ОН ҚАДАР БОР КУН, КИ БИКАШАД, НА ОН ҚАДАР, КИ БИКУШАД

Азим БАЙЗОЕВ –
номзади илмњои филология,
устоди ДМТ, сармутахассиси АТТ
Таҳлили Нақшаи таълими муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023/24 ва солҳои минбаъда нишон медиҳад, ки барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо мақсади аз худ кардани забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва хориҷӣ соатҳои таълимии кофӣ ҷудо шудааст. Аз ҷумла, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз синфи якум то ёздаҳум забони тоҷикӣ меомўзанд, ки миқдори соатҳои таълимии ин фан дар маҷмуъ, 1798 соат аст.
Таълими забони русӣ дар муассисаҳои таълимии тоҷикӣ аз синфи дуюм ба роҳ монда шудааст, ки дар маҷмуъ, 884 соатро ташкил мекунад. Солҳои охир таълими забонҳои хориҷӣ аз синфи сеюм шуруъ мешавад. Соатҳои таълимии ин фан низ хеле бештар аз фанҳои дигари мактабист (612 соат). Аммо агар ба натиҷаҳои таълими ин фанҳо нигарем, пай бурдан душвор нест, ки сатҳи омодагии хатмкунандагони МТМУ оид ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва хориҷӣ хеле нигаронкунанда аст. Ростӣ, агар ягон мактабшиноси хориҷӣ бо ин нақшаи таълим ва миқдори соатҳои таълимӣ шинос шавад, ҳатман ба хулосае меояд, ки хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон бо се забон озодона суҳбат мекунанд ва бе ғалат менависанд. Вале мо медонем, ки ҳақиқати ҳол дигар аст. Хатмкунандагони мо аксаран ҳатто, бо забони тоҷикӣ озодона ва дуруст суҳбат кардаву навишта наметавонанд, чӣ расад ба забонҳои дигар. Аз ин ҷо саволи калидие ба миён меояд: сабаб чист?
Дар мо одат шудааст, ки омили асосии ба даст овардани натиҷаҳои таълимро дар бештар намудани миқдори соатҳои таълимӣ мебинем. Вақте ки бо саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давра ба давра барномаҳои давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ба тасвиб расиданд дар баробари андешидани чораҳои дигар, оғози омўзиши забони англисӣ (ва дигар забонҳои хориҷӣ) аз синфи 5 ба синфи 3 гузаронида шуд. Бо қабули Барномаи давлатии “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040” аксар мутахассисон яке аз роҳҳои татбиқи пурсамари онро дар бештар наму-дани соатҳои таълимии ин фанҳо донистанд. Солҳои охир, ки масъалаи таҷдиди назар ба барномаҳои таълими фанҳои адабиёти тоҷик ва таъ-рих ба миён омад, боз ҳам шахсоне пайдо шуданд, ки барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта зиёд кардани миқдори соатҳои таълимии ин фан-ҳоро пешниҳод карданд. Ҳамаи ин гуфтаҳо моро водор месозанд, ки сабабҳо ва омилҳои асосии ногувор будани вазъиятро бо ин ҳама бештарсозиҳои соатҳои таълимӣ ҳама-ҷониба таҳлил намоем. Ба андешаи мо, ду сабаби асосии ин вазъият вуҷуд дошта метавонад:
1. Номувозинатӣ (нобаробарӣ)-и сатҳи қобилияту имкониятҳои воқеии биологӣ, физиологӣ, психологӣ, ақлонӣ ва ҷисмонии хонандагон ба ҳаҷми донишу маълумоте, ки барномаҳои таълими фанҳо дар ҳар як сатҳ (синф) ва зина (ибтидоӣ, асосӣ, миёнаи умумӣ) пешниҳод мекунад.
2. Таносуби миқдору сифат. Миқдори соатҳои таълимӣ яке аз омилҳои ба даст овардани натиҷаҳои таълим буду ҳаст ва боқӣ мемонад, аммо он омили асосӣ ва ҳалкунанда нест. Баланд бардоштани сифати таълим, аз ҷумла, методикаи таълими фанҳо ва фароҳам сохтани шароити мусоиди таълиму тарбия аз муҳимтарин омилҳои таъсиррасон барои ноил шудан ба натиҷаҳои дилхоҳи таълим аст.
