Ҳайати таҳририя — Маҷаллаи "Маорифи Тоҷикистон"

Ҳайати таҳририя

Роҳбарият

Набизода Саида Фазл 13 декабри соли 1966 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (собиқ Москва) дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Солҳои 1974-1984 дар мактаби  миёнаи №16 – и ноҳияи Ҳамадонӣ таҳсил карда, факултаи забон ва адабиёти тоҷики ДДОК ба номи А.Рӯдакиро соли 1988 ба итмом расонид.

Фаъолияти меҳнатиаш асосан ба се қисм ҷудо мешавад: омӯзгорӣ, рӯзноманигорӣ ва илмӣ. Баъди хатми донишкада дар мактаби миёнаи №1-и ноҳия, аз соли 1996 то соли 2003 дар мактаби миёнаи рақами 16 чун омӯзгори ихтисосманд фаъолият кард. Соли 2002 дар озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими сол» шарафи омӯзгорони вилояти Хатлонро ҳимоя намуд. Соли 2003 тибқи як лоиҳа дар ташкилоти башардӯстонаи «Миссияи Шарқ» фаъолият кард. Аз моҳи январи соли 2005 дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» ба ҳайси муҳаррири шуъбаи мактабҳо, аз соли 2011 то 2019 дар маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» ба ҳайси сармуҳаррир ва аз феврали соли 2019 инҷониб дар маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» ба ҳайси сармуҳаррир  фаъолият дорад.

Иштирокдори даври ҷумҳуриявии озмуни «Муаллими сол» (2002) буда, аз соли 2006 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳаст, солҳои 2005-2008 дар гурӯҳи коршиносони Вазорати маориф ва илм (таълифу таҳияи барномаву китобҳои дарсӣ), соли 2008 дар ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Мактаб ва ҷомеа» фаъолият карда, дар ташкили маҷаллаи «Маорифи Душанбе» аз соли 2019 нақши асосӣ дорад.   

Муаллифи бештар аз 200 мақолаву гузориш, мусоҳиба ва лавҳа, созмондеҳи суҳбатҳои ихтисосӣ, баҳсҳои илмиву таълимӣ, конфронс, мизҳои мудаввар, сомонаи нашрияҳои соҳавӣ. Дар давоми фаъолият маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» соҳиби рақами силсилавии стандарти байналмилалӣ – ISSN (2306-4293), сомонаи махсус ва саҳифаи иҷтимоии худ гардид. Имрӯз маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» ҳам соҳиби сомона ва саҳифаи гурӯҳӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук гардидааст, узви ҳайати мушовараи маҷаллаи “Маорифи Душанбе” мебошад.

Дар мавзӯи проблемавии «Асосҳои назариявии ташаккули маданияти нутқи хонандагон дар дарсҳои забони тоҷикии синфи 8-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» таҳқиқоти илмӣ дорад, муаллифи китоби дарсӣ ва дастурҳои методӣ, муҳаррири китобҳои илмиву дарсист. Муаллифи китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» барои синфи 5, чор нашр; 5 Раҳнамои таълимӣ барои омӯзгорони забони тоҷикӣ; муҳаррир, мураттиб, мусаҳҳеҳ, муқарризи чандин китоби дарсиву дастурҳои методиву таълимӣ аст. Инчунин, дар таълифи Дастури методӣ барои таълими фанни забони модарӣ (синфи 5), «Замимаи китоби дарсӣ» (барои синфҳои 5,6,7,8,10), таҳия ва таҳрири китобчаи «Байтбарак», якчанд китоби дарсӣ, бадеӣ, илмӣ-методӣ, аз ҷумла, таҳриру тасҳеҳи китобҳои «Алифбо», «Асосҳои иқтисодиёт» (синфи 11), «Маърифати молиявӣ» ва чандин дастури методӣ саҳм дорад; соли 2016 маҷмӯаи мақолаҳояш бо номи «Пайкори афкор» дар ҳаҷми 320 саҳ. бо тамғаи нашриёти «Адиб» ба дасти хонандагон расид. Меҳнаташ бо Ифтихорномаи Вазорати маорифи Тоҷикистон (с.2002, 2009, 2018), Ифтихорномаи Иттифоқи журналистони ҷумҳурӣ (2016, 2017,2018), нишонҳои «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2002), «Аълочии фарҳанги ҶТ» (2007), «Аълочии матбуоти ҷумҳурӣ» (2018), медали «Хизмати шоиста» (2018) ва  «100-солагии матбуоти тоҷик»  (2018) қадр ёфтааст.

