Шодӣ САФАРОВ –
президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон,
доктори илмҳои педагогӣ, профессор,
Абдулло ОРИФОВ –
дотсенти кафедраи иқтисод
ва идора дар соҳаи маорифи ДҶТИБКСМ,
табиӣ-риёзӣ ва технологияи иттилоотии
Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи А. Ҷомии АТТ
14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи худро дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қабул кард. Мувофиқи ин қатънома, дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзуъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конференсияи сатҳи баланд баргузор гардид.
Инсон зодаи табиат аст. Рӯзгори инсонро зебоиҳои табиат хушу хуррам мегардонад. Табиат барои инсон сарчашмаи нахустин неъматҳо мебошад. Аз ин рӯ, инсон ҳаёти ҳаррӯзаи хешро бе оби тозаю шаффоф тасаввур карда наметавонад. Ҳудуди кӯҳсори Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об яъне, пиряхҳо буда, пиряхҳо сарчашмаи асосии ғизогирии дарёҳо ва омили асосии зисту зиндагӣ ва фаъолияти на танҳо сокинони Тоҷикистон, балки Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд. Пиряхҳо дорои захираи бузурги об буда, дар соҳаи кишоварзии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аҳаммияти бағоят калон доранд. Ҳаҷми умумии пиряхҳои Осиёи Марказӣ тақрибан ба 17 ҳазор км2 баробар мебошад, ки бештар аз 60 фоизи онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд. Масоҳати умумии пиряхҳо тақрибан 8,5 ҳаз. км2 буда, қариб 6 фоизи сарзамини ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Чунин миқдори ях дар натиҷаи ғуншавии барфҳои бисёрсола, ки тақрибан аз баландии 3000 – 3500 м сар мешавад, ба вуҷуд омадааст. Пиряхҳо, бахусус, дар баландиҳои аз 3500 то 5300 м бештаранд.
Яке аз иқтидорҳои асосии табии Тоҷикистон, мавҷуд будани захираҳои калони оби тоза мебошад. Миқдори зиёди пиряхҳо ҳамчун ҷамъкунандаҳои табиии оби тоза мебошанд. Обҳои пиряхҳо ва барфҳо 25 фоизи ҳаҷми ҷараёни дарёҳои Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Хусусияти пиряхҳо он аст, ки метавонанд ҷараёни дарёҳоро давоми сол масалан, бо тағйири туғёни обҳо ба июл ва август ва ҳам дар муддати солҳои зиёд танзим намояд. Дар натиҷа дар солҳои хушку гарм ҳиссаи обҳои пиряхҳо ба 50 фоиз ва бештар аз он мерасад. Ҳамин тавр, пиряхҳо тағйироти ҷараёни дарёҳоро байни солҳои хушку серборон баробар менамоянд.
Дар айни замон пирях худ зери таъсири тағйироти иқлим қарор дорад. Ҳар сол тағйироти иқлим боиси халалдор шудани тавозуни байни вуруд ва сарфи маводи пирях мегардад ва дар андозаву шакли пирях чунон тағйиротеро ба вуҷуд меорад, ки мувозинаи пирях бо иқлимро барқарор месозад. Дар он сурат обдиҳии пирях метавонад тағйир ёбад. Ба иттилои баъзе манбаъҳои соҳибнуфуз, аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳаммияти ҳаётӣ доранд, дар тӯли 30 соли охир беш аз 1000 пирях нобуд шудааст, ки миқдори умумии пиряхҳо дар кишвари мо бо масоҳати умумии яхбастагӣ 11146 км 2 буда, қариб 6 фоизи тамоми масоҳати ҳудуди кишварро ишғол менамоянд.
Майдони умумии яхбандӣ дар масоҳате, ки ба қуллаҳои баландтарини Помиру Олой — қуллаҳои Исмоили Сомонӣ ва Абуалӣ Ибни Сино мерасанд, ҷойгиранд. Дар ҳавзаҳои дарёҳои Ванҷ, Оқсу, Хингов, Вахш, Язғулом беш аз 5 ҳазор км2 майдони яхбаста мавҷуд аст, ки беш аз се ду ҳиссаи майдони умумиро ташкил медиҳад. Ноҳияҳои дурдасте, ки дар қисматҳои ғарбӣ ва шарқии ин марказ воқеанд, дорои дараҷаи ками яхбандӣ мебошанд. Ҳаҷми ях дар ҳамаи пиряхҳо 845 км3 буда, захираи оби тоза дар пиряхҳо нисбат ба обҳои равони ҳамаи дарёҳои Тоҷикистон 13 баробар бештар аст.
