
Шамсия НАВРӮЗОВА —
омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ
Дар иртибот бо фармудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи вазифаи матбуот дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик новобаста ба тобеият, «ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи ба ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне, хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад», дар кишвари мо вазифаи воситаҳои ахбори умум, аз ҷумла, матбуоти соҳавӣ, пеш аз ҳама, ба мустаҳкам намудани пояи истиқлолияти давлатӣ, рушди иқтисод, илму фарҳанг, саноат ва солимии андешаву афкори шаҳрвандон равона шудааст. Маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» низ ҳамчун яке аз нашрияҳои соҳавии маориф тайи таърихи зиёда аз сисолаи худ дар иҷрои ин ҳадафҳо саҳми босазо гузоштааст.
Дар ин маврид, маҷалла пеш аз ҳама, аз инъикоси суханронӣ ва Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раҳнамоӣ ва вазифагузориҳои эшон, ҳамовозӣ ва шарҳу баёни Паёмҳои мазкур намудааст. Матолиби мазкур дар нашрия ҷойи намоёнро ишғол карда, яке аз ҷанбаҳои асосии фаъолияти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фаҳмондадиҳию тарғиботии онро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки чунин матолиб дар маҷалла ба се шакл пешниҳод гардидаанд: нуктаҳои муҳим аз суханрониҳои Пешвои миллат, ки ба соҳаи маориф ва илм дахл доранд; шакли пурраи суханрониҳо ва сеюм, ҳамовозиҳои аҳли маориф ба суханрониҳои Пешвои миллат. Маълум аст, ки дар суханрониҳои Пешвои миллат таҳлили тамоми соҳаҳои ҳаёти халқ ва роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда ба назар мерасанд. Аз ҷумла, маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок дар суханрониҳои Пешвои миллат дар ҷойи намоён қарор гирифтааст. Маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» замоне ки бо номи «Адаб» интишор мешуд, дар солҳои аввал нуктаҳои муҳимми ба соҳаи маориф дахлдорро аз суханронӣ ва Паёмҳои Сарвари давлат дар саҳифаҳои аввал ва намоёни маҷалла ҷой медод. Дар шумораи №3, соли 1999, дар саҳифаи аввал аз Паёми Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27 апрели соли 1999 иқтибосҳо ҷой дода шудаанд. Муҳим он аст, ки бо қарори Созмони Милали Муттаҳид, соли 2000-ум Соли байналмилалии фарҳанг эълон гардида, «дар ин иқдом таҷрибаи сулҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба эътибор гирифта шудааст.» Зеро дар он шароит масъалаи сулҳ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҷойи аввал меистод.
Нуктаҳо аз суханрониҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шумораи дувуми соли 2002 аз Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ (22 апрели соли 2002) дар дохили муқоваи болои маҷалла ҷой дода шудаанд. Сарвари давлат ин ҷо бори нахуст масъалаи таълиму тарбияро дар ҷойи аввал гузоштанд. Аз суханрониҳои Пешвои миллат дар ин давра бармеояд, ки мавсуф аз вазъи соҳа хуб огоҳанд. Саҳифаҳои аввали шумораи дуюми соли 2003 аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуктаҳои ҷолиби баромади эшон дар бораи ҳифз ва эҳтироми истиқлолият, мактабу маорифро дар бар мегирад: «Имрўз бо мақсади васеъ ба роҳ мондани омўзиши забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама, русӣ ва англисӣ ҳамчун талаби давру замон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид…». Дар ин маврид бояд қайд кард, ки Пешвои миллат зимни овоздиҳӣ барои сулҳ, ризоияти миллӣ ва рушди демократия (27 феврали соли 2005), ки дар шумораи 1, соли 2005 чоп шудааст, низ дар ҷавоби суолҳои рўзноманигорон «роҷеъ ба дурнамои соҳаи маориф, зарурати омўзиши забонҳои русиву англисӣ» андешаҳои ҷолиб баён карда, таъкид намуданд: «Чаро ман бештар соҳаи маориф ва омўзиши забонҳоро хотиррасон мекунам? Зеро дар ин самт нисбат ба кишварҳои дигар хеле қафо мондаем.» Бояд қайд кард, ки маҳз баъди суханронии Сарвари давлат ислоҳоти ҷиддӣ дар соҳаи маориф шуруъ шуд. Зеро ба таъкиди академик М.Имомзода, «назари куллии Сарвари давлат ҳамин аст, ки бе ислоҳоти бомаром ва пайвастаи маориф давлат пеш нахоҳад рафт, миллат комёб нахоҳад шуд».
