
Абдусаттор ОДИНАЕВ –
мудири кафедраи таҳсилоти касбии
Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос
ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф,
номзади илмҳои фалсафа, дотсент
Андешаҳои ҳикматбори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва суханрониҳояшон кайҳост, ки ба дили мардум роҳ ёфта, кору пайкори созандаашон дар таърихи навини давлатдории тоҷик ба ҳайси бун-ёдгузори давлати соҳибихтиёр, асосгузори сулҳу ваҳ-дати миллӣ, таҳиягари пояҳои ҳуқуқии миллат, эҳёку-нандаи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва динӣ, зинда-кунандаи номи қаҳрамонони таърихӣ, ҳомӣ ва муҳофизи манфиатҳои миллат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон байни мардум маълуму машҳур гаштааст.
Ҳар нафаре, ки сарнавишти печидаи хал-қи тоҷикро медонад, дар Тоҷикистон кору фаъолият карда, заҳматҳои шабо-нарўзӣ ва созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро меби-над, хуб эҳсос менамояд, ки бидуни муболиға, ҳанўз мо на ҳамаи воқеият ва дурнамои амалҳои ин симои таърихиро дарк намудаем. Бешак, тасвири симои шахсе, ки халқи беш аз ҳазор сол аз саҳнаи таърих дурафтодаро аз сари нав ҳамчун миллати соҳибдавлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид кард, халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот дод, ҷон дар кафи даст душманонро ба оғўш кашид, ҷинояткоронро авф кард, гурезаҳоро ба Ватан баргардонид, ба халқи мотамзада сулҳу ваҳдати миллӣ ва суботу амният овард, ҳама дороӣ, қудрат ва сиёсатро дар хизмати инсон вогузор намуд, пояи давлатдориро аз сифр тарҳрезӣ кард, мардуми парешонро атрофи дастархони сиёсии миллат муттаҳид кард, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлатеро бо номи Тоҷикистон сабт намуд, дар ҳақиқат, кори як мақола ва ҳатто як китоб ҳам нест ва дар ин бора бояд навишту навишт. Дар замоне ки касе ба ояндаи зиндагӣ бовар надошт, дар шароите, ки модар баргаштани фарзанд ва ё зан шавҳари барои нон ба мағоза рафтаашро бо сад гумону хаёл интизорӣ кашида, аз Худованди мутаол имдод металабид, дар лаҳзаҳое, ки садои тиру туфанг нолаи модарону гиряи кўдаконро пахш карда буд, дар он рўзгоре, ки адлу инсоф, дўстию муҳаббат, садоқату ҳақиқатро беинсофию нобаробарӣ, хиёнату шайтонӣ, номардию туҳмат гулугир карда буд, ў масъулияти роҳбариро ба дўш гирифта, умед ва бовариро ба сулҳу ваҳдат дар дили мардум ҷо намуд. Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз баъд аз 23 рўзи савганди таърихиаш, моҳи декабри соли 1992, дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон гуфта буд: «Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисону фарзандони барўманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам.»[1]
Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзи ин қасами худ то 27 июни соли 1997, яъне, то расидан ба сулҳи саросарӣ ва суханронии таърихӣ бахшида ба имзо гардидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» 21 маротиба гуфтушунид ташкил карда, 7 маротиба дар муколамаҳо шахсан ширкат варзида, ҳамчун Роҳбари давлат 80 маротиба ба халқи Тоҷикистон муроҷиатнома, хитоба, суханрониҳои расмӣ, мусоҳибаҳо ва табрикот карда, ҳамеша аз дўстӣ ва ваҳдат суҳбат намуда, муноқишаю ҷангро маҳкум сохта, кўшиши муттаҳид кардани миллатро пайваста думболагирӣ намудааст. Дар замоне ки як қисми шаҳрвандони мо дар хориҷи кишвар буданд ва дили модари тоҷик барои фарзандонаш гум мезад, ў худро нороҳат ҳис мекард. Ў ҳамчун Роҳбари давлат то расидан ба ваҳдати миллӣ оромиро эҳсос намекард, руҳаш барои зиндагии нотинҷи кишвар, сўхтану бетартибиҳои яроқбадастон азият мекашиду қалбаш ба аҳволи мардуми фирорӣ месўхт. Дар чунин як ҳолати тоқатфарсо пайваста ба мардуми фирорӣ мегуфт: «Ҳамдиёрони азиз, ба Ватан баргардед! Ба шумо кўҳи тилло ваъда намедиҳам, аммо як пора ноне, ки дорем, бо ҳам мехўрем.»[2]
