойтахти кишвар, ба кор андохтани иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолиро бо истифода аз неруи касбию ақлии ҷавонони созандаю донишманд таҳким бахшида истодаанд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки ваҳдати миллӣ метавонад чун идеологияи ҷомеаи навбунёд пазируфта шуда, дар роҳи ташаккул додани ҳувияти миллӣ ва таҳкими давлатдории миллии тоҷикон бо истифода аз неруҳои солими ҷавонон ва созмонҳо нақши муассир бозад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар шаҳри Хоруғ бахшида ба солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ изҳор доштаанд: «… имрӯз вақти он расидааст, ки омӯзиши ваҳдати миллӣ ба сифати унсури меҳварии худшиносӣ ва тафаккури миллӣ ҳамаҷониба таҳқиқ ва тарғиб карда шавад. Дар ин замина, мо бояд дар шуури наслҳои имрӯзу оянда ғояҳои саодатбахши расидан ба қадри истиқлолият ва сабақҳои сулҳу ваҳдатро тавассути барномаҳои фарогир дар байни мардум, алалхусус насли ҷавони кишвар беш аз пеш тарғибу ташвиқ намоем ва ин иқдомро пайваста вусъат бахшем. Тақозои замон низ ҳамин аст, ки консепсияи ваҳдати миллӣ чун қисми таркибиву тавонбахши тафаккури миллӣ эътироф гардида, ҳар як шаҳрванди кишвар ба қадри ин неъмати муттаҳидсози ҷомеа расад ва онро гиромӣ дорад».
Ватандӯстию ватанпарастӣ, башардӯстӣ, эҳтирому рафоқат, сидқу вафо, ваҳдату ягонагӣ дар тафаккуру андешаи миллати куҳанбунёди тоҷик тайи қарнҳо бунёд ёфта, заминаи муҳимми худшиносию худогоҳӣ, бедорию зиракии мардумро тақозо менамояд. Маҳз идеологияи миллӣ, ифтихори шаҳрвандӣ, эҳтирому арҷ гузаштан ба забони миллӣ, муқаддасот ва арзишҳои таърихию фарҳангӣ заминаи дустӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ, баҳамойии тамоми сокинони кишвар хоҳад гашт.
Барои амалӣ намудан ва таъсир расонидан ба тафаккуру андешаи насли наврасу ҷавон нақши мактабу маориф, таълиму тарбия, ташаккули шахсияти ватандӯсту созанда ва эҷодкору навовар муҳим арзёбӣ мегардад. Маърифатпарварию фарҳангсолорӣ дар умқи тафаккури миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик нуҳуфта, аҳли маорифи кишварро зарур аст, ки моҳияти ватандорию донишомӯзиро дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тафаккуру андеша ва мавқеи иҷтимоии насли наврасу ҷавон ташаккул диҳанд.
Ваҳдати миллӣ бидуни инкишофи тафаккури таърихӣ, хештаншиносӣ ва ташаккули тафаккури миллӣ ба даст намеояд. Аз ин рӯ, мактабу маориф дар ташаккули тафаккури миллии насли худшиносу худогоҳ пешоҳанг бояд бошад.
Насли наврасу фаъоли ҷомеаро низ зарур аст, ки ҷонфидоию корнома ва мактаби бузурги фарзонафарзандони миллат, мактаби сулҳофарии меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро омӯхта, барои худ ва барои насли ояндаи сабақи зиндагию ҳаётӣ гиранд ва дар хотираи худ суханони зерро нигоҳ дошта, сармашқи зиндагию фаъолияти амалии худ гардонанд:
Ҳар кӣ бо меҳру вафо бар халқ хидмат мекунад,Номи худро сархати девони миллат мекунад.