Фарангис ХИДИРОВА,
Саодат АРБОБОВА –
омӯзгорони кафедраи забонҳо
ва тарбияи ҷисмонии МДТ
Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент
Дар ҷаҳони муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ ба таври бесобиқа афзоиш меёбанд, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба омили калидии муваффақият дар тамоми самтҳои ҳаёт табдил ёфтааст. Забон на танҳо воситаи муошират, балки василаи асосии шинохти фарҳанг, илм, технология ва пешрафти иҷтимоӣ мебошад.
Имрӯз донистани забони хориҷӣ ба шахс имкон медиҳад, ки дар бозори меҳнати байналмилалӣ рақобатпазир бошад, дар муассисаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ таҳсил намояд, ба манбаъҳои бойи илмию таълимӣ дастрасӣ пайдо кунад ва ҷаҳонбинии худро васеъ гардонад. Аз ин лиҳоз, омӯзиши забонҳои хориҷӣ бояд яке аз самтҳои муҳимми сиёсати таълимии ҳар як кишвар бошад, то ки насли нав тавонад бо ҷаҳон ҳамқадам бошад.
Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, ҷомеаи ҷаҳонӣ дар раванди бархӯрди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавӣ қарор дорад. Ин раванд ҳар як сокини сайёраро вазифадор менамояд, ки аз забонҳои хориҷӣ огаҳ бошад, зеро ягона воситаи ҳифзи арзишҳои миллӣ донистани забонҳои хориҷӣ мебошад. Дар шароити кунунӣ забонҳои хориҷӣ, бахусус, англисӣ ва русӣ забони байналхалқӣ, забони техника ва технологияҳои нав ва забони муоширати байни миллатҳо ба ҳисоб мераванд. Аз ин лиҳоз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама вохӯрӣ ва суҳбатҳояшон пайваста оид ба ин масъала таъкидҳо менамоянд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон ҷойгоҳи вижаеро касб намуда, узви комилҳуқуқи як қатор созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, институтҳои молиявӣ гардид. Инчунин, бо зиёда аз 180 кишвари олам муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи дипломатиро ба роҳ монд, ки ин омил дар раванди ҷаҳонишавӣ ҳамаи муттахассисонро, новобаста аз касбу корашон, водор менамояд, ки манфиатҳои давлат ва миллатро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ ва ҳифз карда тавонанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии «Дарҳои боз»-ро пеш гирифта, дар ҷаҳон ҳамчун давлати накухоҳ, сулҳпарвар ва ташаббускор шинохта шудааст. Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дав-латҳои амнтарини ҷаҳон мақом гириф-тааст, ки ин боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки ӽар як ҷавони тоҷик бояд ҳадди ақал ду забон (англисӣ ва русӣ)-ро аз худ намояд. «Зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баланд-ихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъ-риху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад», – таъкид кардаанд Пешвои миллат.
Ин суханони падаронаи Президенти маҳбубамон аз ҷониби ҷавонон хуш пазируфта шуда, боиси ояндаи дурахшони ҳар яки онҳо мегардад. Гёте чунин гуфтааст: «Шахсе, ки ду забони хориҷиро медонад, арзиши ду инсонро дорад». Бояд қайд намуд, ки донистани забонҳои хориҷӣ ба мутахассис имкониятҳои зеринро медиҳад: яъне, ҳамгироии фаъолият бо низом ва анъанаҳои дигар мамолик; имконияти фаъолият дар шароити бисёрфарҳангӣ; имконияти пешбурди тиҷорат ва муносибат бо шарикони хориҷӣ; малакаи баргузории гуфтушунид, бахусус, гуфтушунид дар фазои бисёрзабонӣ; имконияти миёнаравӣ ва миёнҷигарӣ дар ҳалли масъалаҳои баҳсбарангез ё корӣ; имконияти кор дар ташкилотҳои хориҷӣ; имконияти ҷалби сармояи хориҷӣ; имконияти муаррифии лоиҳа ва ё ширкати худ дар дилхоҳ намоишгоҳ ё конфронсҳои сатҳи гуногуни хориҷӣ.
Дар замони муосир мубрамияти бештарро муколамаҳо дар шароити бисёрфарҳангӣ касб намуданд. Ҳангоми баргузории конфронсҳои байналхалқӣ, симпозиумҳо ва ҷаласаҳо, иштирокчиён ба мушкилоти забонӣ бармехӯранд, ки дар чунин мавридҳо нақши асосӣ бар дӯши забони англисӣ меафтад, зеро забони англисӣ забони гуфтугӯи байни миллатҳо эътироф шудааст.
