
Акрамов МИРОНШОҲ,
Исматов ҶАВОНМЕҲР,
омӯзгорони география ва биологияи
Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент
Имрӯзҳо таъминоти оби нӯшиданӣ дар миқёси ҷаҳон ба яке аз мушкилоти глобалӣ табдил гаштааст. Яке аз сабабҳои асосии норасоии оби нӯшиданӣ тағйир ёфтани иқлим дар сайёраи Замин аст. Пиряхҳои бузургу боазамат тадриҷан об шуда истодаанд. Моҳияти норасоии об торафт бештар ҳис мегардад, ин на аз кам гардидани захираҳои об, балки аз тақсимоти нобаробари захираҳои обист. Дар Тоҷикистон дарёҳо асосан аз баландкӯҳҳо сарчашма мегиранд.
Барои ба водӣ, ба ҷойи зисти аҳолӣ овардани обҳои тозаи ошомиданӣ маблағи зиёд ва техникаи замонавӣ лозим аст. Яъне, об дар ҷойи зарурӣ кам аст. Аз ин рӯ, дар замони муосир проблемаи ҳифзи об ва сарфаи он ба амал омадааст. Вазъияти экологиро танҳо бо дастҷамъӣ ва камоли кордонӣ ба эътидол овардан мумкин аст. Барои ин маърифати экологиро дар байни аҳолӣ баланд бардошта тарзи дурусти муносибат бо табиат ва истифодаи захираю сарватҳои табииро донистан шарт ва зарур аст.
Барпо намудани системаи иттилоотии давлатии об дар роҳи оқилона истифода бурдани захираҳои обӣ дар ҷумҳурӣ тадбири муҳим мебошад. Дар системаи мазкур маълумот оид ба дарё, кӯл, канал, обанбор, пиряхҳо, дар бораи истифодаи оби онҳоро дар хоҷагии халқ ҷамъбаст карда, ба низоми муайян даровардан муҳим мебошад. Тоза нигоҳ доштани манбаъҳои оби ошомиданӣ барои инсон проблемаи аввалиндараҷа аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 2000 корхонаи мухталифи истифодабарандаи об мавҷуданд, ки обҳои ифлосшудаи онҳо ба ҷараёнҳои обҳои рӯизаминӣ ҳамроҳ мешаванд, ки назар ба обҳои истифодашаванда тақрибан 20 фоизро ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, ҳолатҳои бо партовҳои саноатӣ ифлос шудани оби дарё ба назар мерасад. Аз сабаби микдори зиёди партовҳои сахт дар обҳои вилояти Суғд оби аксар маҳалҳо аз меъёрҳои муқаррарӣ зиёд гардидааст. Масалан, дуруштии об аз меъёр ду баробар зиёд мебошад. Чунин об, махсусан, ба организми бачагон бештар таъсири манфӣ дорад. Дар вилояти Суғд қариб 4,53 фоиз, дар вилояти Хатлон 5,94 фоиз, дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 0,84 фоиз, дар ноҳияҳои тобеи марказ 4,7 фоиз бачагон гирифтори бемории санги гурда гаштаанд. Ин ба тағйир ёфтани фаъолияти гурдаҳо ва мубодилаи мод-даҳо бар асари гармо ва истеъмоли зиёди он вобаста аст.
Масъалаи дигари марбут ба мавзуъ баландшавии сатҳи оби зеризаминӣ дар як қатор ноҳияҳои вилояти Суғд мебо-шад. Қариб 5000 оила дар ноҳияи Б. Fафуров зарар диданд. Бар замми ба-ландшавии оби зеризаминӣ, иншооти гидротехникӣ, насосҳои барқии обкаш корношоям шуда, боиси бад шудани ҳолати мелиоративии заминҳо гардид. Шабакаи заҳбуру заҳкашҳои солҳои пеш сохташуда имрӯз то андозае фарсуда гашта, аз уҳдаи кашидани оби ба рӯй баромадаро надоранд. Инчунин:
1. Дар қаламрави вилоят дарёҳо ва захираҳои обӣ ба таври нобаробар ҷойгиранд.