Ҳамин тавр, соли 2005 дар ҳаёти аҳли маориф соли гардиши куллӣ гардид. Дар ин сол Президенти мамлакат дар суханрониҳояшон ба масъалаи маориф таваҷҷуҳи ҷиддӣ равона карда, ислоҳоти ҷиддии соҳаро дархост намуданд. Вобаста ба ин, дар саҳифаҳои маҷалла дар ин бобат матолиби зиёд ҷой дода шуд. Дар шумораи 2, соли 2005 гузидаи нуктаҳои дар Паёми Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 апрели соли 2005 дарҷ шудаанд. Аз ҷумла, омадааст: «Ҳукумати Тоҷикистон илму маорифро ҳамчун захираҳои стратегии пешрафти кишвар арзёбӣ мекунад»; «Мутахассисони тайёркардаи мо бояд ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мувофиқат намоянд». Дар шумораи чоруми ҳамон сол матни пурраи Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси байналмилалии илмӣ ба муносибати ҷашни 1025-умин солгарди Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино ва дар шумораи панҷум мақолаи муфассали таҳлилии «Президент ба маорифчиён муҳлат дод» ҷой дода шудааст. Дар матлаби дувум омадааст, ки Сарвари давлат бо иштироки шахсони масъули Ҳукумат машварати корӣ оид ба ҷараёни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» доир намуд, ки дар он як қатор масъалаҳои татбиқи барномаҳои рушди соҳа, ҳалли мушкилоти кори таълиму тарбия баррасӣ шуданд. Баъди ҳисоботи собиқ вазири маорифи ҷумҳурӣ А. Раҳмонов Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки бо вуҷуди афзоиши маблағгузории соҳа, аз маъракаи корҳои саҳроӣ озод намудани донишҷўён «сифати таълиму тарбия умуман ба талаботи замон мувофиқ нест.» Қайд шуд, ки «сатҳи дониши мактаббачагон ва донишҷўёни муассисаҳои олии таълимӣ ғайриқаноатбахш буда, ҳолати дар дарсҳо иштирок кардани онҳо низ ташвишовар аст.» Президенти мамлакат ба вазорату кумитаҳо ва ташкилотҳои дахлдор супориш доданд, ки «то 24-уми ноябри соли 2005 аз нишондоди ҷараёни таълиму тарбия дар ҳама муассисаҳои таълимӣ – аз боғчаи бачагона то мактаби олӣ гузориши муфассал таҳия намуда, барои баррасӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд.»
