Имомназар ХОЛНАЗАРОВ –
омӯзгори калони кафедраи иқтисод ва
идора дар соҳаи маорифи ДҶТИБКСМ
Замони муосир барои таъмини сифати баланди дониш, рушди малакаю маҳорат, инкишофи қобилият ва эҷодкорӣ, татбиқи роҳу усулҳои нави роҳбарӣ, ҷорӣ намудани принсипҳои ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳавасмандиро аз муассисаи таълимӣ ва роҳбари он тақозо менамояд. Аз ин рӯ, вазифаи асосии муассисаҳои таълимӣ дар замони муосир муайян кардан ва самаранок истифода бурдани неруи ҳамаи иштирокчиёни ҷараёни таҳсил ва фароҳам овардани имконият ва тақвият бахшидани қобилияти эҷодии омӯзгорону хонандагон мебошад.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки имрӯз дар муассисаҳои таълимӣ вуҷуд дорад, ташкили муҳити кории созгору босамар ва дастгирии ҳамдигар дар байни кормандон ба шумор меравад.Ташкили чунин муҳит барои баланд бардоштани сифати таълим, рушди қобилиятҳои хонандагону омӯзгорон метавонад нақши бориз дошта бошад. Нақши асосиро дар ин раванд роҳбарони муассисаҳои таълимӣ мебозанд. Маҳз онҳо бояд қобилияти эҷоди фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкорӣ ва ҳавасмандии кормандонро ташкил ва таъмин намоянд. Ҷанбаи асосии идоракунии муваффақонаи муассисаи таълимӣ ташкили шароити дилписанди корӣ, ба роҳ мондани робитаи босамар дар байни кормандон, инчунин, ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии онҳо дар ҳамаи зинаҳо ба ҳисоб меравад.
Пешрафту муваффақияти ҳар як муассисаи таълимӣ аз он вобаста аст, ки роҳбарият чӣ гуна ва то куҷо муҳити созгорро барои кормандону хонандагон муҳайё кардааст. Ин на танҳо муҳити умумии корӣ, инчунин, фазои мусоиди равониеро дар бар мегирад, ки дар он муҳит ҳар як корманд мақому манзалати баланди худро эҳсос мекунад.Ин боис мегардад, ки корманд бо шавқу рағбат ва дасту дили гарм баҳри фатҳи қуллаҳои нав талош варзад. Барои ба ин мақсад расидан роҳбар бояд:
1. Муассисаи таълимиро бо васоилу технологияи зарурӣ ва таҷҳизоте, ки барои фаъолияти омӯзгорон ва ҳамкорон зарур аст, таъмин намояд;
2. Муҳити ором ва дастгирёбандаро ташкил кунад, зеро фазои мусоиди равонӣ дар байни коллектив низ барои самаранокии кор аҳаммияти бузург дорад. Роҳбарият бояд фарҳанги эҳтироми мутақобиларо роҳандозӣ ва муносибату муо-ширати мусбати байниҳамдигариро дастгирӣ намояд. Ҳамчунин, шароит ё худ муҳите фароҳам оварад, ки ҳар як корманд имконияти рушду пешрафт ва ташаккул ёфтанро дошта бошад.
3. Дигар ҷанбаи муҳим дар фаъолияти роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, таъмини ро-битаи босамар мебошад. Роҳбарон бояд на танҳо фармонравою ташкилотчӣ, инчунин, бояд дар як вақт чун шунаванда фарҳанги неки муоширатро соҳиб буда, ҳамкорони худро гӯш карда тавонанд, аз эҳтиёҷоти ӯ огаҳӣ ёбанд ва дар баробари ин, фазои мусоидро барои мубодилаи озодонаи фикру андешаҳои онҳо таъмин созанд.
4. Роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бояд робитаи мутақобилаи кормандону маъмуриятро вусъат бахшанд. Робитаи озод ва доимӣ ба кормандон имконият медиҳад, ки паҳлуҳои мусбату қавии худро дарк намоянд ва барои беҳбудии паҳлуҳои заифи хеш талош варзанд, табодули таҷриба кунанд, аз ҳамкорону роҳбарон шарм накарда, мадад ҷӯянд. Дар байни коллектив бояд чунин муҳите ҳукмфармо бошад, ки ҳар як корманд тавонад, фикру андешаи худро бе тарсу ҳарос баён кунад ва дилпур бошад, ки барои ибрози ақидааш танқид ва мазаммат намешунавад.
5. Роҳбарони муассисаҳо дар қабули қарор ва фармоишҳо бояд шаффофиятро таъмин намоянд. Онҳо вазифадоранд, ки қарор ва фармоишҳои худро асоснок карда, дар байни кормандон шарҳу тавзеҳ диҳанд. Ин боис мегардад, ки дар байни коллектив нофаҳмию нобоварӣ ва ҳар гуна гапу калочаю миш-мишҳо аз байн равад ва боварию эътимод ба роҳбарият афзояд.
6. Муваффақияти дигари роҳбарон аз маҳорати муттаҳид сохтани коллектив вобаста аст. Дар ин ҷода ташкил намудани ҷамъомаду чорабиниҳои якҷоя, тренинг, суҳбату вохӯриҳои пайваста алоқаи роҳбаронро бо ҳамкорон мустаҳкам намуда, барои ташкили фазои эҳтироми тарафайн ва дастгирии ҳамдигарӣ мусоидат мекунад.