Соҳиби ду фарзанд аст.

Санҷар Абӯнасрович Амриев 5 майии соли 1995 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.

Мавсуф 1 сентябри соли 2002 дар МТМУ-и 26-и деҳаи Ворӯи шаҳри Панҷакент таҳсилро оғоз намуда, соли 2013 муассисаи номбурдаро бо баҳои хубу аъло хатм кардааст. Ҷиҳати идомаи таҳсил ва сайқал бахшидани донишу малакаи хеш худи ҳамон сол ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, ихтисоси таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (муносибатҳои сиёсии берунӣ) дохил шуда, соли 2018 донишгоҳро  бо касби мутахассис оид ба робитаҳои байнифарҳангӣ, тарҷумон-референт (арабӣ ва форсӣ) бо дипломи аълочӣ хатм намудааст.

Аз январи соли 2020 фаъолияти кории худро дар Нашрияи “Пайрав” замимаи нашрияи “Омӯзгор” барои кӯдакон ва наврасони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси муҳаррири фанҳои дақиқ ва риёзӣ оғоз намудааст. Аз феврали соли 2021 то июли соли 2021 дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси нозир-референт фаъолият кардааст. Аз августи 2021 инҷониб муовини сармуҳаррири маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” мебошад.

Аз овони хурдӣ ба навиштан шавқу рағбат дошта, дар вақтҳои фароғат ҳикояву ривоятҳои тарбиявиро аз забони арабӣ ба тоҷикӣ тарҷума менамояд. Навиштаҳову тарҷумаҳояш дар нашрияҳо ба монанди нашрияҳои “Пайрав”, “Маъвои хирад”  ва маҷаллаҳои “Маорифи Тоҷикистон”, “Истиқбол”, “Навруста” интишор ёфтаанд.

Забони арабиро медонад ва ба хати форсӣ тасаллути комил дорад.

Муҳаррирони бахшҳо

5 декабри соли 1971 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ, доктори илмҳои педагогӣ.
 
ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:
 
Солҳои 1988-1993-донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраев;
Солҳои 1993-2002-муаллими забони русӣ дар Коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгории шаҳри Душанбе;
Солҳои 2002-2009-муаллими калони кафедраи забонҳо ва раиси Шӯрои кураторони Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон;
Солҳои 2009-2010-муовини мудири кафедраи забонҳои Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон;
Солҳои 2010-2012-муовини ректор оид ба тарбия ва алоқа бо ҷомеаи Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон;
Солҳои 2012-2015-муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон;
Солҳои 2015-2019-ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Солҳои 2019-2020-сардори раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Солҳои 2020-2022-вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз 21 феврали соли 2022 то ҳоло-муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.

Муҳаммад Лутфуллозода – омӯзгор, донишманди маъруф ва ходими ҷамъиятӣ, доктори илмҳои педагогӣ (1990), профессор (1994), академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (2003). Аълочии маорифи Тоҷикистон (1980), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997). Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (2008).

Маҳмадулло Лутфуллоев 15 майи 1935, дар деҳаи Бошбулоқи ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Донишкадаи давлатии педагогии Тоҷикистон ба номи Т. Г. Шевченкоро (1959) хатм намуда, ба фаъъолияти омӯзгорӣ шурӯъ менамояд. Муаллими мактаби миёна, ходими адабии маҷаллаи «Мактаби советӣ» (1961), ассистент, муаллими калон, дотсент, мудири кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ, декани факултети педагогикаи Донишкадаи давлатии педагогии Тоҷикистон ба номи Т. Г. Шевченко (1961-1978), мушовири вазири таълиму тарбия дар Афғонистон (1978-1984). Директори Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ (1985-2002), аввалин президенти Академияи илмҳои педагогии Тоҷикистон (АТТ) (2002-2008).

Лутфуллоев дар таҳияи муҳимтарин ҳуҷҷатҳои давлатии соҳаи маориф саҳмгузор мебошад. Барои кишвари Афғонистон оид ба мактабу маориф китобҳои дарсӣ ба табъ расонидааст. Номгӯи асарҳояш (бо ҳаммуаллифӣ) ба 62-то мерасад. Муаллифи бештар аз 234 асари илмию таҳқиқотӣ, бештар аз 620 мақолаи илмию методӣ ва оммавӣ мебошад.