Яке аз матолиби муҳим ва мондагор дар шумораи сеюми соли 2006 мақолаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ориёиҳо ва шинохти бузургдошти Соли тамаддуни ориёӣ. Андешаҳо дар остонаи бузургдошти Соли тамаддуни ориёӣ» мебошад, ки ба муносибати ин ҷашн дар соли 2006 таълиф гардидааст. Дар мавриди ба вуҷуд наомадани ҳар гуна сўитафоҳумҳо Сарвари давлат таъкид карданд, ки: «мо тамаддуни ориёиро ҳамчун падидаи сирф фарҳангӣ баррасӣ мекунем.» Дар ҳақиқат, се меъёр ё усули ахлоқ, ки ҷавҳари фарҳанги ориёиро ташкил медиҳад – «пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек» дар тамаддуни ҷаҳон назир надошта, бояд шиори ҳар як инсони мутамаддин гардад. Дар шумораи сеюми соли 2006 дар мавриди арзёбӣ ва аҳаммияти суханронӣ ва ташаббусҳои охирини мондагори Пешвои миллат оид ба соҳаи маориф мақолаи пурмуҳтавои вазири маорифи ҷумҳурӣ А. Раҳмонов дарҷ шудааст, ки дар он мавзуи нақши Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тавсеаи соҳаи маориф ҳаматарафа таҳлил гардидааст. Сарвари давлат «ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷойи аввал мегузорам» эпиграфи мақола мебошад. Таъкиди Сарвари давлат дар маҷлиси фаъолони маорифи кишвар (28 августи соли 1995) бамаврид ёдовар шудааст: «То замоне, ки мо барои аҳли маориф, зиёиён, онҳое, ки офаранда, парваришдиҳанда ва муҳофизи маънавиёт, ахлоқ ва маърифати ҷомеа ҳастанд, зиндагии сазовору шоиста муҳайё накунем, мақому мартабаи онҳоро ба дараҷае, ки мебояд, баланд набардорем, ба пешрафт умед бастанамон душвор аст». Дар натиҷа сол то сол маблағгузории соҳа афзуд ва дар робита иқтисодиёти мамлакат равнақ ёфт. Ба қавли Сарвари давлат, «Агар ҳадафи мо бунёд кардани ҷомеаи воқеан ҳам, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бошад, бояд бо дастҷамъӣ рўй ба ҷониби мактабу маориф оварем.» Вазири маорифи кишвар аз санади муҳимми давлатӣ «Нақшаи татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф барои солҳои 2004-2009» ёдовар шуда, масъалаи кам намудани сарбории ҳафтаинаи хонандагони мактабҳои миёнаи умумӣ, аз ин ҳисоб кам кардани шумораи кормандон ва баланд бардоштани музди меҳнатро яке аз нишонаҳои ислоҳот донистааст. Ҳамчунин, нақшаи ислоҳот, зиёд намудани мустақилияти молиявии муассисаҳои таълимӣ, ҷорӣ намудани хизматҳои пулакӣ, таҷдиди назар кардани нақша ва барномаҳои таълим, таҳияи як қатор ҳуҷҷату санадҳои соҳаи маориф ва ғайраро дар бар мегирад. Вохўрии мазкурро муаллиф аз чанд ҷиҳат таърихӣ номида, таваҷҷуҳ ба сифати таълим, баланд бардоштани эътибор ва нуфузи муаллим, таъсиси Ҷоизаи Президентӣ барои кормандони соҳаро аз ҷумлаи онҳо дониста, таъкид намуд, ки: «вохўрии мазкурро метавон як барномаи амали амиқу мукаммал дар рушди соҳаи маориф номид.» Супоришҳои Сарвари давлат минбаъд «қутбнамои роҳи имрўзу фардои кормандони соҳаи маориф ва аҳли ҷомеаи кишвар гардиданд.»
Дар шумораи чоруми соли 2008 матни пурраи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рўзи забон (22 июли соли 2008) ба табъ расид. Сарвари давлат анъанаи давлати Сомониёнро идома дода, ба донишмандону адибон ва зиёиён эҳтироми хоса намуда, ҳар сол бо онҳо вохўриҳо доир менамоянд. Дар шумораи чоруми соли 2009 бахшида ба ҷашнвораи Имоми Аъзам матни пурраи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чоп шудааст.
Дар шумораи панҷуми соли 2009 Суханронии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баистифодадиҳии бинои таъмиршудаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, 25 ноябри соли 2009 чоп шудааст.
Соли 2011 бо ташаббуси Президенти мамлакат қабул шудани Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар ҷомеа ҳамовозии калон пайдо кард. Ин ва Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» аз ҷумлаи санадҳои таърихие буданд, ки бо назардошти фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои шаҳрвандон қабул гардида, дар тавсеаи ҷомеаи Тоҷикистон ва эҳтиром пайдо кардани ҷумҳурӣ дар минтақа саҳми намоён гузоштанд ва бисёр кишварҳо онҳоро омўхта, оид ба қабули чунин санадҳо чораҳо андешиданд. Суханронии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохўрӣ бахшида ба лоиҳаи Қонуни мазкур 18 апрели соли 2011 дар нашрия ба табъ расидааст. Сарвари давлат дуруст зикр карданд: «Мақсад аз таҳияи ин қонун ҷавобгар кардани волидайн ва масъулини тарбия нест», балки бо ин қонун манзалати падару модар баланд бардошта мешавад. Хуллас, «бе дастгирии волидайн ислоҳоти маориф натиҷаи дилхоҳ нахоҳад дод.»