Ҳамин самимият ва муҳаббат буд, ки як миллион гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ ба ҷойи зисти аввалаашон баргардонда шуда, 36 ҳазор хонаи пурра ва ё қисман харобгашта дар як муддати кўтоҳ барқарор карда шуданд. Маълум аст, ки ҳар ҷанг ва ҳар фитна ташкилкунандагон, иҷрокунандагон ва манфиатдорони худро дорад, ки ҳамчун омили ин нохушӣ аз он баҳра мегиранд. Оташбас ва субот ба ин гурўҳҳои дохилию хориҷӣ, албатта, хушоянд набуд. Аз ин лиҳоз, барои Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле вазнин буд, ки ҳамроҳ бо ғаму андуҳи халқ ба сўи оромию субот ҳаракат намояд. Дар бисёр ҳолатҳо ҳатто наздиктарин рафиқону ҳамақидаҳои ў зери таъсири селоби мушкилию фитнаҳо ба ояндаи нек шубҳа мекарданд. Вале ў ба иродаи халқ такя карда, мардумро мутмаин сохта, ҷавонмардона ба пеш ҳаракат мекард ва мардумро низ ба роҳи рост ҳидоят менамуд. Таҷрибаи таърихӣ исбот кардааст, ки барои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон ба мансаби Раиси Шурои Олӣ, интихоб гардид, роҳи дигари алтернативӣ вуҷуд надошт. Муҳимтар аз ҳама, Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он замон масъулияти бузургро ба зиммаи худ гирифта, манфиатҳои умумихалқиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурўҳӣ, маҳаллӣ ва минтақавӣ болотар гузошт. Дар ин давра Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се амали таърихиро иҷро кард:
Якум, амали Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси ҳокимияти давлатӣ мебошад. Зеро маҳз ташкил намудани низоми дурусти идораи давлат, таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии низоми идора, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таҳияи низоми судӣ метавонист халқро аз вартаи нобудшавӣ наҷот диҳад. Ин амалро Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷойи холӣ ва низоми фалаҷи мақомоти давлатӣ роҳандозӣ намуд, ки имрўз низоми идоравии амалкунанда сифатан аз даврони Шуравӣ ва ҳатто, ибтидои замони истиқлолият фарқи куллӣ дорад. Амали дуюми Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароҳам овардани ваҳдати миллӣ мебошад. Роҳбари давлат тавонист дар як муддати кўтоҳ оташи ҷанги шаҳрвандиро хомўш кунад ва ваҳдати миллиро барқарор созад. Амали сеюми Роҳбари давлат интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ буда, роҳро ба сўйи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона кушода, тавонист кишвари моро ба оламиён чун давлати рушдёфта муаррифӣ намояд.
Бояд ёдовар шуд, ки яке аз солҳои бениҳоят душвор ва сарнавиштсози гуфтушунидҳо соли 1995 буд, ки дар ин сол аввалин бор музокироти сатҳи олӣ дар шаҳри Кобул баргузор гардид. Пеш аз сафар ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон, моҳи апрели соли 1995 Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбати ихтисосиашон бо хабаргузории «Интерфакс» дар бораи ҳадафҳои вохўрияш бо роҳбари мухолифин чунин иброз доштанд: «Ҳангоми вохўрӣ бо роҳбари оппозитсия ман, пеш аз ҳама, мавзуъҳоеро баррасӣ хоҳам намуд, ки ба ҳалли мусолиматомези қазияи Тоҷикистон иртибот дошта, масъалаҳои оташбас ҳам дар сарҳад ва ҳам дар дохили кишвар, баргашти тамоми муҳоҷирине, ки ҳанўз дар хоки Афғонистон ҳастанд, ва ҳамчунин, дигар масъалаҳоро дар бар хоҳад гирифт. Мақсади ман, расидан ба мусолиҳа бо оппозитсия мебошад, ки ин мусолиҳа бояд бечунучаро аз ду тараф иҷро шавад.»[3]