2. Аксари дарёҳо дар қисми кӯҳӣ шакл гирифта, то резишгоҳи худ омада намерезанд.
3. Баъзе дарёҳо, ба монанди Қаромазор, Оқсу, Ширинсой, Хоҷабоқирғон характери мавсимӣ доранд.
4. Таъсири инсон ба муҳити атроф афзудааст.
Дар баробари ин, дар табиат таъсири зараровари обҳо низ ҷараён дорад. Ба таъсири зараровари обҳо; ҳаракати тармаҳо дар кӯҳсор ва минтақаҳои нишебӣ, лағжишҳои фалокатовари пиряхҳои ҳаракаткунанда, кӯлҳои баландкӯҳии хатари кандашавидошта, боронҳои сел ва обхезӣ, эрозияи об, тамоюли баландшавии оби зеризаминӣ ва боронҳои кислотанок дохил мешаванд.
Ифлосшавии обҳои табиӣ дар натиҷаи фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ, хочагӣ, рӯзгор, садама ва дигар омилҳо ба амал меоянд. Ба дарёҳои калонтарини дунё ҳар шабонарӯз ҳазорҳо тонна партови саноатии таркибашон моддаҳои заҳрнокдошта мерезанд. Оби баъзе дарёҳоро, махсусан, дар мамолики тараққикарда на танҳо барои нӯшидан, балки барои обёрӣ кардани замин низ истифода кардан манъ шудааст. Инсон обҳои дарёҳо ва кӯлҳоро ифлос намуда, ба онҳо на танҳо партовҳои ифлос, балки обҳои нисбатан тозаи гармкардашударо рехта, ҳарорати онҳоро зиёд мекунад. Дар натиҷаи гармшавии обҳои обанборҳо суръати инкишофи рустаниҳои обӣ тезонида мешаванду норасоии оксиген дар об ба вуҷуд меояд. Дар навбати худ ин ба ҳалокати мавҷудоти зиндаи обӣ оварда мерасонад.
Бо тараққиёти бемайлони илму техника ва бунёди техникаҳои ҳарбию шаҳрвандӣ, истифодаи зиёди маводи сӯхт, неруи атом ифлоскунии обҳои зеризаминӣ, рӯизаминӣ ва атмосфериро якбора афзуд. Масалан, ҳангоми парвоз тайёраҳо ё киштиҳои кайҳонӣ миқдори зиёди СО2 ва пайвастҳои узвӣ хориҷ мекунанд, ки онҳо обҳои атмосфериро ифлос менамоянд. Чунин ҳодиса, алалхусус, ҳангоми ҷангҳо бо истифодаи авиатсия бештар мушоҳида мегардад. Манбаи дигари ифлосшавии обҳо, тарконидани бомбаҳои гуногун мебошад. Зимни таркиши бомбаҳо миқдори хеле зиёди моддаҳои заҳрдор хориҷ гардида, ҳам обҳои рӯизаминӣ ва ҳам обҳои зеризаминиро ифлос менамоянд. Имрӯз як қатор давлатҳои абарқудрат дар уқёнусҳо базаҳои ҳарбӣ сохтаанд. Мавҷудияти базаҳои ҳарбии обӣ боиси заҳролудшавии уқёнусҳо мегардад, ки он дар оянда барои ҳаёти умуман мавҷудоти зинда таҳдиди бузург мебошад.
Дар баробари ин, роҳҳои обӣ бемайлон зиёд шуда истодаанд. Ба воситаи ин роҳҳо бисёр кишварҳои дунё нафтро дар танкерҳои бузург интиқол медиҳанд. Ҳангоми садамаи танкерҳо, ки миқдори ниҳоят бузурги нафтро мекашонанд, масоҳати хеле зиёди обҳои укёнусҳо ва баҳрҳо заҳролуд мешаванд, ки хатари бузург барои боқӣ мондани ҳаёт дар оянда мебошад. Масалан, дар нимаи аввали соли 2003 дар соҳилҳои кишвари Испания чунин як танкери нафткашон ба садама дучор гардид, ки он боиси нигаронии аҳли мардумони як қатор кишварҳои дунё гардид. Ҳангоми ҷангҳои беасос ва истилогарона лӯлаҳои нафт вайрон карда шуда, манбаъҳои нафтистеҳсолкунӣ сӯзонида мешаванд. Дар натиҷаи сӯхтани нафт миқдори хеле бузурги омехтаи моддаҳои узвӣ ва ғайриузвӣ ба атмосфера равона гардида, оби атмосфериро олуда менамоянд.