Муҳаққиқ С. А. Карасёв қайд менамояд, ки дар асри 21 эҳтимоли пайдоиши падидаи бемисли лингвистӣ, яъне, «забони англисӣ — байналмилалӣ» мавҷуд аст, ки он фарогири ҳама гуна лаҳҷаҳои миллии забони англисӣ мебошад. Ӯ, инчунин, қайд менамояд, ки густариши истифодаи забони англисӣ дар соҳаҳои ВАО, реклама, филмсозӣ, навъҳои мухталифи мусиқӣ, туризм, бизнеси байналхалқӣ, (ташкили системаи забонии ягона – Seaspeak, Emergency Speak, Airspeak), маориф, муоширати байналмилалӣ барои мавқеи хоса пайдо намудани забони англисӣ замина эҷод менамояд.
Н. А. Багдасарова дар пажуҳишҳои худ ишора менамояд, ки дар замони муосир зарурати забони ҷаҳонӣ (глобалӣ), пеш аз ҳама, дар соҳаи илмию академӣ ва иқтисодию тиҷоратӣ ҳис карда мешавад. Олимони бисёре аз давлатҳои ғайри англисзабон забони англисиро забони модарии илмӣ барои чопи маводи илмияшон меҳисобанд. Агар дар даврони пасазҷангӣ 15 % корҳои илмӣ дар соҳаи илмҳои табиӣ бо забони англисӣ чоп шуда бошанд, то солҳои 1990 ин рақам ба 57,6 % ва дар айни замон ба 80 % омада расидааст.
Олимон ва муҳаққиқони муосир кӯшиш менамоянд, ки дастовардҳои илмии худро дар маҷаллаҳои англисӣ нашр намоянд, зеро ин амал ба онҳо имконият медиҳад, ки ба индекси иқтибосии илмии амрикоӣ (SCI) роҳ ёбанд. Забони англисӣ дорои вожаҳои зиёд ва сохтори грамматикии сода мебошад. Дар ин забон ибораҳои дароз ва хусусиятҳои мураккаби риторикӣ дида намешавад. Забони англисӣ бештар чун забони наср маҳсуб меёбад.
Д. Кристал (D. Crystal) қайд менамояд, ки забони англисӣ забони гуфтугӯи ҷаҳонӣ дар соҳаи муколамаҳои коргузорӣ қабул шуда, то ҳадде табодули ақидаҳоро байни гурӯҳҳои алоҳида дар саросари ҷаҳон осон гардонидааст. Бояд қайд намуд, ки дар Британияти Кабир ширкатҳои омӯзишӣ муттахассисонро барои омода намудани суханварӣ бо шеваи ноби англисӣ дар доираи ҷамъомадҳои корӣ бо шарикони хориҷӣ, барои баланд бардоштани мавқеи ширкати худ омода менамоянд, зеро забони англисӣ чун забони расмии иттиҳодияҳои байналхалқӣ низ амал менамояд ва ширкатҳои машҳур (Philips, Bosch, Apple, Sumsung, Toshiba в.ғ.) дар фаъолияти худ забони англисиро мавқеи авалиндараҷа додаанд
Бояд қайд намуд, ки шавқу рағбати донишҷӯён бобати омӯзиши забонҳои хориҷӣ (англисӣ ва русӣ) нисбат ба солҳои пеш даҳҳо маротиба афзудааст. Дар рушду инкишофи тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии хоҷагии халқи кишвар нақши дастони пурэъҷози ҷавонон назаррас аст. Боварӣ дорем, ки ҷавонони саодатманди тоҷик суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти худ намуда, мутахассисони варзида ва мувофиқу мутобиқ ба бозори рушдёбандаи меҳнатро ба камол мерасанд. Дар шароити ҷаҳонишавии муосир омӯзиши забонҳои хориҷӣ дигар як имконият не, балки зарурат ба шумор меравад. Забон на танҳо воситаи муошират, балки василаи дастрасӣ ба иттилооти илмӣ, фарҳангӣ ва техникии ҷаҳонӣ мебошад. Он имкони таҳсил дар кишварҳои хориҷӣ, пешрафти касбӣ ва иштирок дар равандҳои байналмилалиро фароҳам меорад. Аз ин рӯ, бояд дар низоми таҳсилот ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардад ва муҳити муносиб барои рушди он таъмин карда шавад.