Дар вазъияти мураккаб ва ноамнии комил дар шаҳри Кобул, ки дар бист километр берун аз он ҷанги шадиди байни неруҳои ҳукуматӣ ва гурўҳҳои мухолиф идома дошт ва мушакҳо ба тарафи шаҳр ва бахусус, ба фурудгоҳи Кобул парронда мешуданд, ҳавопаймои Роҳбари давлат дар фурудгоҳи шаҳри Кобул ба замин нишаст ва баъдан музокирот байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифини собиқ шуруъ гардид. Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чунин шароити вазнин ва хатарнок барои таъмин ва истиқрори ҳарчи зудтари сулҳу салоҳ дар Ватан ва оромии миллат дар душвортарин шароит ду рўз музокироти хеле муҳим ва сарнавиштсозро муваффақона анҷом дод. Натиҷаи музокироти сатҳи олӣ дар Кобул барои ташвиқ ва тарғиби намудани барқарории фазои сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар Тоҷикистон аҳаммияти фавқулода дошт. Дар «Изҳорот»-е, ки аз тарафи ду роҳбар ба имзо расида буд, аз ҷумла, чунин ишора шуда буд: «Ҷонибҳои тоҷикон ба хотири рафъи низоъ аз тариқи сиёсӣ, тавассути музокирот, бунёди шароити сулҳи пойдор дар сарзамини тоҷикон тамоми ҷидду ҷаҳди хешро дареғ нахоҳанд дошт.»[4]
Пас аз баргаштани ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон ба Душанбе, вазири дифои Афғонистон, шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд дар мулоқот бо хабарнигорон аз хусуси мавқеи инсонпарварӣ ва ватандўстона доштани Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда чунин гуфт: «Раҳбари Тоҷикистонро ман ҳамчун шахсияте дарёфтам, ки халқи кишвараш, миллати тоҷикро, ватанаш – Тоҷикистонро хеле амиқ ва самимона дўст медорад. Барои беҳбудии халқу марзу бумаш омода аст, ҷонбозиҳо кунад. Бо чунин Раис тоҷикон ҳатман ба сулҳу оштӣ даст хоҳанд ёфт.»[5]
Дар худи Тоҷикистон низ ҳамон сол дар минтақаҳои зери нуфузи мухолифини собиқи мусаллаҳ Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити хеле хатарнок мулоқоту гуфтушунидҳои зиёде бо гурўҳҳои гуногун анҷом дод, ки баъдан натиҷаи хуб доданд. Музокироти бениҳоят душвори дигар дар сатҳи олӣ дар деҳаи Хусдеҳи Афғонистон дар зимистони басо сарди соли 1996 сурат гирифт. Ин музокирот дар як мавзеи дурдасти Хусдеҳ, ки дар он на ҷойи хоби мувофиқ мавҷуд буд ва на барқ, сурат гирифт. Ҳайатҳои музокироти сулҳи тоҷикон ду шабонарўз то субҳ музокира карданд ва дар натиҷа Протокол дар бораи танзими авзои ҳарбию сиёсии минтақаҳои даргир дар 8 банд таҳия ва ба имзо расид, ки дар натиҷаи он оташбас барқарор гардида, неруҳои низомии мухолифони собиқ ба мавқеи пештараашон баргаштанд. Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин музокирот пешниҳод намуд, ки ҷиҳати таъмин ва таҳкими сулҳ дар Тоҷикистон бояд Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) таъсис дода шавад ва роҳбари он бояд намояндаи мухолифин бошад. Чунин пешниҳоди ҷасурона дар он давра кори саҳлу осон набуд. Дар маҷмуъ, дар натиҷаи музокироти тўлонӣ, ки аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон – Афғонистон, Покистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Туркманистон идома ёфтанд, муяссар шуд, ки барои амалӣ намудани ҳадафҳои сулҳ 9 даври музокирот, 6 вохўрии сарон ва 21 маротиба музокирот анҷом дода шавад, ки дар натиҷаи онҳо 40 санади тақдирсози миллат ба имзо расонда шуд. Дар ҷараёни гуфтушунидҳо тоҷикон ба хубӣ фаҳмиданд, ки ҷанги таҳмилӣ бояд фавран қатъ гардад, чунки ин даргирии бародаркуш миллати тоҷикро метавонист аз байн барад ва ба давлатдории тоҷикон хотима бахшад. Бегонагоне, ки ин ҷангро ба сари миллат таҳмил карданд маҳз таназзулу нобудии давлатдории тоҷиконро мехостанд, аммо, шукр, ки тирашон хок хўрд. Бояд таъкид