Бо мукофоти олӣ — унвони Қаҳрамони Тоҷикистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳо дар назди давлат ва халқ, ки дар нишон додани қаҳрамонӣ, корнамоиҳои ҷангӣ ва меҳнатӣ баҳри озодӣ, истиқлолият ва шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистон зоҳир мегардад, сарфароз гардонида мешавад. Ба шахсе, ки бо унвони Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардидааст, нишони махсуси корнамоӣ — ситораи тиллоии Қаҳрамони Тоҷикистон супорида мешавад, ки он бо тасма дар тарафи чапи сина аз болои дигар мукофотҳои давлатӣ овехта мешавад. Унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дар қатори дигар Унвонҳои фахрӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 31 июли соли 2001 № 29 муқарар карда шудааст. Ҷоизадорони унвони Қаҳрамони Тоҷикистон