Таҳти роҳбарии ӯ 49 нафар унвонҷӯён рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намудааст.

ОСОР:

  • Алифбо (Кобул, 1980);
  • Забони модарӣ дар синфи 1 (Кобул, 1980);
  • Методикаи таълими Алифбо (Кобул, 1980);
  • Методикаи таълими забони дарӣ дар синфҳои ибтидоӣ (Кобул, 1982);
  • Асосҳои омӯзиш (ба забонҳои дарӣ ва пушту, Кобул, 1982);
  • Алифбо барои калонсолон (Кобул, 1982);
  • Ҷумлаҳои сода дар забони дарӣ (Кобул, 1982);
  • Дастури забони дарӣ (Синтаксис) (Кобул, 1982);
  • Забони модарӣ дар синфи 1 (Душанбе, 1972);
  • Забони модарӣ барои синфи 2 (Душанбе, 1972);
  • Забони модарӣ барои синфи 3 (Душанбе, 1973);
  • Алифбо (Душанбе, 1980);
  • Субҳи дониш (Душанбе, 1983);
  • Дастурамал оид ба таълими Субҳи дониш (Душанбе, 1983);
  • Методикаи таълими забони модарӣ дар синфҳои ибтидоӣ (Душанбе, 1985);
  • Забони модарӣ барои синфи 4;
  • Таълим дар синфи 1 (Душанбе, 1992);
  • Педагогикаи шафқат (Душанбе, 1994);
  • Дарс (Душанбе, 1995);
  • Эҳёи педагогикаи Аҷам (Душанбе, 1997);
  • Дидактикаи муосир (Душанбе, 2001);
  • Асосҳои таълими ибтидоии забони модарӣ (2007);
  • Истиқлолияти Тоҷикистон ва маорифи навин (Душанбе, 2006);
  • Оғози қиссаи тарбия (Душанбе, 2007);
  • Педагогикаи башар (Душанбе, 2008);
  • Арӯси Имом Ҳусайн (Душанбе, 2010);
  • Забон ва масъалаҳои таълимӣ (Душанбе, 2011);
  • Андешаи миллӣ ва тарбияи он. Педагогикаи миллии халқи тоҷик, Муқаддимаи ихтисоси омӯзгорӣ (воситаи таълимӣ, Душанбе, 2012),
  • Фарзанд ҳадяи Худованд, китоби 1 ва 2 (Душанбе, 2014),
  • Асосҳои таҳқиқоти илмӣ (Душанбе, 2014),
  • Мавлоно Ҷомӣ — рамзи хоксорӣ ва дастархондории тоҷикон (Душанбе, 2014),
  • Педагогика /Барномаи таълимӣ барои ихтисосҳои омӯзгории таҳсилоти кредитӣ.

Саидамир Аминов — омӯзгор, номзади илмҳои педагогӣ (1995). Аълочии маорифи Тоҷикистон (1981), Аълочии маорифи СССР (1988), узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон.

Саидамир Ашӯрович Аминов 4 январи 1946 дар деҳаи Турушбоғи ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Хатмкардаи курси яксолаи муаллимтайёркунӣ дар ноҳияи Ҳисор (1962-1963), муаллими мактаби 8-солаи № 23-и ноҳияи Ҳисор (1963-1965), хатмкардаи Институти давлатии педагогии Тоҷикистон ба номи Т. Г. Шевченко (1965-1969), муаллими мактаби № 3 ноҳияи Ҳисор (1970-1971), ходими илмии ИТИИП (1971-1972), методисти ИМТИ, ходими хурди илмӣ, ходими калон, мудири лабораторияи забон ва адабиёт, котиби илмӣ, муовини директори ИТИИПТ (1975-2003), сардори идораи таҳсилоти умумии Вазорати маорифи Тоҷикистон (2003-2005), сардори бахши илмии нахустин Маркази идораи Лоиҳаи ислоҳоти соҳаи маорифи Тоҷикистон (2006-2008), саркотиби илмии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (аз 2008 инҷониб).