Дар даҳсолаи дувуми асри бисту якум инъикоси ҷашнвораи Наврўзи фаррухпай ба муносибати пешниҳоди Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қабул шудани он аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ҷашни умумиҷаҳонӣ дар маҷалла ба таври васеъ ба роҳ монда шуда, аз ҷумла, дар шумораи аввали соли 2013 нуктаҳо аз суханронии Президенти мамлакат дар ситоиши Наврўз ба табъ расидаанд. Президенти мамлакат дар суханрониашон дар Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврўз ва мулоқот бо зиёиёни кишвар, 20.03.2016 аз байналмилалӣ гаштани Наврўз, ки ба он «панҷ сол пур шуд», изҳори хушнудӣ карданд. Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат аз нашри панҷоҳҷилдаи «Ахтарони адаб» аз ҳисоби Фонди захиравии Президент хабар доданд.
Чун анъана Сарвари давлат дар арафаи Наврўз бо зиёиёни кишвар 19.03.2015 мулоқот доир намуданд, ки нуктаҳои суханронии эшон дар шумораи 2, соли 2015 ба табъ расидаанд. Донишмандонро ба он ҳидоят намуданд, ки бо мақсади муайян кардани роҳу равиши ояндаи ҷомеаамон Консепсияи миллии рушди кишварро барои давраи то соли 2050 таҳия кунанд, ки дар он принсипи дунявият афзалият дошта, ба манфиати давлатдории миллӣ бошад. Ҳамчунин, иҷрои вазифаҳои зеринро муҳим шумориданд: ислоҳоти бомароми маориф, рушди илмҳои бунёдӣ, иҷрои ҳадафҳои Консепсияи миллии тарбия, баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ, барои пешгирӣ аз равияҳои хурофотӣ ва бегона пурзўр намудани кори тарғиботиву ташвиқотӣ… Дар мулоқоти зикршуда бо зиёиён Сарвари давлат ба масъалаҳои илму адабиёт таваҷҷуҳи бештар равона карданд, ки он дар хотири аҳли илму маориф ва зиёиён нақш баст.
Чунин суханронии муҳим ва мондагори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохўрӣ бо олимони кишвар чун анъана дар Наврўзи соли 2020 ба амал омад, ки дар шумораи 3, соли 2020 ба чоп расидааст. Масъалаи муҳим дар суханронии мазкур аз он иборат буд, бо мақсади иҷрои ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии мамлакат масъалаи тақвияти тафаккури техникии аҳолӣ, пеш аз ҳама, ҷавонон, фазои мусоид фароҳам овардан барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ ба миён гузошта шавад. Бо ин мақсад бо ташаббуси Пешвои миллат солҳои 2020-2040 Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон карда шуд, ки дар таърихи давлатдории тоҷикон назир надорад. Баробари ин, Пешвои миллат ба мутобиқ гардондани мавзуъҳои фармоишӣ ба рушди иқтисодиёт, рушди иқтидорҳои кадрии АМИТ, ки солҳои охир коҳиш ёфтааст, робитаи АМИТ бо вазорату кумитаҳои соҳавӣ, корхонаҳои саноатӣ ва ширкатҳои истеҳсолии хусусӣ, «ба забони тоҷикӣ тарҷума кардани асарҳои таърихиву илмии донишмандонеро, ки дар таърихи илм хизматҳои барҷаста кардаанд”, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Ба сиёсатшиносон ва ҷомеашиносон супориш дода шуд, ки «сабабу омилҳои зуҳури ақидаҳои хурофотӣ, шиддат гирифтани ифротгароии динӣ ва оқибатҳои онҳоро таҳқиқ карда, роҳҳои аз байн бурдани хурофот ва сабабу омилҳои дохиливу хориҷии сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро дар кишвар ҳамаҷониба мавриди арзёбӣ қарор диҳанд». Бояд гуфт, ки ин бори аввал буд, ки аз ҷониби Сарвари давлат ба чунин як масъалаи муҳимми байналмилалӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ равона шуд ва зарурати омўзиши