намоям, ки баъзе аз кишварҳои дуру наздик намехостанд дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ бошад ва бо ҳар роҳу восита ба раванди сулҳ халал мерасонданд. Тавре ки маълум аст, аз нахустин рўзҳои Истиқлолияти давлатӣ доираҳои муайяни бадхоҳ бо истифода аз таҷрибаи даврони гузашта ва усулҳои озмудаи худ, бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсӣ давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонданд. Дар натиҷа беш аз 100 ҳазор нафар шаҳрванди мо кушта шуданд, қариб 1 миллион нафар иҷборан хонаву дари худро тарк карда, ба кишварҳои ҳамсоя фирор намуданд. Мувофиқи ҳисобҳо, ҷанги таҳмилӣ ба иқтисодиёти мамлакат, дар маҷмуъ, беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зиёни моддӣ расонд, ки он замон 105 маротиба аз буҷаи соли 1995 зиёд буд. Зиёда аз 30 ҳазор хонаи истиқоматӣ сўзонда, садҳо биною иншоот, заводу фабрика, муассисаи тиббӣ, маорифи идораҳои давлатӣ ва дигар муассисаҳои зиёде харобу валангор гардиданд. Зарари маънавии ҷанг ҳадду ҳисоб надорад, зеро бар асари он даҳҳо ҳазор модар аз фарзандаш, даҳҳо ҳазор зан аз шавҳараш маҳрум гардида, зиёда аз 55 ҳазор кўдак ятим монданд. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расид, ба ҷаҳониён нишон дод, ки миллати бофарҳанг, ватандўст, сулҳхоҳ ва сулҳпарвари тоҷик дар он давраи хеле сахт ва мудҳиш таҳти роҳбарии Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳу ваҳдат ноил гардид, роҳи музокироти сулҳро пеш гирифт, аз ақлу фарҳанги азалии хеш истифода намуд, аз роҳи ба тариқи зўрӣ ҳал кардани мушкилоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ даст кашида, сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатро ба хотири таъмини сулҳи сартосарӣ самимона дастгирӣ намуд. Истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ волоияти иҷрои қонунҳои ҷумҳурӣ, амру дастурҳои Роҳбари давлат ва қарорҳои Ҳукумати ҷумҳуриро дар тамоми қаламрави Тоҷикистон таъмин намуд ва ба бедодгариҳои қумондонҳои саркаш хотима бахшид. Мардуми тоҷик, ки аз қумондонҳои саркаш хаста ва безор шуда буд, нафаси озод кашид. Ҳамагон фаҳмиданд ва дарк намуданд, ки танҳо бо роҳи сулҳу салоҳ метавонанд ваҳдати миллиро таҳким бахшанд, миллату ватанро ҳифз намоянд, эҳтирому обрўйи Ватанро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоранд ва насли навро дар руҳияи соҳибистиқлолӣ, муҳаббат ба марзу бум, ба таъриху адабиёту фарҳангу забони модарӣ, пешрафти ҷомеаи демократӣ, худшиносии миллӣ ва арзишҳои суннатӣ тарбия кунанд. Баъд аз барқарории ваҳдати миллӣ ва сулҳи сартосарӣ дар кишварамон, бо ташаббус ва ибтикори ҳамешагии Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди бозсозии иқтисодии кишвар, рушди демократия, гуногунандешӣ, таҳаммулпазирӣ, озодии сухан ва матбуот, ташаккули тафаккури миллӣ равнақу ривоҷи бештар пайдо намуда, ваҳдати миллиро мустаҳкам намуд. Бо дастуру супориши мустақими Роҳбари давлат барои ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар барномаҳои сармоягузорӣ, стратегияҳо ва консепсияҳои миллӣ қабул гардиданд ва чорабиниҳои муҳим дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуданд, ки эътимод ва боварии мардумро ба раванди созандагии кишвар даҳчанд намуданд. Ин чорабиниҳои муҳим иборат буданд аз таъсиси Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон; сохтмони роҳҳои оҳан ва мошингард, нақбу неругоҳҳои барқӣ; дар сатҳи байналмилалӣ гузарондани маъракаҳои фарҳангӣ; ҷудо кардани 75 ҳазор гектар замин барои киштукори мардум; таҳия, қабул ва дар амал татбиқ намудани қонуну қарорҳои ҳуқуқӣ барои рушду равнақи демократия дар кишвар ва ғайра.