Аз майи соли 1970 то июли соли 1971 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хидмат кард. Аз соли 1972 то 1975 ба таври гузариш ба Институти ҷумҳуриявии такмили ихтисос кор гузашт. Аз октябри соли 1975 то интихоб шудани узви вобастаи АТТ дар ПРМ ба сифати ходими хурди илмӣ, ходими калон, мудири лабораторияи забону адабиёт, саркотиби илмӣ, ҷонишини директори ПРМ оид ба илм фаъолият кард. Солҳои 2004 ва 2005 бо дархости вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори идораи муассисаҳои таҳсилоти умумии вазорат таъйин шуд. Аз соли 2004 то 21 июли соли 2020 дар вазифаи саркотиби илмии АТТ аз тариқи  интихобот фаъолият кард. Солҳои 1977-1979 дар кишвари Эрон ба сифати кадр-тарҷумон ифои вазифа дошт. Аз соли 1983 то 1989 дар Вазорати маорифи  Ҷумҳурии исломии Афғонистон ба сифати тарҷумон — кадр кор карда аст.

ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ:

Муаллифи беш аз 40 китоби дарсию дастурҳои методӣ ва беш аз 350 мақолаҳои илмию методӣ. Муаллифи китобҳои дарсии забони тоҷикӣ барои синфҳои 5, 6, 7, 8, 9 (1983—1996) дар ҳаммуаллифӣ ва китобҳои дарсии забони тоҷикии синфҳои 7, 8, 9 (10) ва 11 (озмоиши)-и амалкунанда. Забони тоҷикӣ барои синфи 9 (10), ки бар асоси сохтори нав ва мутобики барномаи нави тартибдодааш таълиф шудааст, беҳтарин китоб дониста шуда, соли 1995 сазовори ҷоизаи Мавлавӣ гашт. Мураттиби стандарту барномаҳои таълимии забони тоҷикист. Таҳти роҳбарии ӯ 2 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд.

ОСОР:

  • Тартиби гузаронидани машқ аз забони тоҷикӣ барои синфи 4-8 (1979);
  • Методикаи таълими матнсозӣ дар дарсҳои забони тоҷикӣ (1995);
  • Олим ва педагоги шинохта(1995);
  • Таълими ҳуҷҷатҳои расмӣ дар мактаб(1992, 2007, 2011);
  • Матн ва таълими он дар мактаб (2002);
  • Луғати мухтасари мактабӣ (2002, 2008),
  • Муҳақиқи тавоно ва омӯзгори амиқандеш (2009, Луғати фразеологии мактабӣ (2002, 2007), Дастури методӣ ба китоби синфи 7 (2008),
  • Барномаи забони тоҷикӣ барои синфи 5-9 (1994),
  • Барномаи забони тоҷикӣ (2001, 2002, 2006),
  • Барномаи забони давлатӣ (2004, дар ҳаммуаллифӣ, 2010),
  • Стандарти фанни забони тоҷикӣ барои синфи 5-9 ва роҳнамо (дар ҳаммуаллифӣ,
  • 2012),
  • Барномаи забони тоҷикӣ барои шуъбаи дефектологияю педагогика ва психологияи томактабӣ (2003),
  • Забони тоҷикӣ барои синфи 7 (202, 2007, 2008),
  • Китоби забони тоҷикӣ барои синфи 8 (2007),
  • Забони тоҷикӣ барои синфи 10 (2005, 2011),
  • Забономӯзӣ — асоси рушди тафаккур (мач. мак., 2010).

Оиладор, соҳиби шаш фарзанд.

Абдурауф Муродӣ – узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1996), соҳиби чандин китоб, бо ихтисоси филолог-рӯзноманигор ДДОТ-ро соли 1985 хатм кардааст, дар дарку фаҳми масоили мактабу омӯзгор ва забону фарҳанг бартарӣ дошта, бо забони сода, сабки хоса ва ҳунари хуби ровигияш маърфият дорад.

Абдурауф Муродӣ 1 апрели соли 1961 дар деҳаи Хоҷапанҷи ноҳияи Панҷакент таваллуд ёфтааст. Дар мактаби деҳа таҳсил карда, баъдан Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент (1981) ва факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо (1985) бо дипломи аъло хатм кардааст. Дар шаҳри Роғун ба сифати омӯзгори мактаби миёна ва ҷонишини сармуҳаррири нашрияи «Нурафшон» оғози фаъолият намудааст. Солҳои 1992-2001 дар Панҷакент омӯзгори гимназия, мушовири шуъбаи маориф ва раиси бахши Бунёди байналмилалии форсии тоҷикӣ будааст. Дар кори таъсис ва нашри маҷаллаҳои «Дайри муғон» ва «Сомониён» (нашрияҳои ҳукумати Панҷакент) фаъолона ширкат варзида, соле чанд ҷонишинии сармуҳаррири ин маҷаллаҳоро иҷро кардааст. Аз соли 2002 ҷонишини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Омӯзгор» мебошад.Соли 1996 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд аст.

