Ҳайати таҳририя — Маҷаллаи "Маорифи Тоҷикистон"

Ҳайати таҳририя

Роҳбарият

     Ноилшоҳ Нурализода 20 майи соли 1969 дар деҳаи Саксонохур (ҳоло  Кӯҳандиёр)-и ноҳияи бостони Фархор ба дунё омада,  хатмкардаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1996) мебошад. Дар вазифаҳои муҳаррири хурд, муҳаррири калон, мудири шуъбаи маънавиёти Ширкати телевизиони ҷамъиятии «Пойтахт» (ҳоло  муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе») (1997-2006), котиби матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  (2007-2011), сармуҳаррири нашрияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Омӯзгор» (2011-2023),  мушовири вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2023),  сардори раёсати ташкилӣ-тарбиявӣ ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (2023-2025) кор карда, ҳоло ба ҳайси сармуҳаррири маҷаллаи илмӣ, маърифатӣ ва таълимию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.                                                           Аз охири солҳои 90-ум Н. Нурализода бо васоити ахбори омма ҳамкории густарда дошта, оид ба масоили муҳим, аз ҷумла, барномаҳои таълимӣ, муносибати ҷомеа ба забон ва адабиёт, ахлоқи ҷавонон, инчунин, дигар паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилоти рӯз дар рӯзномаву ҳафтанома ва маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ масъалагузорӣ кардааст ва мақолаҳои зиёди илмиву оммавиаш ба чоп расидаанд.               Ҳамчунин, Н. Нурализода дар таълифи як қатор барномаҳои телевизионӣ дар тарбияи насли наврасу ҷавонон ва роҳнамоии ҷомеа саҳми арзанда гузоштааст. Муаллифи китоби «Оинаи маориф» (2012), «Машъали маориф»  (2022), «Нашрияи «Омӯзгор» дар низоми матбуоти соҳавии Тоҷикистон» (2024)  мебошад.                              Ноилшоҳ Нурализода барои хизматҳои шоён бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Аълочии Матбуоти Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», медали «100-солагии матбуот» сарфароз гардонида шудааст. Соли 2020 барандаи Ҷоизаи иттифоқи журналистон ба номи А. Лоҳутӣ мебошад. 

Муҳаррирони бахшҳо

 

Набизода Саида Фазл 13 декабри соли 1966 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (собиқ Москва) дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Солҳои 1974-1984 дар мактаби  миёнаи №16–и ноҳияи Ҳамадонӣ таҳсил карда, факултаи забон ва адабиёти тоҷики ДДОК ба номи А.Рӯдакиро соли 1988 ба итмом расонид. 

Фаъолияти меҳнатиаш асосан ба се қисм ҷудо мешавад: омӯзгорӣ, рӯзноманигорӣ ва илмӣ. Баъди хатми донишкада дар мактаби миёнаи №1-и ноҳия, аз соли 1996 то соли 2003 дар мактаби миёнаи рақами 16 чун омӯзгори ихтисосманд фаъолият кард. Соли 2002 дар озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими сол» шарафи омӯзгорони вилояти Хатлонро ҳимоя намуд. Соли 2003 тибқи як лоиҳа дар ташкилоти башардӯстонаи «Миссияи Шарқ» фаъолият кард. Аз моҳи январи соли 2005 дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» ба ҳайси муҳаррири шуъбаи мактабҳо, аз соли 2011 то 2019 дар маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» ба ҳайси сармуҳаррир ва аз феврали соли 2019 инҷониб дар маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» ба ҳайси сармуҳаррир  фаъолият дорад.

Иштирокдори даври ҷумҳуриявии озмуни «Муаллими сол» (2002) буда, аз соли 2006 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳаст, солҳои 2005-2008 дар гурӯҳи коршиносони Вазорати маориф ва илм (таълифу таҳияи барномаву китобҳои дарсӣ), соли 2008 дар ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Мактаб ва ҷомеа» фаъолият карда, дар ташкили маҷаллаи «Маорифи Душанбе» аз соли 2019 нақши асосӣ дорад.   

Муаллифи бештар аз 200 мақолаву гузориш, мусоҳиба ва лавҳа, созмондеҳи суҳбатҳои ихтисосӣ, баҳсҳои илмиву таълимӣ, конфронс, мизҳои мудаввар, сомонаи нашрияҳои соҳавӣ. Дар давоми фаъолият маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» соҳиби рақами силсилавии стандарти байналмилалӣ – ISSN (2306-4293), сомонаи махсус ва саҳифаи иҷтимоии худ гардид. Имрӯз маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» ҳам соҳиби сомона ва саҳифаи гурӯҳӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук гардидааст, узви ҳайати мушовараи маҷаллаи “Маорифи Душанбе” мебошад.

Дар мавзӯи проблемавии «Асосҳои назариявии ташаккули маданияти нутқи хонандагон дар дарсҳои забони тоҷикии синфи 8-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» таҳқиқоти илмӣ дорад, муаллифи китоби дарсӣ ва дастурҳои методӣ, муҳаррири китобҳои илмиву дарсист. Муаллифи китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» барои синфи 5, чор нашр; 5 Раҳнамои таълимӣ барои омӯзгорони забони тоҷикӣ; муҳаррир, мураттиб, мусаҳҳеҳ, муқарризи чандин китоби дарсиву дастурҳои методиву таълимӣ аст. Инчунин, дар таълифи Дастури методӣ барои таълими фанни забони модарӣ (синфи 5), «Замимаи китоби дарсӣ» (барои синфҳои 5,6,7,8,10), таҳия ва таҳрири китобчаи «Байтбарак», якчанд китоби дарсӣ, бадеӣ, илмӣ-методӣ, аз ҷумла, таҳриру тасҳеҳи китобҳои «Алифбо», «Асосҳои иқтисодиёт» (синфи 11), «Маърифати молиявӣ» ва чандин дастури методӣ саҳм дорад; соли 2016 маҷмӯаи мақолаҳояш бо номи «Пайкори афкор» дар ҳаҷми 320 саҳ. бо тамғаи нашриёти «Адиб» ба дасти хонандагон расид. Меҳнаташ бо Ифтихорномаи Вазорати маорифи Тоҷикистон (с.2002, 2009, 2018), Ифтихорномаи Иттифоқи журналистони ҷумҳурӣ (2016, 2017, 2018), нишонҳои «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2002), «Аълочии фарҳанги ҶТ» (2007), «Аълочии матбуоти ҷумҳурӣ» (2018), медали «Хизмати шоиста» (2018) ва  «100-солагии матбуоти тоҷик»  (2018) қадр ёфтааст.

Соҳиби ду фарзанд аст.

Муҳаррирони техникӣ