он таъкид гардид. Ҳамчунин, ба муассисаҳои дахлдори илмӣ дар бораи сафарбар кардани захираҳои зеҳнии кишвар ба самти таъмини ҳадафҳои стратегӣ, таҳияи номгўйи равияҳои афзалиятнок, аз тарафи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ таҳқиқи масъалаҳои вобаста ба низоми тарбия, таҳияи консепсияи мукаммали шаклҳои идораи сохтори соҳаи маориф ва азнавсозии таҳсилот, пешниҳоди китобҳои дарсии ҷавобгўйи талаботи замони истиқлолият, усулҳои тағйир додану тавсеа бахшидани ҷаҳонбинии техникии наврасон, дар сохторҳои илмии зикршуда аз санҷиш гузарондани асосҳои ислоҳоти соҳаи маориф, барои дарёфти хонандагони болаёқат дар сохтори АМИТ бунёди мактабҳои рушди зеҳнӣ ва ғайра супоришҳо дода шуданд. Таҷдиди назар кардани мавзуъҳои фармоишӣ, ба Академияи илмҳо додани мақоми миллӣ, таъсиси мукофоти давлатӣ аз фанҳои табиӣ, дақиқу риёзӣ барои 15 нафар омўзгор ҳар сол, таъсиси шабакаи нави телевизионии «Илм ва ҳаёт», таҳияи санадҳои дахлдор оид ба “Стратегияи миллии рушди фанҳои мазкур барои солҳои 2021-2030” ва “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025” аз ҷумлаи пешниҳодҳои созанда мебошанд. Таъкид намуданд, ки: «вазъи маънавӣ ва фикрии ҷомеаи имрўза ислоҳоти ҷиддиро тақозо мекунад ва мо бо эътимоди комил ба қудрати созандаи зиёиён ва олимону донишмандони мамлакат умедворем, ки онҳо ин камбудиҳоро сари вақт ислоҳ намуда, дар рушди илму маориф ва фарҳанги миллӣ саҳмгузор мешаванд.» Ин бори аввал буд, ки Сарвари давлат чунин як доманаи фарогири масъалаҳои бавусъату фарогирро ба миён гузоштанд. Ин буд, ки суханронӣ ва пешниҳоду дастурҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо олимони кишвар дар байни омўзгорон ҳамовозии зиёд пайдо карда, дар чанд шумораи баъдӣ онҳо фикру мулоҳизаҳои хешро баён карданд.
Дар маҷалла соли 2013 нуктаҳо аз Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҶТ (26 апрели с.2013) ба табъ расидаанд. Аз иқтибосҳо бармеояд, ки «сатҳи зиндагии аҳолӣ тадриҷан баланд гардида, шумораи табақаи миёнаҳол дар ҷумҳурӣ афзоиш меёбад… Дар даҳ соли охир дар мамлакат беш аз ҳазор мактаби ҷавобгў ба талаботи меъёрҳои замони муосир бунёд гардидааст». Бояд гуфт, ки дар замони Шуравӣ ҳам чунин суръату сифати бунёди мактабҳо ба қайд гирифта нашудааст.
Соли 2014 се суханронии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзуъҳои муҳимми соҳаи маориф дар маҷалла чоп шудаанд. Нахуст, чи тавре ки маълум аст, мувофиқ ба талаботи замон дар кишвар Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ ба фаъолият оғоз намуд. Ба муносибати ифтитоҳи бинои он, Сарвари давлат 20 декабри соли 2013 баромад карда, оид ба вазифа ва аҳаммияти муассисаи мазкур андешаҳои ҷолиб изҳор намуданд. Мақсади Марказ аз он иборат аст, ки имтиҳони дохилшавӣ ба макони зист наздик, шаффоф ва объективона, бо иштироки баробару озод гузаронда шавад. Ҳамчунин, ҷавонон дар равияҳои интихобкардаашон донишу малакаи худро санҷида, минбаъд камбудии худро ислоҳ хоҳанд намуд. Шумораи чоруми соли 2014 мақолаи Президенти мамлакатро ба муносибати 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ҷой додааст. Сарвари давлат бо ифтихор қайд карданд, ки Созмони ЮНЕСКО «пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи баргузор намудани ҷашни 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар соли 2014 пазируфт.»