ЭҶОДИЁТ:

Аз овони донишҷӯӣ ба эҷоди бадеӣ машғул шуда, навиштаҳояш пайваста тавассути маҷаллаву рӯзномаҳо ба табъ расидаанд. Муаллифи китобҳои «Дили гарм» (ҳикояҳо, 1997), «Мӯйлаб» (ашъори ҳаҷвӣ), «Ҷасорат» (қиссаи ҳуҷҷатӣ), «Аз нешханд то нӯшханд» (ҳаҷвияҳо, 1999), «Лутфи Худованд» (назму наср 2000), «Шукуфти ғунчаи лабҳо» (ҳикояҳои ҳаҷвӣ, 2006 «Анори дона-дона» (2005), «Чошнӣ» (ашъори ҳаҷвӣ, 2009) ва қиссаи ҳаҷвии «Ману занам» мебошад. Силсилаи бардавоми навиштаҳои ҳаҷвии ӯ «Анори дона-дона» аз ҷониби хонандагон истиқболи гарм ёфтаанд. «Биё, то қадри якдигар бидонем!» (2009) сафарнома буда, бо сабки хосу ҷолибе нигориш ёфтааст. Китобҳои «Дилнавоз», «Посдори ҳақиқат» ва «Анҷумани дӯстон»-аш аз кору пайкори бархе ҳамдиёрони маъруфамон ҳикоя мекунанд. Мақолаҳои илмию методии ӯ дар авроқи китобҳои «Дурахши вожаҳо», «Ҷашнномаи мактаб» ва «Паёми мушовир» дастраси умум гардидаанд. Як силсила ашъори ҷавоншоирони ӯзбекзабони Тоҷикистонро ба тоҷикӣ гардондааст. Намунаҳое чанд аз эҷодиёташ ба забонҳои русиву ӯзбекӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Мураттиб ва муҳаррири чандин китобҳои тавсиявӣ, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, нишони “Сухан”, нишонҳои “Аълочии маорифи Тоҷикистон”, “Аълочии матбуоти Тоҷикистон”, “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон” ва ифтихорномаҳои зиёд аст. Дар таҳрири мақолаҳои методиву таълимӣ, бахусус, мавзӯъҳои марбут ба забону адабиёт, таълим ва фарҳанг саҳми босазо дорад.

Номвар Бойназарович Қурбонов 4 феврали соли 1990 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар оилаи механизатор ба дунё омада, соли 2007 мактаби миёнаро бо баҳои аъло ба итмом расонидааст. Соли 2006 аз фанни биология ва соли 2007 аз фанни физика дар озмун ба гирифтани ҷойи аввал сарфароз гардидааст. Пас аз хатми мактаби миёна ба факултети физикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) дохил шуда, ин боргоҳи илму маърифатро соли 2012 бо ихтисоси муҳандис-метеоролог ва бо дипломи аъло хатм кардааст. Соли 2013 ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи факултети физика дохил шуда, онро соли 2016 рӯи ихтисоси 25.00.27 – гидрологияи хушкӣ, захираҳои обӣ, гидрохимия ба поён расонидааст.

Рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Динамика изменения метеорологических условий и их влияние на водные ресурсы бассейна реки Зерафшан» дифоъ намуда, ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ мушарраф гардидааст.

Фаъолияти меҳнатиаш ҳанӯз аз солҳои донишҷӯйӣ, аз вазифаи мутахассиси шуъбаи коммуникатсионии Агентии обуҳавошиносӣ (2008-2009) оғоз гардида, баъдан дар вазифаҳои муаллими фанҳои физика ва географияи Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болайёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010-2012) ва ассистенти кафедраи метеорология ва климатологияи факултети физикаи ДМТ (2016-2021) идома кардааст. Аз моҳи июни соли 2021 дар вазифаи муовини директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба илм ва таълим фаъолият дорад.

