
Ситора ШОДИЕВА –
сармутахассиси шуъбаи тарбия ва кор бо ҷавонони
Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият
Ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ тавонист заминаи муносиберо барои фаъолияти дуруст дар соҳаи дин ба бор оварад. Имрӯз ҳар яки мо, аҳли ҷомеаро зарур аст, ки ба фарҳанги миллии худ содиқ бошем, он чӣ ки аз гузаштагон ба мо мерос мондааст, ҳифз намоем, дар таъмини амнияти кишвар, дар таълиму тарбияи насли наврас бетараф набошем, онҳоро дар руҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ тарбия намоем.
Бояд ҳар як ҷавон донад, ки Ватанамонро ба ғайри худи мо дигар касе ҳифз ва ободу зебо намегардонад. Ман гумон мекунам, ки беҳтарин таблиғи арзишҳои миллӣ, аз ҷумла, пӯшидани либоси миллӣ аст. Дар арсаи байналмилалӣ хар як давлатро бо забон, урфу одат ва суннату анъанаҳояш мешиносанду эътироф мекунанд. Тоҷикистон аз шумори он кишварҳоест, ки дар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ бо ташаббусҳои худ ҷойгоҳи хосса дорад. Хуб медонем, ки ҷаҳониён имрӯз урфу анъанаи зиёди тоҷиконро пазируфтаанд ва ҳамчун мероси қадима ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО шомил карда шуданд. Ҳар як миллатро маҳз фарҳанги волояш муаррифӣ месозад. Мо, тоҷикон, хушбахт аз онем, ки таърихи қадима дорем ва нақшу нигори миллии мо дар либосамон инъикос ёфтааст. Либоси миллӣ ифодагари назокату малоҳат ва ҳусни зани тоҷик буда, маҳз бо ба бар намудани атласу адрас ва чакан, ки ҷаҳонӣ гаштаанд, симои занҳои тоҷик мондагор гаштааст. Имрӯз бархе аз миллатҳо моли миллати тоҷикро аз худ намудаву онро дар сатҳи ҷаҳонӣ чун моли хеш муаррифӣ карда истодаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин иброз доштанд, ки либоси миллӣ бояд бо тарҳи нав, бо дарназардошти тамоми хусусиятҳо пешкаши занону бонувон карда шаванд. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳар чи зудтар хотима бахшида, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самт вусъат бахшем.
Яке аз роҳҳои дар мафкураи ҷавонон ҷой додани ақидаҳои хурофотӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ мебошад. Барои паҳн намудани ин ё он хабару навиштаи нодурусту иғвоангез ва садо баланд кардани мубаллиғоне, ки бо ақидаҳои ифротии худ мехоҳанд мардум, аз ҷумла, ҷавононро ба доми фиреб афкананд, фазои маҷозӣ минбари асосӣ гаштааст. Гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳое, ки пайвастагӣ ба дин доранд, аз ҷумла, гурӯҳу ҳизбҳои исломӣ ҷонибдори шакли давлатдории мо, яъне демократӣ ва дунявӣ нестанд. Ҳамаи мо огаҳем, ки чунин гурӯҳҳо аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ сарпарастӣ гардида, дастгирии ҳамаҷониба меёбанд. Ин гурӯҳҳо хуб медонанд, ки дар ҳама давру замон тавассути дин ва диндорон ҳукуматҳои зиёде сарнагун карда шуда, ҳатто, баъзе аз онҳо то ба нестӣ расидаанд. Агар ба кору пайкори ин гурӯҳҳо назар афканем, мебинем, ки ҳадафу мақсадашон танҳо манфиат асту халос. Ба хотири манфиат ва пулу мол аз тамоми имконот истифода бурда истодаанд, то нобасомониҳоеро, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта ба сари халқу миллат оварда буданд, бори дигар таҳмил кунанд ва озодию осудагии мардумро барҳам зананд.
Имрӯз, вақте ки мо аз хизматҳо дар самти дин сухан мекунем, пеш аз ҳама, бояд бидонем, ки худи ҳамин гурӯҳҳо чӣ хизмате барои дини Ислом ва мардуми мусалмон кардаанд? Не, албатта! Чунки медонанд, ки ин амалҳо ба сарпарасонашон хуш намеоянд. Ҳама гуна зуҳурот мақсаду моҳияти худро дорад ва роҳгум андохтани ҷавонон низ аз ҷониби гурӯҳҳои болозикр танҳо барои манфиат аст.
Яке аз масъалаҳое, ки имрӯз нигаронкунанда боқӣ мондааст, рӯ овардани мардуми мо ба фарҳанги бегона мебошад. Дар ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд: «…дар шароити ҷаҳонишавӣ агар хоҳанд давлатеро аз байн баранд, аввал забон ва баъдан фарҳангашро аз байн мебаранд».
Терроризму экстремизм рӯз аз рӯз доман паҳн карда, ба осоиштагӣ ва оромиии кишварҳо таҳдид менамоянд. Хурофотпарастӣ, ки имрӯз ба яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ва ҳалталабу рӯзмарра табдил ёфтааст, оқибаташ ҳамин падидаҳои номатлубро ба бор меоварад. Хурофот ба маънои «сафсата, гапи бемаънӣ, ақида ва фикри беасос» буда, имрӯз дар либоспӯшии занону духтарон ва мардон низ дида мешавад. Ҳамаи мо шоҳиди онем, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳо ва шахсони алоҳида фаъолонанд ва кӯшиш менамоянд, ки ба ҳар роҳу восита аз худ дарак диҳанд ва шояд то андозае ба афкори мардум таъсиргузор бошанд. Имрӯз ба ғайр аз он, ки гурӯҳҳои манфиатхоҳу манфиатҷӯи тоҷик, ки зери қаноти хоҷагони хориҷӣ панаҳ бурдаву бо ҳар баҳона, аз ҷумла, бо баҳонаи сатру ҳиҷоб, ки на моли ислом асту на моли мардуми тоҷик, санги маломат ба сари миллат мезананд, боз нафарони дигар аз ҳамсоякишварҳо сар баровардаанд, ки дар ин масъала таҳдид ба Ҳукумату миллати тоҷик мекунанд. Ин аст, ки имрӯз ҳар яки мо – аҳли ҷомеаро зарур аст, ки ба фарҳанги миллии худ содиқ бошем, он чи ки аз гузаштагон ба мо мерос омадааст, ҳифз намоем, дар таъмини амнияти кишвар, дар таълиму тарбияи насли наврас бетараф набошем, онҳоро дар руҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ тарбия намоем.