Соли 2015 бо ташаббуси Сарвари давлати Тоҷикистон Соли оила эълон карда шуд. Сабаб ва ҳадафҳои чунин иқдомро, ки ба вазъи соҳаи маориф робитаи наздик дорад, Президенти мамлакат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии ҶТ, 23 январи соли 2015, ки нуктаҳои он дар маҷалла ба нашр расидаанд, баён карданд. Дар ин сол дар маҷалла мақолаҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ: таблиғгари фарҳанги сулҳ ва хостори ваҳдату субот» ба муносибати 700-солагии ҳакими бузург ва «Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ: суханвари номвари адабиёти тоҷик» ба табъ расиданд, ки ба омўзгорон ва хонандагон дар мавриди таълиму тарбияи хонандагон маводи хуби иловагӣ буда метавонанд. Дар маҷалла минбаъд ҳам инъикоси суханрониҳои Сарвари давлат ва ҳамовозиҳои хонандагон ба он ҷойи махсусро ишғол кардааст.
Дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии ҶТ, 20 январи соли 2016 ба масъалаи таҳаммулгароӣ диққати махсус дода шуд. Дар ҳақиқат, минбаъд ҳам хоҳем дид, ки ин сиёсат – таҳаммулгароӣ ва дарҳои кушод, ки усули фаъолияти сиёсии Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ташкил медод, натиҷаи нек ба бор овард ва сулҳу салоҳ дар мамлакат пойдор аст. Соли 2016 чанд ҷашнвора бо ширкату суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Маҳз дар ҳамин сол ба Президенти мамлакат унвони олии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дода шуд. Дар шумораи аввали ин сол нуктаҳо аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии ҶТ ҷой дода шудаанд, ки дар он ба масъалаҳои илму маориф, тарбия ва ҷойгоҳи кишвар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи зиёд дода шудааст. Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба маблағгузории сарикасӣ гузаштанд, низоми молиявӣ дар муассисаҳо ба танзим даромад.
Дар шумораи 9, соли 2016 нуктаҳо аз Суханронии Пешвои миллат ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ, 08.09.2016 ба табъ расиданд. Пешвои миллат бори дигар хотиррасон карданд: «Агар мо хоҳем, ки ҷомеаи обод ва давлати пешрафта дошта бошем, бояд бо истифода аз тамоми воситаву имкониятҳо рушди соҳаи илму маорифро таъмин кунем.»
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶТ 12.12.2016, ки дар шумораи аввалини соли 2017 ба нашр расидааст, таваҷҷуҳи бештар ба масъалаҳои иҷтимоӣ равона шудааст. Рўйдоди муҳимми таърихӣ бунёди НОБ-и Роғун мебошад. Президенти муҳтарам таъкид карданд, ки ба азхудкунии фанҳои дақиқ, касбомўзии наврасону ҷавонон бояд диққат дода шавад. Пешниҳод намуданд, ки соли 2017 Соли ҷавонон эълон карда шавад, зеро дар ҳалли мушкилоти мавҷуда ҷавонон қувваи пешбаранда буда метавонанд.
