
Саидзода Раҳим ҲАМРО –
вазири маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои ҳар фарди Тоҷикистон маълум аст, ки беҳтарин неъмати даврон Истиқлоли давлатист. Истиқлоли давлат ва миллат, ки ба мо муяссар гаштаву чун заминаи устувори давлатдорӣ, рамзи ватандорӣ, омили сарбалан-диву осудагӣ эътироф гаштааст, воқеан, шоистаи ифти-хору шукргузорист. Ин лаҳзаҳо ёдовар шудани баҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Прези-денти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Истиқлол айни муддаост: «Истиқлолият бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат барои ҳар миллате мебошад, ки худро шинохтааст ва таъриху тамаддуни хешро медонаду аз он ифтихор мекунад.»
Имрӯз Тоҷикистони моро бо шарофати ин неъмати бузург ва роҳбарии оқилонаи Сарвари он ҷаҳониён шинохтаву эътироф кардаанд. Ин шинохт моро ба сӯйи фатҳи қуллаҳои нав ва барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ раҳнамоӣ мекунад.
Боиси иқболу шарафмандист, ки пиру барнои Тоҷикистони соҳибистиқлол имсол 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои ҳамдиливу осоиштагӣ, ҷонибдорӣ аз сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шукргузорӣ аз тантанаи неъматҳои Истиқлол, бо камоли ифтихор ва руҳияи баланди ватанпарастӣ истиқбол мегиранд.
Барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ Истиқлол арзишмандтарин неъмат буда, чун рукни асосии давлати озоду обод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати саодатмандиву осоиштагӣ ва неруи тавонбахши ҳаёт насиб гаштааст.
Аҳли маорифи диёр бо истиқбол аз сиёсати сулҳпарварона дар рушду нумуи кишвари азиз, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ аз дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми арзишҳои фарҳангӣ ва қобилияту маҳорати зотии худ ҳадафмандона истифода мебаранд. Зеро медонанд, ки маҳз ҷамъ шудан атрофи Сарвари давлат ва истиқбол аз сиёсати некбинонаи Ҳукумати имрӯза ягона роҳи раҳоӣ аз мушкилот ва расидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола аст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбариву роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат ба илму маориф ҳамчун соҳаи тақдирсоз ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд. Аз забони Сарвари давлат баҳо додан ба маориф ҳамчун «омили амнияти миллӣ» ва соҳаи «афзалиятнок» барои мо, алоқамандони соҳаи маориф боиси шукргузорӣ ва шарафи бузургест.
Мардуми кишвар шукргузор аз онанд, ки сол то сол бо бунёди муасси-саҳои зебову муҷаҳҳаз метавонанд фарзандони худро дар муҳити тозаву озода, бо фарогирӣ ва дастрасӣ ба забономӯзӣ ва технологияи навин ба таҳсил фаро гиранд.
Боиси сарфарозист, ки самараи Истиқлол дар соҳаи маориф рӯз то рӯз бештар ба назар мерасад. Мукаммал гаштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва бо тағйири ном пешниҳод гаштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, қабули садҳо санади дигар дар робита ба таълиму тарбияи фарзандон ва рушди онҳо моро дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди устувор наздиктар мегардонанд.
Ислоҳоте, ки дар давраи Истиқлол ба мо муяссар гаштааст, дар низоми таҳсилот, бунёди муассисаҳои таълимӣ барои кӯдакон ва хонандагону донишҷӯён, аз ҷумла, мактабҳои Президентӣ, литсею гимназияҳо, мактабҳои хусусӣ, коллеҷу донишкада ва донишгоҳҳо бо тамоми шароити таълиму тарбия, тайёр кардани мутахассисони сазовори замон, таҳияи стандарту барномаҳои нави таълимӣ, таълифи китобҳои дарсӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, таҳсилоти иловагӣ, дарёфт ва рушди истеъдод, ҷоннок гардондани фаъолияти китобхонаҳои мактабӣ, созмонҳои талабагӣ, матбуоти соҳавӣ, таҷҳизонидани кабинетҳо, имтиёзҳо ва қадршиносиҳо, ҳамзамон, баланд бардоштани маоши омӯзгорон зуҳур ёфта, моро барои гиромидошти ин ҷашни бузург боз ҳам бештар ҷалб менамояд.
Пешвои миллат зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш бамаврид ёдовар шуданд, ки «дар давраи соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар кишвар сохтмону азнавсозии 3 ҳазору 648 бинои муассисаи таълимӣ барои 1 миллиону 600 ҳазор хонанда анҷом дода шуд. Соли ҷорӣ сохтмону азнавсозии 370 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз 150 ҳазор хонанда идома дорад». Он чи ки дар ҷумҳурӣ диққати ҷомеаро ҷалб мекунад, 21 маротиба баланд бардошта шудани музди меҳнати кормандони соҳаи маориф тайи солҳои соҳибистиқлолист.
Чунин таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳа аз назари таҳлилгарони ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ ҳам дур намондааст. Тибқи таҳлилҳои ин ниҳодҳо, Тоҷикиситон ба гурӯҳи кишварҳое шомил мешавад, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби бюҷети давлат зиёд мебошад. Тибқи раддабандии ин ниҳодҳо, кишвари мо аз ин ҷиҳат миёни 183 кишвари ҷаҳон мақоми 21-умро ишғол мекунад.
Чунин шароит имкон дод, ки омӯзгорон дар фазои нав пайи ҷустуҷӯ гашта, дарсҳои шавқовар ташкил намоянд ва бо роҳҳои гуногун дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва худшиносии шогирдон таъсири бештар расонанд.
Дар суханронии Ҷаноби Олӣ, ки рӯзи 1-уми сентябри соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и ноҳияи Сино баргузор гардид, таваҷҷуҳ ба омӯзгор ва мақоми ӯ бештар садо дод. Президенти кишвар такрор ба такрор аҳли ҷомеаро водор карданд, ки фаромӯш накунанд: «эҳтиром ба омӯзгор – эҳтиром ба ояндаи миллат аст. Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад.»
Имрӯзҳо изҳори умеду эътимоди омӯзгор ба давлат, аз он ки бо пешниҳоди Роҳбари давлат ниҳодҳои дахлдор барои таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» муваззаф гаштаанд, бештар гаштааст.
Умедворем, таъкиди Президенти кишвар омили муҳимми водоркунанда ба аҳли ҷомеа ва масъулини мақомоти дахлдор дар тамоми шаҳру навоҳӣ мегардад: «Такроран таъкид менамоям, ки мо бояд ба хотири фардои ободи давлат ва ҷомеа сидқан ба илму маориф рӯ оварем ва бо саъю талоши якҷоя мушкилоти соҳаро бартараф намоем.»
Модоме ки чунин аст, мо, омӯзгорон ва аҳли кормандони соҳаи маорифро мебояд, чун ОМӮЗГОР ва ПЕДАГОГ худро миёни ҷомеа муаррифӣ карда тавонем, касби худро дӯст дорем, назди шогирдон ва падару модарони онҳо маҳбубият пайдо карда тавонем. Бо натиҷаи амали худ аҳли ҷомеаро бовар кунонем, ки дар ҳақиқат, «рисолати инсонсозӣ»-и худро аз даст намедиҳем. Ба ин васила дар бунёду рушди ояндаи давлат, миллат ва Ватан саҳми бештар мегузорем.