Барои беҳтар дарк кардани масъала ҳамчун намуна нақшаи таълимро барои синфҳои чорум (соли охири зинаи ибтидоӣ) ва панҷум (соли аввали зинаи асосӣ) таҳлил мекунем:
Номи фан | Синфи 4 | Синфи 5 |
Забони модарӣ | 8 | 3 |
Адабиёт | 2 | |
Забони русӣ | 3 | 3 |
Забони хориҷӣ | 2 | 2 |
Математика | 5 | 5 |
Табиатшиносӣ | 2 | |
Санъати тасвирӣ ва меҳнат | 2 | |
Санъати тасвирӣ | 1 | |
Суруд ва мусиқӣ | 1 | 1 |
Тарбияи ҷисмонӣ | 2 | 2 |
Таърихи халқи тоҷик | 2 | |
Таърихи умумӣ | 1 | |
Биология | 2 | |
Технологияи меҳнат | 1 | |
Технологияи иттилоотӣ | 1 | |
Ҳамагӣ | 25 | 26 |
Манбаъ: Нақшаи таълими муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023/24 ва солҳои минбаъда. – Душанбе: Маориф, 2023.
Шояд дар назари аввал чунин намояд, ки ин миқдори соатҳои таълимӣ дар як ҳафта барои хонандагони ҳамин синну сол бисёр нест ва ба хусусиятҳои синнусолии онҳо мувофиқ аст. Аммо, ба андешаи мо, чунин нест. Ин рақамҳо ҳанўз бозгўйи ҳақиқии сарбории хонанда буда наметавонанд. Барои пай бурдан ба ҳақиқати ҳол бояд чанд паҳлуи дигари масъала низ ба назар гирифта шавад. Якум, ҳаҷми маълумоте, ки китоби дарсӣ барои ҳар як соати таълим пешниҳод мекунад. Дуюм, ҳаҷми маълумоте, ки барои супориши хонагӣ пешниҳод мегардад.
Агар ба китобҳои дарсии ҷорӣ назар андозем, хоҳем дид, ки барои хонандаи синфи чорум аз забони модарӣ барои омўзиши забон ва хониш маводде пешниҳод карда мешавад, ки ҳаҷми он ба ҳисоби миёна каме бештар аз як саҳифаи китоб аст: китоби дарсӣ 320 саҳифаи суратдор буда, миқдори соатҳои таълимӣ дар як сол ба 280 соат баробар аст. Яъне, хонандаи синфи чорум ҳамин ҳаҷми матн (мавод)-ро метавонад хонад, мазмуни онро дарк кунад ва нақл карда тавонад (аз ҷумла, бо роҳи саволу ҷавоб).
Дар синфи панҷум ин фан ба ду қисм – забони тоҷикӣ ва адабиёти тоҷик ҷудо мегардад. Китоби забони тоҷикӣ барои синфи 5 (матнҳои таълимӣ) аз 250 саҳифа иборат аст. Миқдори соатҳои таълимӣ 105 соатро ташкил медиҳад. Аз ин ҷо барои як соати таълимӣ 2,4 саҳифа рост меояд. Китоби адабиёти тоҷик аз 305 саҳифа иборат буда, барои омўзиши он 70 саоати таълимӣ ҷудо шудааст. Дар маҷмуъ, аз забони тоҷикӣ ва адабиёти тоҷик ба хонандаи синфи 5 мо маводдеро пешниҳод мекунем, ки ҳаҷми он ба 3,5 саҳифаи китоби дарсӣ баробар аст. Яъне, 3,5 маротиба бештар аз аз синфи 4. Дар ин синф фанҳои нав илова мешаванд. Яке аз онҳо таърих аст, ки он ҳам дар ду шакл – таърихи дунёи қадим ва таърихи халқи тоҷик пешниҳод мешавад. Китоби дарсии таърихи халқи тоҷик барои синфи 5 аз 245 саҳифа иборат буда, миқдори соатҳои таълимӣ барои як сол 70 соат аст. Аз ин ҷо барои ҳар як соати таълимӣ маводде пешниҳод шудааст, ки аз 3,5 саҳифа иборат аст. Китоби дарсии таърихи дунёи қадим барои ҳамин синф аз 270 саҳифа иборат буда, миқдори соатҳои таълимӣ ба 35 соат баробар аст. Яъне, барои як соати таълимӣ 7,7 саҳифаи китоби дарсӣ рост меояд.