Ба қавли академик М. Имомзода, «Паёми Сарвари давлат, ки 22 декабри соли 2017 садо дод, махсусияти худро дошт. Он дар шароити мураккаби вазъи ҷаҳонӣ, вусъати раванди ҷаҳонишавӣ, афзудани мушкилот ва таҳдидҳо ба насли нав, ки на танҳо ба амнияти миллӣ, балки ба амнияти байналмилалӣ ҳам беасар намемонанд, ироа гардид.» Президент дар мавриди рушди маориф баъди эълони ислоҳоти куллӣ дар соҳа зикр карданд, ки «соли 2017 Тоҷикистон аз рўи 4 нишондиҳанда – дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 54-умро соҳиб шудааст.» Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ, 26.12.2018, ки нуктаҳои муҳимми он дар шумораи якуми соли 2019 ба табъ расидааст, мондагор мебошад. Дар он Пешвои миллат бори аввал зикр карданд, баъди амалӣ гаштани се ҳадафи асосии стратегии мамлакат акнун «саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда мешавад.» Пешвои миллат дар ин паёмашон, ҳамчунин дастурҳои хешро оид ба вусъат бахшидани зинаи таҳсилоти томактабӣ ёдовар шуда, қайд карданд, ки «дар се соли оянда бояд беш аз 1050 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ бунёд карда шавад.» Барои баланд бардоштани малакаю таҷрибаи омўзгорон бошад, таъкид гардид, ки «кормандони соҳаи маориф, аз дастгоҳи вазорат ва сохторҳои маҳаллии он то устодону омўзгорони муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликият, дар тамоми қаламрави кишвар ҳар се сол як маротиба аз аттесттатсия гузаронда шаванд». Танҳо бо чунин муносибат метавон ҳарду мушкилоти зикршударо ҳал намуд.
Соли 2019, баъди он ки дар ҳайати эҷодии маҷалла тағйирот ба амал омад, инъикоси суханрониву баромадҳои Пешвои миллат ва ҳамовозиҳои аҳли маориф вусъати тоза гирифт.
Дар соли 2020 воқеаи сиёсии хотирмон интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ба ин муносибат маҷалла оид ба масъалаҳои муҳимтарини овоздиҳӣ дар интихобот савол ва ҷавобҳои мухбири АМИТ «Ховар»-ро пешниҳод кард (№9, соли 2020).
Дар шумораи 12, соли 2021 Нуктаҳо аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии ҶТ, 21.12.2021 дар шумораи нуҳуми соли 2022 Нуктаҳо аз суханронии Пешвои миллат дар Рўзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино ҷой дода шудаанд. Соли 2022 ба Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии ҶТ сӣ сол пур шуд. Ба ин муносибат дар шумораи 11 суханронии Пешвои миллат дар шаҳри Хуҷанд, 16.11.2022 ба табъ расидааст. Дар ҳақиқат, Иҷлосияи 16-ум барои мардуми мо «сарнавиштсоз» буд. Дар шумораи 12, 2022 Нуктаҳо аз Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии ҶТ ба чоп расид.
Ҳамин тавр, аз таҳлили маърузаву суханрониҳо ва Паёмҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» ҷой дода шудаанд, ба хулосаҳои зер омадан мумкин аст:
1) Баромаду суханрониҳо ва Паёмҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба имконияти нашрия ба се шакл ҷой дода шудаанд: дар солҳои аввал ба шакли иқтибос ва нуктаҳои муҳим; дар солҳои охир ба шакли пурра; ҳамовозӣ ба онҳо;
2) Дар суханрониҳои Пешвои миллат бештар ҳалли масъалаҳои зерини муҳимми соҳаи маориф зикр гардидааст: кадрҳо, сатҳи сифати таълим, китоби дарсӣ, рушди таҳсилоти ибтидоӣ, маълумоти касбӣ, тарбияи завқи эстетикии мактаббачаҳо, ташкили марказҳои компютерӣ, компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ;