Ҳамзамон, бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти №5 аз 27 декабри соли 2018 раиси Шӯрои олимони ҷавони Донишгоҳ таъин гардидааст.

Қурбонов Н.Б. натиҷаҳои илмиашро бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво дар мактабҳо, конфронсҳо ва симпозиумҳои мухатлифи байналхалқӣ, аз ҷумла дар шаҳрҳои Москва (2014, 2017), Душанбе (2015, 2016, 2018, 2020), Бишкек (2013), Алмато (2016, 2020), Барнаул (2013), Иркутск (2015, 2021), Астрахан (2015), Новосибирск (2016), Петрозаводск (2018), Санкт-Петербург (2020) муаррифӣ кардааст. Ҳамчунин, курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиширо дар шаҳрҳои Москва (11-24.11.2014), Токио (10-25.12.2017), Бишкек (18-27.06.2018), Алмато (19-28.08.2019) ва Деҳлӣ (онлайн, майи соли 2020) гузашта, дониш ва маҳорати худро сайқал додааст. Илова бар ин, Қурбонов Н.Б. ҳамчун мутахассиси соҳаи гидрометеорология барои иштирок ба эксипедитсияҳои байналхалқии «Аз пиряхҳо то баҳри Арал» (31.07.-30.08.2018) ва «Сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия дар Осиёи Марказӣ» (01-30.06.2019) даъват гардида, дар ин экспедисияҳои илмӣ-тадқиқотии байналмилалӣ на танҳо Донишгоҳи миллӣ, балки Тоҷикистонро намояндагӣ кардааст.

Қурбонов Н.Б. дар тайёр кардани шогирдон ва таъмини иштироки онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ низ саҳми назаррас дорад. Шогирдонаш Нормаҳмедова З.О. (2017) ва Машрабов А.А. (2018) дар Озмуни ҷумҳуриявии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни макотиби олии кишвар – «Донишҷӯ ва пешрафти илму техника» иштирок карда, аз бахши физика ба гирифтани ҷойҳои якум ва сеюм сазовор гардиданд. Ҳамчунин, шогирдонаш Машрабов А.А., Раҷабов Ҳ.А. ва Нормаҳмедова З.О. дар Озмуни байналмилалие, ки аз ҷониби Фонди наҷоти баҳри Арал, Маркази минтақавии экологӣ дар Алмато ва Донишгоҳи Қазоқистону Олмон дар Алмато (2018) ва Тошканд (2019) баргузор гардид, ба гирифтани ҷойи аввал шараёб гардиданд.

Номбурда муаллифи 1 ихтироот (шаҳодатномаи муаллифӣ), 2 монография (Курбонов Н.Б., Фрумин Г.Т. Влияние изменения климата на условия формирования и химического состава водных ресурсов бассейна реки Зерафшан. — LAP LAMBERT Academic Publishing, 2021 — 145 с.; Гарелина С.А., Давлатшоев С.К., Латышенко К.П., Курбонов Н.Б. Повышение безопасности гидротехнических сооружений. Часть 2. На примере водохранилища Нурекской ГЭС на реке Вахш. — Химки: Академия гражданской защиты МЧС России, 2021), 1 китоби дарсӣ (Қурбонов Н.Б., Мирзохонова С.О., Шарипов Ҷ.Г., Муминов А.О. Метеорологияи умумӣ. — Душанбе: ДМТ, 2021. — 356 с.), 2 китоб (Қурбонов Н.Б. Назарияи рушди илмҳои табаиатшиносӣ. — Душанбе: Истеъдод, 2014. — 192 с.; Зафари Умар, Номвар Қурбон. Асосҳои нанотехнология. — Душанбе: Истеъдод, 2015. — 112 с.), 40 мақолаи илмӣ-тадқиқотӣ ва 115 мақолаи илмӣ-оммавӣ ва чандин гузоришҳои телевизиониву радиоӣ мебошад.

Мавсуф узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2015) ва дорандаи нишони Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017) мебошад.

Айни замон, дар баробари машғулиятҳои дигар, ба тадқиқ ва навиштани рисолаи докторӣ дар мавзӯи «Научно-методологические аспекты влияния климатических изменений на состояние водно-энергетических ресурсов и эколого-экономической ситуации юго-восточной части Центральной Азии» камар бастааст.

Муҳаррирони техникӣ