Чунин таҳлилро барои фанҳои дигар низ идома додан мумкин аст. Аммо ҳамин як назари кўтоҳ кофист, то ба хулосае биёем, ки мо аз хонандаи синфи 5 як ҷаҳиши баландеро талаб мекунем, ки аз имконияту қобилиятҳои ҳақиқии ў ба маротиб бештар аст. Агар сатҳи донишу фаҳмиши хонандаи синфи 5 баробар бо олимони унвондору муаллифони китобҳои дарсӣ мебуд, ҳатман ҳушдор медод: “Мо тарзе офарида шудаем, ки ба қуллаҳои дониш бо зинаҳо, оҳиста-оҳиста ва бемайлон боло бароем, на ба воситаи лифт, ки шумо мехоҳед!”
Хулосае, ки аз ин мушоҳидаҳои сатҳӣ ба миён меояд, он аст, ки масъалаи мувозинат (баробарӣ)-и сатҳи қобилияту имкониятҳои воқеии биологӣ, физиологӣ, психологӣ, ақлонӣ ва ҷисмонии хонандагон ба ҳаҷми донишу маълумоте, ки барномаҳои таълими фанҳо дар ҳар як сатҳ (синф) ва зина (ибтидоӣ, асосӣ, миёнаи умумӣ) пешниҳод мекунад, ба таҳлили амиқ, ҳамаҷониба ва илман асоснок ниёз дорад. Ин таҳқиқот наметавонад бо таъсиси як гурўҳи кории одии Вазорати маориф ва илм сурат гирад, ҳамон тавре ки мо маъмулан чунин рафтор мекунем. Ба ин таҳқиқоти бунёдӣ бояд мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, мутахассиси тибби кўдакон, психологи синнусолии кўдакон, педагогҳои соҳибтаҷриба ва бохабар аз методикаи муассири таълим, мактабшиноси варзида, ки ин масъаларо дар муқоиса бо кишварҳои дигар таҳлил карда тавонад, ҷалб гарданд. Натиҷаи ин таҳқиқот дар баробари таҳлили сарбориҳо ва ҳаҷми донишу маълумоти хонандагон бояд барои таълифи китобҳои дарсии оқилона (оптималӣ) фикру андешаҳои дақиқу илмӣ пешниҳод намояд. Мо дар муносибат ба фарзандони худ бояд ин мақоли машҳури халқиро шиори худ гардонем: “Он қадар бор кун, ки бикашад, на он қадар, ки бикушад”.
Табиати кўдак чунин аст, ки агар маводди дарсиро аз худ карда натавонад, ноумед мешавад, эътимодро ба тавоноии худаш гум мекунад. Худаш пай набурда, ҳамон фан(ҳо)-ро бад медидагӣ мешавад ва эҳтиром гузоштан ба омўзгорро ҳам аз даст медиҳад. Ин гуноҳи кўдакон нест, психологияи ў, табиати ў чунин аст.
Масъалаи гузаштан аз нишондиҳандаҳои сирф миқдорӣ (миқдори соатҳои таълимӣ) ба сифати таълим аз ҷанбаи дигари муҳимми ин масъала аст. Хулосае, ки аз таҳлили миқдори соатҳои таълимӣ барои омўзиши забонҳо бармеояд, он аст, ки барои ба даст овардани натиҷаҳои таълим (баланд бардоштани сифати таҳсилот) миқдори соатҳои таълимии ҳар фан омили асосӣ ва ҳалкунанда буда наметавонад, балки сифати таълим дар мадди назари аввал аст. Вале аз ҷониби дигар, худи мафҳуми сифати таҳсилот (СТ) дар низоми маориф мафҳуми норавшану зеҳнӣ (абстрактӣ) аст. Муайян намудани сифати ҳар ашё, аз хурд то калон, хеле осон аст, зеро ҳар ашё нишондиҳандаҳо, аломатҳо ва ченакҳои мушаххаси худро дорад, барои ин асбобу дастгоҳҳои ченкунӣ ва андозагирӣ мавҷуданд. Чунин нишондиҳандаҳо, мушаххасот ва аломатҳо барои СТ аниқу дақиқ нестанд. Он чӣ дар ин маврид барои мо дастрас аст, ин омилҳои таъсиррасон ба СТ асту бас. Муҳимтарин омилҳои таъсиррасон ба СТ чунин буда метавонанд:
1. Сатҳи омодагӣ ва касбияти омўзгорон;
2. Сифати китобҳои дарсӣ ва таъминоти омўзгорону хонандагон бо онҳо;
3. Адабиёти иловагии таълим, аз ҷумла, дастурҳои методӣ, маводди аёнӣ, аудио- ва видеомавод, захираҳои интернетӣ, роҳнамои омўзгор, дастурҳои методакаи таълими фан;
4. Сатҳи дониш, маҳорату малака ва салоҳиятҳои таълимгирандагон;
5. Шароити муносиби таҳсил (муҷаҳҳаз будани синфхонаҳо бо техника ва технологияҳои муосир, лабораторияҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ ва ғ.).