3) Омўзиши забонҳо яке аз масъалаҳое мебошанд, ки Пешвои миллат ба он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд. Дар ин бобат Сарвари давлат дар аксар баромадҳояшон изҳори назар карда, ба масъулон дастуру супоришҳо додаанд;
4) Ислоҳоти ҷиддии соҳаи маорифро дар мамлакат Пешвои миллат дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 апрели соли 2005 эълон карданд;
5) Мақолаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ориёиҳо ва шинохти бузургдошти Соли тамаддуни ориёӣ. Андешаҳо дар остонаи бузургдошти Соли тамаддуни ориёӣ», ки дар шумораи сеюми соли 2006 чоп шудааст, барои пос доштани арзишҳои маънавӣ, илмӣ ва таърихии мардуми тамаддунсозу фарҳангофарини тоҷик муҳим арзёбӣ мешавад. Он дар баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ, ватандўстии шаҳрвандон саҳми бузург гузошт;
6) Аз матолиби дар маҷалла ҷойдодашуда дарк мегардад, ки Пешвои миллат ба забони давлатӣ, гиромидошти фарзандони маъруфи халқи тоҷик Имоми Аъзам, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Нақибхон Туғрал, Сайфуддини Исфарангӣ, таҷлили сазовори ҷашнҳои аҷдодӣ таваҷҷуҳи баланд нишон дода, дар арафаи Наврўз бо зиёиёни тоҷик мулоқот карда, дар онҳо масъалаҳои рушди илму маорифро ба миён мегузоранд;
7) Қонунҳои ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», ки бо ташаббуси шахсии Пешвои миллат қабул шуданд, аз беҳтарин ва таъсиргузортарин санадҳои давраи Истиқлол буда, дар саҳифаҳои нашрия инъикоси васеъ пайдо карда, дар рушди фаъолияти маориф саҳми намоён гузоштанд;
8) Яке аз масъалаҳои муҳим, ки дар мулоқоти Пешвои миллат бо олимони кишвар дар Наврўзи соли 2020 ба миён гузошта шуд, ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ муайян кардани саноатикунонии мамлакат мебошад, ки вобаста ба он ба тафаккури техникии аҳолӣ, пеш аз ҳама, мактаббачагон ва донишҷўён таваҷҷуҳи ҷиддӣ равона карда шуд;
9) Дар мақолаҳои донишмандон ва устодони муассисаҳои таълимӣ, ки ба ҳамовозии суханрониҳои Пешвои миллат таҳия гардидаанд, масъалаҳои муҳимми соҳаи илму маориф ба миён гузошта шуданд. Матолиби муаллифони зерин муҳим арзёбӣ мешаванд: А. Раҳмонов, Н. Саид, Ф. Раҳимӣ, Р. Саидзода, А. Қурбонов, М. Имомзода, М. Муинӣ, Ғ. Ғарибшоев, А. Ёрмуҳаммадов, Н. Салимӣ, А. Одинаев, Э. Насриддинзода, Э. Сафарзода М. Лутфуллозода, Ш. Шокирзода, Ш. Солеҳ, П. Назаров, С.Набизода ва дигарон;
10) Пешниҳоду дастурҳои муҳимми Пешвои миллат оид ба навовариҳои соҳаи маориф, ки дар суханрониҳои мавсуф ба миён гузошта, минбаъд амалӣ гардиданд, ташкили Маркази миллии тестӣ, инноватсия, таъмину таълифи китобҳои дарсӣ, муассисаҳои тарбиявии томактабӣ, маблағгузории сарикасӣ, марказҳои кўдакони болаёқат, барномаи компютеркунонӣ, ки соли 2015 ҷамъбаст гардид, сифати таҳсилот, аттестатсияи кормандони маориф, тарбияи фарҳанги таҳаммулгароӣ, ташаббус ва доир намудани чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ оид ба об ва ғайра мебошанд, ки дар маҷалла васеъ инъикос ёфтаанд. Ҳамин тавр, маҷаллаи соҳавии маориф «Маорифи Тоҷикистон» дар давоми фаъолияти зиёда аз сисолаи худ дар пешниҳод ва инъикоси баромаду суханронӣ ва Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми намоён гузошта, онро ҳамчун яке аз воситаҳои асосии тарбияи ватандўстӣ, худшиносии аҳли маориф, устодону омўзгорон ва насли наврас ба кор гирифтааст. Маҷалла инъикоси баромаду суханрониҳои Пешвои миллатро ҳамчун яке аз воситаҳои асосии тарбияи ватандўстӣ, худшиносии аҳли маориф, устодону омўзгорон ва насли наврас ба кор гирифтааст