Дар пиряхҳои кишварамон 456,9 км3 об захира шуда, соле ин пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 км3 об медиҳанд. Пиряхҳо 1/3 ҳиссаи солона ва қариб ними обҳои равони тобистонаро медиҳанд. Дар даҳсолаҳои охир тағйирёбии андозаи пиряхҳо (майдон, ҳаҷм) бо зиёдшавии тавозуни манфии массаи пиряхҳо мушоҳида мешавад. Дар шароити имрӯзаи обу ҳаво майдони пиряхҳои Помиру Олой ҳар сол ба 1,2 км 2 кам мешавад. Пиряхи Федченко (ҳоло Ванҷях) на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон калонтарин пиряхи водигии кӯҳӣ ҳисоб шуда, дар китоби «Рекордҳои Замин» дохил шудааст. Майдони пиряхи Ванҷях бо ҳамаи шохобҳояш 651,7 км2, дарозии аз ҳама зиёдаш 77 км, бараш 5 км ва ғафсияш то 1800 м. мебошад, Пирях аз нишемангоҳи қуллаи Инқилоб дар нишебии шимолии қаторкӯҳҳои Язғулом ибтидо гирифта, то ба дарозии қаторкӯҳҳои шарқии Академияи илмҳо идома меёбад. Ғафсии ях дар қисмати мобайнии пирях 1000 метр ва масоҳати умумии яхбандишуда ва барфтудаҳо 992 км2 – ро ташкил медиҳанд. Минтақаи яхи барфини пирях дар баландии 5300 – 5700 м ҷойгир шудааст. Пиряхи Ванҷях қариб 50 шохоб дорад, калонтарини онҳо Бивачий, Наливкин, Витовский, Ҷамъияти географӣ буда, дар баландии 2900 то 7480 м аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд.
Пиряхи Ванҷяхро соли 1876 сайёҳи рус В. Ф. Ошанин кашф намуда, онро ба хотири дӯсташ А. П. Федченко, яке аз нахустин муҳаққиқони Осиёи Миёна номгузорӣ намуда буд. Тобистони соли 1908 капитани рус Н. И. Косиненко ва ҳамкоронаш қариб нисфи масоҳати пиряхро омӯхтанд. Болооби пирях ба баландии 7480 м расида охири забонааш то 2910 м поён фурӯ мераванд. Ғафсии яхи пирях дар баъзе ҷойҳо аз 800 м бештар ҳаҷми ях тақрибан 130 км3 мебошад.
Ду пиряхи нисбатан калони Помир низ дар ҳамин ноҳия ҷойгиранд. Ин пиряхи Гурум Гримайло бо майдони 142,9 км2 ва Пиряхи Гармо, ки майдони 114,6 км2 — ро дар бар мегирад [8]. Майдони пиряхи «миёна» дар қаламрави Тоҷикистон тақрибан ба 1км2 баробар аст. Масалан, пиряхҳои то 1 км2 тақрибан 80 % ҳамаи миқдори пиряхҳоро ташкил медиҳанд, вале пиряхҳои хурд, сарфи назар аз миқдори зиёдашон фақат майдони 15 %-ро дар бар мегиранд. Тафовути ҷойгиршавии пиряхҳо аз рӯи баландӣ низ зиёд аст. Сабаби асосии ин шароити табиӣ, релеф ва тақсимоти боришот мебошад. Агар дар ҳавзаи дарёи Сурхоб пиряхҳо аксаран бо 2300-2400 м дар сатҳи баҳр фуруд оянд, пас, дар наздики кӯли Қарокӯл ва болооби дарёи Мурғоб поёнтар аз 4400 м дар сатҳи баҳр пиряхҳо нестанд.
Ба ҳисоби миёна вазъи ҳудудҳои поёнии пиряхҳо тамоил ба баландшавӣ, аз ғарб ба шарқ 3650м дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон то 4860 м ва дар ноҳияи кӯли Қарокӯл доранд. Ҳолати нишебиҳо, ҳамчунин, ба вазъи ҳудудҳои поёнии пиряхҳо таъсир мерасонад. Одатан пиряхҳо дар нишебиҳои шимолӣ 200-300 м поёнтар нисбат ба нишебиҳои ҷанубӣ ҷой гиранд. Баландии ҳудуди болои пиряхҳо аз баландии қаторкӯҳҳо ва қуллаҳои атроф вобаста аст. Пиряхҳое, ки аз нишебиҳои қуллаи Исмоили Сомонӣ ибтидо меёбанд, 7400м баландӣ доранд, вале дар ҳавзаҳои дарёҳои Сурхоб ва Кофарниҳон аз 4500-5000 м баландтар мешаванд. Тағйирёбии иқлим бо давраҳои ҳар 12-15 сол, қариб 30 сол, 70 сол якасра ва бисёрасра маълум аст. Тағйири яхбандӣ ба ҳамин қонуният тобеъ мебошад.