Ифлосшавии обҳои баҳрҳо ба ҳалокати узвҳои хурдтарини рустаниҳо – фитопланктонҳо, ки дар қабати болоии обҳои баҳрӣ муаллақанд ва ҷузви аввали занҷири хӯрокаи мавҷудоти баҳрӣ мебошанд, таҳдид мекунанд. Агар фитопланктон ба ҳалокат расад, пас, захираи оксигени барои инсону ҳайвон зарурӣ бештар аз 2 маротиба кам мешавад. Таъсироти обӣ бо фулузоти вазнин, фторидҳо маҳсулоти нафт ва дигар моддаҳои заҳрогин аз ҷониби корхонаҳои филизсозии ранга ва саноати химия ифлос карда мешаванд. Масъалаи ҳифзи захираҳои обӣ ва тоза нигоҳ доштани онҳо барои ҳамаи давлатҳо ташвишовар аст. Бо суръат пешравии соҳаҳои хоҷагӣ, аз ҷумла, саноат, боркашонӣ ва чорводорӣ боиси ифлосшавии оби дарёҳо гардидааст.
Тоҷикистон як қисми материки бузурги Авруосиё мебошад. Пиряхҳо ва барфҳои доимии кӯҳҳои Тоҷикистон манбаъҳои асосии об барои минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мераванд. Дар ин ҷо қариб ҳамаи захираҳои обии дарёҳои Панҷ, Вахш, Қизилсу, Кофарниҳон, Зарафшон, Бартанг, Fунд, Ванҷ ва ғайраҳо ташаккул меёбанд. Аз сабаби баланд гаштани ҳарорат, хусусан, дар айёми тобистон ва миқдори ками барф пиряхҳои зиёде пурра об ва ба ғубор мубаддал гаштаанд. Пиряхи дарозтарин ва бузургтарини Осиёи Марказӣ – Федченко то 1-1,5 км об гаштааст. Пиряхи Гармо мунтазам об гашта, ба қисмҳои ҷудогона пароканда мегардад. Аз соли 1932 то соли 2005 ин пирях то 7 км кӯтоҳ шудааст. Пиряхи ҳаракаткунандаи Ҷамъияти Географӣ – Кашолях мунтазам наздик мешавад. Аз соли 2005 он то 200-500 метр пеш рафта, ба резишгоҳи дарёи Абдуқаҳҳор расидааст. Дар пайкари пирях фурӯравии ях пайдо шуда истодааст, ки ба тағйирёбии маҷро ва пайдоиши кӯли пирях оварда мерасонад. То охири асри ХХ пиряхи Совуқдара дар Помир то 2 км, пиряхи Зарафшон беш аз 1 км кӯтоҳ гаштааст. Пиряхҳои Тоҷикистон минбаъд низ тамоюли кӯтоҳшавӣ доранд, ки он метавонад ба манбаъҳои обии тамоми Осиёи Марказӣ, хусусан, ба деҳот, биёбон ва воҳаҳо таъсири манфии худро расонад[1]. Гармшавии глобалӣ ба манбаъҳои оби Тоҷикистон, бахусус, пиряхҳо аллакай таъсири худро расонидааст. Маҳз захираҳои энергетикии ҷумҳурӣ аз пиряхҳо сарчашма мегиранд. Пиряхҳо 8 ҳазор километри мураббаъ масоҳат доранд. Аммо ин захираҳо тамомнашаванда нестанд. Пешбинӣ шудааст, ки то соли 2050 ҳарорати миёнаи солона то 1,8-2,90С баланд мешавад ва аз ин сабаб талаботи биологии рустаниҳо барои об 1-10 фоиз зиёд мегардад. Вобаста бо баландшавии ҳарорати гармӣ ҳазорҳо пиряхи майда нест мешаванд. Майдони умумии яхбандӣ то 20 фоиз ва ҳаҷми ях бошад, 25 фоиз кам мегардад. Тағйироти иқлим барои рушди иқтисодиёти кишвар, сарватҳои табиӣ ва пеш аз ҳама, саломатии аҳолӣ оқибатҳои номатлуб оварда метавонад.