7. Ҳавасмандкунӣ ҷузъи калидии идоракунии муассисаи таълимӣ ҳисобида мешавад. Роҳбарон бояд роҳҳои ҳавасмандкунӣ ва дастгирии кормандонро пайдо намоянд, то ки онҳо боз ҳам бештар руҳбаланд гардида, барои самаранокии кор ва рушди маҳорати касбии хеш кӯшиш ба харҷ диҳанд. Яке аз самтҳои асосии ҳавасмандгардонӣ, эътирофи муваффақияту комёбиҳои ҳамкорон мебошад. Роҳбарон бояд пайваста барои ба таври шифоҳӣ, хаттӣ, қадршиносӣ кардан бо роҳҳои гуногун ва ё додани имконоти иловагӣ ба хотири рушди маҳорату қобилият аз роҳу усулҳои гуногун истифода баранд.
8. Роҳбарон бояд барои кормандон дар дохили муассиса ҷиҳати рушду тақвияти маҳорату малакаи педагогӣ шароит фароҳам оваранд. Фаъолияти роҳбаладон, шурои методӣ ва иттиҳодияҳои методиро бо талаботи замони муосир мутобиқ созанд. Барои аз курсҳои такмили ихтисос гузаштан ва дар тренингҳои касбию семинарҳои омӯзишӣ иштирок намудани омӯзгорон мусоидат намоянд. Ин омил на танҳо барои рушди касбии устодону омӯзгорон кумак мекунад, балки фаъолияти онҳоро арзишманд ва мақсадноку шавқовар мегардонад.
9. Роҳбарон бояд дар қалби кормандон тухми боварӣ ва эътимодро нисбат ба роҳбарият кошта тавонанд, ба кормандони худ боварӣ дошта бошанд. Дар навбати худ, кормандон низ дар симои роҳбари муассиса рафиқ, дӯст ва мушкилосонкунро дарёбанд.
10. Роҳбарон бояд пурсабру ботаҳаммул бошанд, тез — тез хашмгин ва асабонӣ нашаванд. Аз эроду ибрози камбудиҳо хафа нашаванд. Бубинед, дар Фаронса агар роҳбареро таъриф кунед, ӯ сахт меранҷад ва аз шумо бовариаш коста мегардад. Ӯ мегӯяд, ки ту дӯсти ман наӣ. Дӯсти ман он касест, ки камбудии маро рӯ ба рӯ гӯяд. Чун ту маро таъриф мекунӣ, ман гумон мекунам, ки ҳеҷ норасоие надорам ва барои пешрафт дигар кӯшише намекунам. Чун ту камбудиҳои маро гӯшрас мекунӣ, ман ҳаракат мекунам, ки ин камбудиҳоро ислоҳ кунам. Ислоҳи ҳар як камбудӣ худ пешравию муваффақият мебошад.
Ба кормандон тамғаи «хуб» ё «бад» нагузоред. Кӯшиш кунед, ки ҳама вазифаи худро софдилонаю содиқона иҷро кунанд Тағйир додани омӯзгорон кори саҳлу осон нест. Роҳбар бояд дар хотир дошта бошад, ки дигаргуниҳо ва тағйиротро ҳама дар як вақт ва як хел қабул надоранд. Ин дигаргуниҳо, методу усулҳои нав бо мурури замон амалӣ мешаванд. Ҳар якеро муддату вақти гуногун лозим меояд, то ки ин заруратро дарк ва раванди дигаргуниро қабул намояд, зеро ҳар як омӯзгор сатҳи дониш, тафаккур ва омодагии худро дорад.
Гузашта аз ин, роҳбарон бояд ин чор принсипро мунтазам риоя кунанд:
1. Ҳамеша ва дар ҳама ҳолат муҳаббату ғамхориро нигоҳ доранд.
2. Инсон дарҳол дигаргун намешавад. Худи шумо ҳам якбора ба ин сатҳ нарасидаед.
3. Дар байни коллектив ва хонандагон кормандро эрод нагиред, танқид накунед ва ба иззати нафси касе нарасед.
4. Агар танқид карданӣ бошед, дар алоҳидагӣ бигӯед, агар таъриф кардан хоҳед, ин корро дар байни коллектив анҷом диҳед. Хулоса, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дар ташкили муҳити хубу руҳафзои корӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳавасмандгардонии омӯзгорону кормандон нақши калидӣ доранд. Асоси фаъолияти босамару муваффақонаи муассисаи таълимӣ низ аз қобилияти роҳбар дар ташкилу фароҳам овардани муҳити созгори корӣ, таъмини робитаи тарафайн ва дурусту шаффоф ҳавасмандгардонии кормандон вобаста аст. Аз ин рӯ, дар муассисае, ки роҳбар кормандони худро фаъолона дастгирӣ мекунад ва барои рушди онҳо ғамхорӣ менамояд, он ҷо муҳите мегардад, ки ҳам омӯзгорон ва ҳам хонандагон метавонанд ба комёбиҳои беназир ноил гарданд.