Хонанда ҳамон вақт соҳиби салоҳиятҳои зарурӣ (калидӣ ва фаннӣ) мешавад, ки агар омўзгор салоҳиятманд бошад. Ҳақиқат ин аст, ки фақат бо таъмини омўзгорон бо китобҳои дарсӣ мо муносибати босалоҳият ба таълимро ҷорӣ карда наметавонем. Омўзгор дар баробари китоби дарсии хушсифат ва ҷавобгўйи талабот бояд бо роҳнамои омўзгор, маводди аёнӣ, дастурҳои методӣ (методикаи таълими фан) ва технологияҳои муосири таълим муҷаҳҳаз бошад. Ҳамчунин, барои хонандагон таҳия ва нашри дафтари хонанда хеле зарур аст. Ба ибораи дигар, муносибати босалоҳият ба таълим дар баробари ҷорӣ намудани методологияи хонандамеҳвар (таълиму омўзиш бо роҳи масъалагузорӣ) танҳо дар сурате натиҷа медиҳад, ки омўзгору хонанда бо бастаи маводди таълимӣ таъмин бошанд (маҷмуи маводди таълимӣ: китоби дарсӣ, роҳнамо, дастури методӣ, маводди аёнӣ, электронӣ, дафтари хонанда) ва дар айни замон ба шароити хуби таълим (мавҷуд будани кабинетҳои фаннии муҷаҳҳаз, лабораторияҳои муҷаҳҳаз бо асбобу дастгоҳҳои зарурӣ, ҷанбаҳои дигари инфрасохтори муассисаи таълимӣ) дастрасӣ дошта бошанд.
Танзими барномаҳои таълим бо дарназардошти робитаҳои байнифаннӣ низ хеле масъалаи муҳим ва яке аз омилҳои таъмини таълими босифат аст. Оё, дар ҳақиқат, омўзиши айнизамонии се забон (тоҷикӣ, русӣ, хориҷӣ) имкон дорад? Вазъи имрўза аксар мутахассисону омўзгорону падару модаронро ба он водор месозад, ки ба ин савол посухи манфӣ диҳанд. Вале андешаи мо чунин аст, ки ҳеҷ чизи имконнопазир нест! Барои ин мо бояд мазмуну мундариҷа ва методикаи таълимро тағйир диҳем. Биёед, маводди китобҳои дарсии забони тоҷикӣ, русский язык ва English-ро барои синфи 5 дар як ҳафтаи таълимии дилхоҳ варақ мезанем. Чаро маҳз синфи 5, на 3-ю 4, ё 6-у 7? Чунки хонандаи синфи 5 донишу малакаҳои аввалини истифодаи ин забонҳоро дорад, захираи луғавии кофӣ дорад, чӣ тарз сохта шудани ҷумлаҳоро медонад, дар мавзуъҳои рўзмарра суҳбат карда метавонад. Ҳангоми таълими ҳар забон ба назар гирифтани омодагии қаблии хонанда хеле муҳим аст. Зимни мушоҳидаи ин китобҳои дарсӣ хоҳем дид, ки аз забони тоҷикӣ як мавзуъ бо як методи таълим, ҳаҷми муайян ва қоидаҳои грамматикии мушаххас пешниҳод мешавад, дар китоби забони русӣ – мавзуи дигар бо ҳаҷм ва тарзу усулҳои таълими дигар, дар дарси забони англисӣ – мавзуи комилан дигар бо методҳои дигари таълим.
