
Ҷамшед ҶӮРАЗОДА –
доктори илмҳои таърих, профессор,
муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 28-уми декабри соли 2023 ироа гардид, бо таҳлил, натиҷагирӣ ва вазифагузорӣ аз паёмҳои қаблӣ фарқ мекунад. Ин ҳуҷҷати ояндасоз дар пояи таҳқиқ ва таҳлилҳои амиқи илмӣ, назариявӣ ва ояндабинӣ таҳия гардида, дар он дастовардҳо, бурду бохти тамоми самтҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии мамлакат таҳлил, нақшаҳои мушаххас барои марҳилаҳои минбаъдаи рушди устувор тарҳрезӣ гардид.
Дар Паёми имсола баробари таҳлили масъалаҳои калидии рушди иқтисодӣ, ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ғоявӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Пешвои миллат дар Паёми худ таъкид намуданд, ки таъмини рушди устувор ва босуръати мамлакат, танзими ҳуқуқии саривақтӣ ва ҳамаҷонибаро тақозо менамояд. Дар ин радиф қонунгузорӣ бояд такмил дода шуда, ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад.
Президенти киш-вар зикр намуданд, ки тамоми комёбӣ, дастоварду пешра-виҳои мамлакат на-тиҷаи қонунҳои та-ҳия ва қабулкардаи парлумони кишвар мебошад. Дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта, мутамаддин ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии мардум нақши калидӣ дорад. Ҳоло дар мамлакат «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон барои солҳои 2020-2030», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми ноябри соли 2019, таҳти №529 тасдиқ шудааст, амалӣ мегардад. Дар банди 14-и Барномаи мазкур таъкид мегардад, ки «дар замони муосир муҳимтарин роҳи баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон баланд бардоштани маърифатнокии онҳо ва истифодаи имкониятҳои онҳо дар ҷустани чораҳои ҳуқуқӣ ҳангоми танзими мушкилот, ихтилоф ва низоъҳои ҷамъиятӣ мебошад».
Дар Барнома, инчунин, таъкид гардид, ки таҳлили имрӯзаи фарҳанги ҳуқуқӣ тақозо менамояд, ки дар ин самт вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва тамоюлҳои нав бамиёномада ба назар гирифта шаванд. Бо мақсади бартараф кардани мушкилоти бамиёномада, дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти маърифатнокии ҳуқуқӣ зарурати тағйир ва такмил додани муносибатҳо ба миён меояд. Дар робита ба ин нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳкими маърифати ҳуқуқӣ, ки хусусияти иттилоотӣ-таблиғотӣ дорад, бояд баланд бардошта шавад, зеро дар шароити муосир ташаккули сатҳи баланди маърифатнокии ҳуқуқӣ, бидуни иштироки фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ тамоми хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қишрҳои гуногуни ҷомеа аз имкон берун аст. Аз ин рӯ, дар ин самт тағйироти куллӣ, ки дигаргунии ҷиддии модели институтсионалиро дар татбиқи сиёсати маърифатикунонии ҳуқуқии аъзои ҷомеа талаб менамояд, зарур аст.
Мусаллам аст, ки дар таҳкими низоми ҳуқуқии мамлакат таъмини волоияти қонун, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи тамоми қонунҳои кишвар нақши калидӣ дорад.
Конститутсия санади сарнавиштсоз ва сарчашмаи тамоми қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар ба шумор рафта, барои эъмори давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демокративу дунявӣ, мустаҳкам кардани пояҳои давлатдории мустақили миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишвар, шароити мусоид фароҳам овардааст ва яке аз дастовардҳои арзишмандтарини мо маҳсуб меёбад.
Донистани ҳуқуқу озодиҳо, вазифаҳои конститутсионӣ ва риояи онҳо барои тамоми шаҳрвандони кишвар шарти муҳим ва зарурӣ мебошад. Эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷорӣ гардидани тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии қонуншиканӣ, таъмини амнияту суботи кишвар, дониши мукаммали ҳуқуқӣ доштан ва уҳдадориҳои тибқи қонунгузорӣ ба зимма гузоштаро бе чунучаро иҷро намуданро тақозо менамояд.
Амалӣ кардани меъёрҳои Конститутсия ба мо имконият фароҳам овард, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро ташаккул диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, Ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии шоиста ва инкишофи озодонаро муҳайё намоем.
Соли равон мо 30-солагии солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҷашн мегирем. Пешвои миллат ба ифтихори ҷашни ин санаи муҳими таърихӣ ва аҳамияти санади сарнавиштсози миллат пешниҳод намуданд, ки соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.
Дар соли маърифати ҳуқуқӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахши идеология, омӯзгорони фанни ҳуқуқи тамоми зинаҳои таҳсилот вазифадор мегарданд, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониш, маданият ва шуури ҳуқуқии мардуми кишвар тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Сарвари давлат дар Паёми хеш таъкид намуданд, ки вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Академияи миллии илмҳо, дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муасисаҳои таълимӣ фаъолият мекунанд, уҳдадоранд, ки тавассути роҳандозии барномаҳои таълимии муассир омода кардани кадрҳои лаёқатманд ва баландихтисосро таъмин намоянд. Дар Паём Вазорати маориф ва илм вазифадор карда шуд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо бо мақсади татбиқи лоиҳаи сармоягузории давлатии «Муҳити таълим асоси таҳсилоти босифат», «Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намояд.
Дар барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, ки таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ, таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши меҳвариро ишғол менамояд, бояд барои амалӣ намудани корҳои омӯзишӣ, тарғиботӣ-ташвиқотии ҳуқуқӣ бо дарназардошти тақвияти шуури насли наврас, ҷавонон ва тамоми мардум, дар афкор, андеша ва ниҳоди онҳо парваридан ва талқин намудани ҳуқуқ, вазифа, уҳдадорӣ, ростқавлӣ, некбинӣ, риояи меъёрҳои ахлоқӣ, арзишҳои миллӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, масъулиятшиносӣ, муваззаф гардидааст.
Аз ин рӯ, тамоми кормандон, устодон, омӯзгорони зинаҳои гуногуни таҳсилот вазифадоранд, ки барои дар амал татбиқ намудани иқдоми дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю кӯшиши худро равона сохта, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеаи Тоҷикистон чораву тадбирҳои амалӣ андешанд ва саҳми мушаххаси худро гузоранд.