Дар баробари ин, Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои нахустин барои ташаккул ва инкишофи иқтисодиёти кишвар аҳаммияти махсус медоданд. Аз ҷумла, дар мавриди рушди соҳаи энергетика, бо ташаббус ва дастгирии Роҳбари давлат лоиҳаи бунёди шабакаи ягонаи энергетикии кишвар дар асоси муттаҳидсозии шабакаҳои ҷануб ва шимол амалӣ гардиданд. Бо таъкиди Пешвои миллат, тадбирҳо дар самти муайан намудани сарчашмаҳои нави захираҳои энергетикӣ андешида шуда, лоиҳаи НБО-и Роғун амалӣ гашта истодааст ва дар оянда ба кишварҳои минтақа фурўхтани неруи барқ лоиҳаи КАСА — 1000 амалӣ гардида истодааст. Ҳудуди фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ на танҳо аз нигоҳи сифат, балки аз лиҳози миқдор низ густаришу вусъат ёфт, мазмуну моҳияти гуногунандешӣ гирифт ва имрўз дар кишвар 456 рўзномаву маҷалла нашр мешавад, ки дар миёни онҳо 270 нашрия мақоми ғайридавлатиро доранд. Дар соли 2014 Тоҷикистон аз нигоҳи озодии сухан дар ҷаҳон ҷойи 113-ро гирифта, аз ҳамсоягони худ дар Осиёи Марказӣ дар сафи пеш буд. Имрўз дар Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ озодона фаъолият намуда, дар Парлумони кишвар намоянда доранд, ки ин нишондиҳандаи муҳимми мавҷудияти плюрализм, яъне, гуногунандешии воқеӣ ва рушди демократия дар Тоҷикистон аст. Самти дигари фаъолияти Сарвари давлат таҳким бахшидан ба рушди фарҳанги миллӣ ба шумор меравад. Дар асл ў кори давлатдории худро аз фарҳанг оғоз кард. Яъне, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳангро ба омили таҳкимбахши ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми тоҷик табдил дод. Бо ташаббус ва ҳидоятҳои Роҳбари давлат дар маркази шаҳри Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон қомат афрохтани пайкараи бузурги Исмоили Сомонӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки Роҳбари давлат қадами устуворе дар баланд бардоштани маънавиёти миллат гузоштааст. Бояд таъкид намоем, ки Пешвои миллат идомабахши пешаи нахустин асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ мебошад, ки тавонист миллатро дар партави фарҳанги воло аз парокандагӣ наҷот бахшад. Бинобар ин, Пешвои миллат номидани Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падидаи нави фарҳангист, ки он аз омили муттаҳид шудани халқи тоҷик дар атрофи сарвари хеш шаҳодат медиҳад.
Як нуктаро бояд зикр намоем, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта майдони маҳалчигӣ, миллатгароӣ ва дигар падидаҳои ғайричашмдошт хеле васеъ гардида, дар натиҷа робитаҳои фарҳангии давлатҳо ва ҳатто, гурўҳҳои гуногуни миллиро дар доираи як давлат халалдор кард. Арзишҳои фарҳангӣ, ки аслан воситаи муҳимми таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад, он замон бо «эҳтимом»-и душманони миллат дар баробари дигар омилҳо падидаҳои фарҳангии маҳалҳои гуногуни кишварро зидди ҳам гузошта, ҳамчун омили сар задани ҷанги шаҳрвандӣ истифода карда шуданд. Маҳз Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ақлу заковати баланди хеш тавонистанд, фарҳанг, ҳунар ва санъатро барои таҳкими ваҳдати миллӣ истифода барад, ки дар натиҷа беҳтарин арзишҳо ва комёбиҳои маҳалҳои гуногуни кишвар фарҳанги умумимиллии моро ғанӣ сохт ва манфиати моро дар дохил ва хориҷи кишвар ҳифз намуд. Таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон, ки дар раъси ин иқдом Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт, имрўзҳо вирди забони ҷомеаи байналмилалӣ гашта, ба ҷаҳониён собит намуд, ки миллати дорои фарҳангу таърихи бузург ҳамеша дар ҳолати душвор ва сарнавиштсози таърихӣ аз ин неъматҳои худододӣ истифода намуда, худро наҷот медиҳад. Ба қавли собиқ муниши кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан: «тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар ба армуғон оварданд.»[6]
Дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ кишвари мо дар мавриди идоракунии бахши иқтисодиву иҷтимоӣ замина ва таҷрибае муайяне дошт, аммо дар бахши равобити байналмилалӣ чунин таҷриба мавҷуд набуд ва ё хеле маҳдуд буд. Аз ин рў, Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самти фаъолият низ корро аз сифр оғоз намуд. Ба қавле, ба ақлу дониши худ, тадбир бо истифода аз эътимод ва хираду заковати мардум ба ҳадафи хеш расид. Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари моро бидуни сарфи маблағҳои дохилӣ, содироти техникаҳои нодир, кумакҳои фаровони башарӣ танҳо бо тадбир, сулҳофарию ваҳдатофарӣ, ташаббусҳои созанда, робитаҳои инсондўстона, забони ширину таҳаммулпазирӣ ба оламиён маъруфу машҳур кард. Айни ҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 160 кишвари ҷаҳон муносибати дипломатӣ дошта, зиёда аз 180 давлат истиқлолияти моро эътироф кардаанд ва бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон бузургтарин тасмимҳои дастҷамъӣ дар минтақа сурат намепазирад. Солҳои охир мақоми кишвари мо дар баргузор шудани ҳамоишу конфронсҳо ва нишастҳои байналмилалӣ, ҳамчунин, оид ба ташаббусҳои фарогир ва нақшгузорӣ дар ҳалли мушкилоти глобалӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст, бамаротиб афзудааст. Аз ин рў, Тоҷикистон бо шарофат ва баракати сулҳпарваронаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи шарикони хориҷӣ чун кишвари дорои ояндаи босубот ва сиёсати устувор шинохта шудааст. Ҳамзамон, хидмату саҳми Сарвари давлат дар таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле калон аст. Қабул гардидани ду қонун, яке «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кўдак» (дар таҳрири нав аз соли 2024), дигаре Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим» (дар таҳрири нав аз соли 2024), ки манзмун ва мундариҷаи ҳар ду қонун хусусияти миллӣ доранд, маҳз бо ташаббуси Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидаанд. Омили дигари муҳим, чун гавҳари офариниш дар меҳвари сиёсати Сарвари давлат қарор доштани инсон мебошад, ки арзиши олиро сазовор аст. Ҷашнҳои бузурги умумимиллӣ, аз қабили ҳазораи «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ, 675 — солагии ғазалсарои бузург Камоли Хуҷандӣ, 700 — солагии олим, шоир, мутафаккири барҷастаи Шарқ Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, 1100 — солагии давлати Сомониён, 2700 — солагии китоби муқаддаси «Авасто», 2800 — солагии шаҳри бостонии Истаравшан, 1000 — солагии Носири Хисрав, 1025 — солагии Абуалӣ ибни Сино, 2700 — солагии шаҳри бостонии Кўлоб, Соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ, 800 — солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, 1150 — солагии Абуабдуллоҳи Рўдакӣ, Соли бузургдошти забони тоҷикӣ ва 1310 — солагии пешвои мазҳабии миллати мо — Имоми Аъзам Абуҳанифа (р), 3000 — солагии Ҳисори шодмонро қайд менамоем, ки ин зуҳуроти раванди пурвусъати бозҷўйи асолати миллӣ маҳсуб мешавад ва он маҳсули ибтикор ва раҳнамоиҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
[1] Ваҳдат, Давлат, Президент. Ҷилди VI. — Душанбе, 2007. — С. 76.
[2] Эмомалӣ Рахмонов. Долгий путь к миру. — Душанбе, 1998. — С. 16.
[3] Эмомалӣ Рахмонов. Долгий путь к миру. — Душанбе, 1998. — С. 21.
[4] Роҳи сулҳ (Ҳуҷҷатҳои гуфтушуниди байни тоҷикон). — Душанбе, 1997. — С. 30.
[5] Ҳамад Султон. Нақши Аҳмадшоҳи Масъуд дар сулҳи тоҷикон.- нашрияи «Тоҷикистон» аз 27.09.01.
[6] Назаров Т.Н.. Таджикистан: экономика, политика, международное сотрудничество. — Душанбе, 2001. — С. 153 — 154.