Неруи яксолаи захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷумҳурӣ 527 млрд. кВт-соатро ташкил медиҳад, ки қариб 40-50 фоизи он барои истеҳсоли қувваи барқ имкони техникӣ дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар олам 5-умин давлатест, ки вобаста ба ҳамагуна шакли истифодаи об дастрасӣ дорад. Бинобар ин, маҳз бо ташаббуси Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон се конфронси байналмилалӣ бахшида ба масъалаҳои об ташкил ва баргузор гардид. Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии СММ солҳои 2005-2015 Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон гардид, ки ин ташаббусро 141 давлати дунё дастгирӣ карданд.
Ҳамзамон, дар бораи баҳр-кӯли Арал ва камоб шудану аз байн рафтани он бо нигаронӣ сухан меронанд. Барои наҷоти он ҳар гуна созмонҳои байналмилалӣ таъсис дода шудаанд, маблағҳои калон низ сарф карда мешавад. Воқеан, он хатари калони экологӣ дорад ва ба минтақаи Осиёи Марказӣ таъсири бад расонида истодааст.
Бидуни андешидани чораҳои қатъӣ ва бетаъхир дар оянда офатҳои табиӣ (селу тарма, жола ва амсоли инҳо) метавонанд хисороти зиёде ба бор оваранд ва сабаби ба таври зиёд паҳн гаштани бемориҳо гарданд. Аз ин сабаб, дар доираи чорабинии Соли байналмилалии қутбӣ иштирок намудани Тоҷикистон, ки соли 1998 Конвенсияи меъёрии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ба тасвиб расонида буд, зарурати воқеӣ дорад. Ҳадафи асосии Соли байналмилалии қутбӣ муайян намудани тағйирёбии феълӣ ва ояндаи иқлим, баҳодиҳии вазъи муҳити зист ва оқибатҳои ин дигаргунӣ ҷиҳати таҳияи тавсияи амалӣ оид ба рушди устувори иҷтимоӣ-иқтисодии манотиқи қутбӣ мебошад.
Мақсади иштироки Тоҷикистон дар ин чорабинии муҳим аз гирифтани маълумоти тоза оид ба таҳаввулоти гидрометеорологӣ дар кишварҳои баландкӯҳ иборат аст. Доираи фаъолияти тадқиқотчиёни тоҷик вобаста ба ин чорабинии байналмилалӣ дар минтақаҳои кӯҳсор ба роҳ мондани назорати метеорологӣ, биологӣ, тиббӣ, бо ҷалби мутахассисон ва захираҳои техникии созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҳамҳудуд дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистону Осиёи Марказӣ гузаронидани экспедитсияи глятсиологӣ (яхшиносӣ), муҷаҳҳазсозии марказҳои обу ҳавошиносӣ ва такмили барномаи фаъолияти онҳо бо мақсади аз нав барқарор кардани назорати пиряхи бузурги Осиёи Марказӣ – Федченко, ҳамкорӣ бо марказҳои ҷаҳонии яхшиносии Россия, Швейтсария, Олмон, муайян сохтани ҳолати системаи экологӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ва монанди инҳоро дар бар мегирад. Чунин ҳадафҳо дар Консепсияи гидрометеорологии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 инъикос ёфтаанд. Ба он, аз ҷумла, вазифаҳои таъмини тамоми инфрасохтори иттилоотии гидрометеорологӣ оид ба вазъи обу ҳавои кӯҳсор дохил мешаванд.
[1]Крупнейшие ледники Средней Азии – ледники Федченко и Зеравшанский // Результаты метеорологических и гидрологических исследований. – Изд-во Ленинград.ун-та, 1967. – С. 188-194.