Қисмате аз пиряхҳоро, ки ба ин тағйирот дучор меоянд, лағжанда меноманд. Давраи лағжиш на танҳо аз тағйирёбии иқлим, балки аз ҷойгиршавии маконии пиряхҳо, шакли нишебӣ ва сабабҳои зиёди дигар вобаста аст. Ҳар замон дар болои пиряхҳо миқдори зиёди барф ва ях ҷамъ мешавад. Бо таъсири ҷозиба ин миқдори зиёд ба поён ҳаракат намуда, мавҷи яхро ташкил мекунанд. Пиряхи Ҳисор дар давраи лағжиши худ пеши дарёро мегирад ва ба аҳолие, ки дар водиҳо зиндагӣ мекунанд, хатар пеш меорад. Пиряхи аз ҳама калон Ванҷяхро ба ҳамин навъ дохил кардан мумкин аст. Баъди кашфи пиряхи мазкур чанд лағжиши он ба қайд гирифта шудааст: дар солҳо 1868, 1910-1913 ва дар соли 1963. Дар ин давраҳо пирях 800-1200 м ҳаракат намуда, сипас дар муддати 40-50 сол аз лағжиш бозмондааст.
Агар дар ибтидои давраи гармо оби дарёҳо аз ҳисоби обшавии пиряхҳо зиёд шавад, пас минбаъд дар натиҷаи кам гаштани майдони яхбандӣ ва баланд шудани ҷойгоҳи яхистонҳо ҷараёни об метавонад хеле кам шавад. Ин аз натиҷаи таҳқиқоти охирини иқлими Алп бармеояд. Чунин тағйирот метавонад дар кӯҳҳои Тоҷикистон ҳам ба вуҷуд ояд. Обанборҳо ва резиши об ба баҳри Арал ба ин таъсир мерасонанд. Масалан, аксбардории мунтазами ҷабҳаи забонаи пиряхи Зарафшон нишон дод, ки пирях хеле коҳиш ёфтааст. Аз соли 1908 то соли 1986 пирях қариб 1 км кам гаштааст.
Таҳқиқоте, ки дар пиряхи Абрамов анҷом ёфтааст, нишон дод, ки аз соли 1850 то соли 1984 ҳудуди поёнии ин пирях 80 м баланд баромадааст, ҳаҷми ях дар қисмати поён 630 млн. м3 кам шудааст. Чунин тағйироти иқлим боиси тақсим шудан ва тағйир ёфтани яхбандии Помир аз ҷараёни оби дарёҳои Осиёи Марказӣ метавонад гардад. Тағйирёбии шароити иқлим дар Осиёи Марказӣ бо тағйироти глобалии иқлим алоқаи зич дорад. Гармшавии иқлим, махсусан, дар давраи зимистон метавонад дар қаламравӣ Тоҷикистон ба чунин оқибатҳо оварда расонад:
1.Захираҳои зимистонии барф кам мешаванд, майдони бисёрсолаи яхбандӣ коҳиш меёбад, яъне, захираҳои об кам мегарданд.
2. Ҷараёни об аз захираҳои зимистонии барф кам мешавад.
3. Ҷараёни тобистонаи оби яхҳо дар ибтидо мумкин аст зиёд шавад, вале солҳои баъд кам мегардад.
4. Тақсимоти минтақаҳои баландӣ, хушкгузаронии ҳаёти инсон ва мутобиқшавии он тағйир меёбад.
5. Тақсимоти минтақаҳои наботот дар шароити баландӣ, ҳамчунин, минтақаҳои пайдоиши хок тағйир меёбад.
Бо дарназардошти зарурати масъалаи мазкур ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан, бо дарки амиқ, таваҷҷуҳи хосса ва сиёсати созандаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд ташаббуси башардӯстонаро пешниҳоди ҷомеаи ҷаҳон намудаанд. Ташаббусҳои ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон дар самти истифодаи оқилонаи об ва ҳифзи пиряхҳо назаррас буда, маҳз бо пешниҳоди Сарвари давлати мо дар сатҳи СММ як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ баргузор ва пешниҳодҳои созанда ироа шуданд.
Бо мақсади ҳалли масъалаҳои обу экология бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор эълон карда шуд. Мавриди зикри хос аст, ки дар идомаи иқдомоти болозикр, дар таърихи 3 — юми марти соли 2021 Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар мулоқоти нахустини Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим пешниҳод намуданд, ки соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардад ва санаи мушаххаси «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» муайян карда шавад. Мақсади ягона ва ниҳоии ҳамаи ин чорабиниҳо, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои дарки қазияи мазкур, ташаккул додани маърифати экологии саросарӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои амалии мутобиқ шудан ба оқибатҳои нохуши эҳтимолии тағйирёбии иқлим мебошад.
Адабиёт:
1. Назриев, Д., Салимов, Т. Обҳои Тоҷикистон: дар бораи онҳо чӣ медонед? – Душанбе, 2000. – 80 с.
2. Муҳаббатов, Х. М., Диловаров, Р. Д., Акобиров, Ш. З. Географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демографии он. – Душанбе: Донишварон, 2019. – 325с.
3. Муҳаббатов, Х., Раҳимов, М. Географияи Тоҷикистон. Китоби дарсӣ синфи 8 – уми мактаби таҳсилоти умумӣ. – Душанбе: Собириён, 2009. – 192с. 4. Муҳаббатов, Х. М., Диловаров, Р. Д., Раҳимов, М. Р. Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон. – Душанбе, 2011, – 163 с.
