
(Ба истиқболи 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва таҷлили 1-уми июн – Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон)
Бобоҷон ҶАҲОНГИР –
сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон натанҳо рӯзи таърихӣ, балки айёми ба ҷомеа ёдовар шудан аз зарурати риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кӯдак ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули ҷомеаи инсонпар-вару адолатпарвар аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳамасола 1-уми июн, ки ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад, фурсати муносиб барои бозбинӣ ва арзёбии тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон мебошад. Басо рамзист, ки таҷлили ин сана ба 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» рост меояд.
Ин санади муҳим, ки соли 2015 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст, ҳамчун асоси ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва таъмини манфиатҳои қонунии кӯдакон дар ҷомеа мавқеи устувор пайдо намуда, аз соли 2015 то соли 2025 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати таърихи таҳкими пояҳои ҳуқуқии ҳифзи кӯдакон дорои аҳаммияти хос аст. Зеро, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ба сифати санади ҳуқуқии миллӣ, ҳадафи асосии худро дар таъмини ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдакон, пешгирии ҳама гуна зӯроварӣ нисбат ба онҳо ва ташкили муҳити амну солим барои рушду тарбияи кӯдакон муайян намудааст.
Қонуни мазкур дар заминаи сиёсату ҳадафҳои миллӣ, иродаи сиёсии Пешвои муаззами миллат ва уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, аз ҷумла, муқаррароти Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак таҳия гардида, ҳадафи аслии он таъмини шароити муносиб барои зиндагӣ, рушд, таълим, ҳифзи иҷтимоӣ, нигоҳубин, муносибати баробар ва иштироки фаъоли кӯдакон дар ҳаёти ҷомеа мебошад.
Дар тӯли даҳ соли амали қонун иқдомҳои мушаххаси давлативу ҷамъиятӣ роҳандозӣ гардиданд, ки барои беҳтарсозии вазъи кӯдакон дар кишвар замина гузоштанд. Аз ҷумла, му-айян намудани Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мақоми вако-латдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, таъсиси вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, таъсиси комиссияҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, таҳкими сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар вазорату идораҳо, таҳия ва амалисозии санадҳои зерқонуние, ки бевосита ва ё бавосита ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак равона шудаанд, тақвияти ҳамкориҳо бо созмонҳои байнал-милалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва ташкили чорабиниҳои иттилоотӣ аз қабили дастовардҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.
Ҳамзамон, дар ин раванд як қатор стратегия, консепсия, барнома ва нақшаҳои миллии амал қабул ва амалӣ шуда истодаанд. Аз ҷумла:
— Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон барои солҳои 2017-2021;
— Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024;
— Барномаи тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии ноболиғон дар муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё маҳдуд кардани озодии адои ҷазонамуда барои солҳои 2020-2024;
— Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон барои солҳои 2023-2027;
— Барномаи барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиёти ҷангӣ баргардондашуда барои солҳои 2023-2027;
— Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028;
— Консепсияи таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2045;
— Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038.
Татбиқи амалии қонун имконият дод, ки дар ҷумҳурӣ марказҳои дастгирии оила ва кӯдак таъсис дода шаванд, кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор ба дастгирии иҷтимоӣ фаро гирифта шаванд, маъракаҳои иттилоотӣ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак баргузор гарданд ва ҷиҳати барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон ва зӯроварӣ нисбат ба онҳо қадамҳои устувор гузошта шаванд. Дар баробари ин, маориф, тандурустӣ ҳамчун ду бахши калидӣ, таваҷҷуҳи ҷиддии давлатро ҷалб намуда, лоиҳаҳои зиёде барои беҳбудии шароити таълим ва ҳифзи саломатии кӯдакон роҳандозӣ шудаанд. Ҳамзамон, бо ташаббусҳои пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, лоиҳаҳои зиёде дар самти таъмини дастрасии кӯдакон ба таҳсилоти босифат, хизматрасониҳои тиббӣ ва муҳити бехатар татбиқ гардиданд.
Бо вуҷуди корҳои ба анҷом расида, боз ҳам вазифаҳои зиёд дар пешанд, аз ҷумла, қабули қонун дар бораи васоят ва парасторӣ, қабули барномаи фарогири ҳуқуқҳои кӯдак, таҳкими пурраи низоми адолати судӣ,я дастрасии кӯдакони осебпазир ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ, татбиқи механизми оилаи парастор, роҳандозии усулҳои муосири пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткории ноболиғон, мубориза бо ҳама гуна шаклҳои табъиз ва хушунат, таълими ҳуқуқии волидон, омӯзгорон ва густариши иштироки худи кӯдакон дар раванди қабули қарорҳо.
Ҳифзи ҳуқуқи кӯдак вазифаи танҳо давлат нест, балки масъулияти ҷомеа, падару модар ва ҳар як фарди солимфикр мебошад.
Таваҷҷуҳ ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар сиёсати иҷтимоии давлат аз афзалиятҳои калидӣ ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ таъкид намуданд, ки «кӯдакон ояндаи миллатанд. Маҳз ба ҳамин хотир давлат ва Ҳукумати мамлакат барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва нигоҳубини ҳамаҷонибаи онҳо иқдомҳои шоистаро амалӣ менамоянд, то онҳо ҳамчун насли босаводу худшинос ба камол расанд ва оянда дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзанда гузоранд» ва аз ин рӯ, таъмини шароити мусоиди ҳаётӣ барои онҳо вазифаи муқаддаси ҳар фарди ҷомеа мебошад.
Бо дарназардошти ин, таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар кишвар ҳамасола бо баргузории маҷмуи чорабиниҳои тарбиявию фарҳангӣ, маърифатию ҳуқуқӣ ва маъракаҳои иҷтимоӣ амалӣ мегардад. Таҷлили 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» на танҳо далели рушди низоми ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар кишвар аст, балки нишонаи устувории сиёсати давлат дар самти таъмини рушди ҳамаҷонибаи насли наврас мебошад.
Маҳз тавассути таъмини ҳуқуқ, озодӣ ва эҳтиёҷоти кӯдакон мумкин аст, ки ҷомеаи солим ва давлатдории устувор бунёд карда шавад. Дар ин замина, ҳамкорӣ ва ҳамбастагии сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳаммияти муҳим дорад. Имрӯз, ҳар як кӯдак бояд эҳсос кунад, ки ҳуқуқаш эҳтиром мегардад, садояш шунида мешавад ва фардои дурахшон дар интизораш аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми ин 10 сол тавассути Қонуни «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва тадбирҳои марбут, иродаи сиёсӣ ва масъулияти иҷтимоии худро дар таъмини ҳуқуқ ва рушди насли наврас собит намуд. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бояд боз як бори дигар таъкид намуд: кӯдакон на танҳо оянда, балки имрӯз ва умеди зиндагии мо мебошанд.