Акнун тасаввур кунед: ман хонандаи синфи 5 ҳастам. Рўзи душанбе дар дарси забони тоҷикӣ ба мо матнеро дар мавзуи “Душанбе – қалби кишвари мо” (бо таҳлили мазмун ва шарҳи грамматикии матн) меомўзанд, рўзи сешанбе дар дарси забони русӣ ба мо матни “Москва: вчера, сегодня завтра столицы России”-ро пешниҳод мекунанд ва рўзи дигар дар дарси забони англисӣ матнеро бо номи рамзии “London is One of the Oldest Cities in Europe” (Лондон – яке аз қадимтарин шаҳрҳои Аврупо) таҳлил мекунем. Шавқу ҳаваси ман зиёд мешавад, ман бо шарикдарсам мехоҳам дар бораи Душанбе бо забони русӣ, дар Москва бо забони англисӣ ва дар бораи Лондон бо забони тоҷикӣ суҳбат кунам! Охир, ман аллакай силсилаи ин калимаҳоро дар се забон медонам: шаҳр – город – city, пойтахт – столица – capital, кишвар – страна – country, кўча – улица – street, хиёбон – проспект – avenue, дарё – река – river, бино – здание – bilding ва ғайраро медонам! Аз шарикдарси дигарам хоҳиш мекунам (бо супориши китоб), ки нақши сайёҳи англисро бозад, ки ба саёҳат омадааст. Ман дар бораи деҳаи худ, ноҳияи худ, шаҳри худ ва пойтахти кишвари худ бо камоли майл суҳбат мекунам! Кадом тарзи таълим беҳтару шавқовартар аст?
Дар маҷмуъ, хеле муҳим аст, ки масъалаҳои гуногуни соҳаи маориф (баррасиву таҳлили омўзиши фан(ҳо)-и алоҳида, низоми муносибати босалоҳият ба таълим, низоми баҳогузории бисёрхола ва ғайра) на дар алоҳидагӣ, балки бо дарназардошти омилҳои дигари таъсиррасон ба онҳо ба роҳ монда шавад. Мо ба ин нукта дар мақолаи худ – “Гузариш ба низоми 10-холаи арзёбӣ: имконият ва монеаҳо” таъкид карда будем. Вақти он расидааст, ки аз таҳқиқу омўзишҳои рўякӣ даст кашида, ба таҳлили амиқи илмии масъ-алаҳои таълиму тарбия рў оварем. Танҳо дар он сурат натиҷаҳои бадастомада метавонанд барои қабули қарорҳои дахлдор, мушаххас, иҷрошаванда ва андешидани чораҳои амалан самаранок мусоидат намоянд.
______
Адабиёт:
1.Байзоев А. Гузариш ба низоми 10-холаи баҳогузорӣ: имконият ва монеаҳо // Маорифи Тоҷикистон, №5, 2024. – С. 24-30.
2.Байзоев А. Дар чорсўйи андешаҳо (Маҷмуаи мақолаҳо). – Душанбе: Маориф: 2023. – 208 с.
3.Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳои 2004-2014. Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2 декабри соли 2003.
4.Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳои 2015-2020. Қарори Ҳукумати ҶТ аз 3 июни соли 2015.
5.Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030. Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30 августи соли 2019.
5.Барномаи давлатии “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040”. Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30 апрели соли 2021.
6.Зиёев М. ва дигарон. Забони модарӣ. Китоби дарсӣ барои синфи 4. – Душанбе: Маориф, 2018. – 328 с.
7.Зиёзода Т. Таърихи дунёи қадим. Китоби дарсӣ барои синфи 5. – Душанбе: Маориф, 2017. – 272 с.
8.Нақшаи таълими муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023/24 ва солҳои минбаъда. – Душанбе: Маориф, 2023. – 96 с.
9.Набизода С. ва дигарон. Забони тоҷикӣ. Китоби дарсӣ барои синфи 5. – Душанбе: Маориф, 2023. — 256 с.
10.Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030. Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29 сентябри соли 2020.
11.Яъқубов Ю. Таърихи халқи тоҷик. Китоби дарсӣ барои синфи 5. – Душанбе: Маориф, 2015. – 248 с.