
Муҳаммад Ғойиб – шоире, ки фаъолияташ, таҳсилоташ, эҳтиромаш ба мактаб, илму дониш, омӯзгору олим пайванди ногусастанӣ дорад. Маълумоташ омӯзгорӣ, фаъолияташ эҷодкорист. Мактабу илм манбаи илҳомаш ва омӯзгору олим тарғибгари ашъораш мебошанд. Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғойиб аз ҷумлаи он соҳибқаламонест, ки дар баёни андеша фалсафаи ҳаётиро хуб медонад ва ҳунари суханвариву нависандагиву эҷодкорияш дар як вазн қарор доранд. Ҳангоме бо устод суҳбат оростем, ки дар як вақт ду китоби насриро таълифу омодаи чоп мекард. Ҳавлии шоир бо завқу малакаи хосаш бо фаввораҳои “осмонӣ”, токи баланди ангуру хурмо ҳавои тозаю салқинро ба вуҷуд оварда, илҳоми шоири маҳбуби мардумиро даҳчанд такон мебахшад. Суҳбати мо ифшогари асрори эъҷози ҳунари шоир, баръакси ихтисос, пешаи дигарро ихтиёр кардан, шинохту эътирофи омӯзгор ва манзалати ӯ дар ҷомеа, нақши маҷалла дар рушди соҳаи маориф гашта, тавсияву маслиҳатҳои беҳтарин ҳам ба даст овардем. Умедворем, рӯзҳои наздик осори тозаи насрии адиб дастраси хонандагон мегарданд.
– Тавре ба мо маълум аст, шумо омӯзгори риёзиёт будед, аммо омӯзгорӣ накардед, чаро?
- Бале. Тахассуси ман омӯзгорист ва ман чанд моҳе ҳам омӯзгорӣ кардам. Он вақт бо роҳхат ба кор мегирифтанд. Ҳарчанд дар ин ришта таҳсил мекардам, аммо ҳушу хаёлам ба адабиёт буд. Ҳанӯз баъд аз имтиҳони қабули донишгоҳ дар рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон” (ҳоло “Анбоз”) ду шеърам ба нашр расид. Ҳафтае баъд, боз як шеъри дигарам чоп шуд. Хонандагон ба шеърҳоям баҳои хуб доданд. Кормандони нашрия барои заҳмати кашидаам ба ман аҳсан гуфтанд. Ҳарчанд ин кор бароям заҳмате пеш наоварда буд. Шояд тасодуф буд, ё… намедонам…, аммо баъд аз чоп шудани ду шеърам, як шаби маҳтобӣ, вақти даррави ғалла садои комбайн маро аз хоб бедор кард. Бедор шудам ва шеъри “Комбайнчӣ”-ро эҷод кардам. Ин шеърам низ ба хонандагон бисёр писанд омад. Шоира Гулрухсор, ки он замон сармуҳаррири ҳамин нашрия буд, дар бораи шеъри “Комбайнчӣ” ним саҳифа навишт. Дертар шеъри “Комбайнчӣ” бо забони ӯзбекӣ тарҷума шуда, дар рӯзномаи “Гулхан” ба чоп расид, шеъри устод Айнӣ, Миршакар ва аз ман. Хулоса, ман ба донишгоҳ дохил шудам ва бояд аз рӯи ихтисос риёзӣ мехондам. Мо дар мактаби миёна низ фанҳои дақиқро ба таври фарогир намеомӯхтем, чун норасоии омӯзгорон буд. Аз ин рӯ, барномаи донишгоҳ бароям душворӣ мекард ва маҷбур будам, ки аз ибтидо хонам ва бисёр талош кунам. Бо иродаву азм дар шаш моҳ ҳамаи барномаро аз худ кардам. Фақат қабл аз имтиҳони давлатӣ ба гӯшам расид, ки омӯзгоре қасд дорад ба ман баҳои паст гузорад. Ӯ то ҷое ҳақ буд, чун ман яке аз бахшҳои фанни физикаро хуб намедонистам. Аммо барои гирифтани баҳои паст дар имтиҳони давлатӣ розӣ шуда натавонистам ва ҳангоми таҷрибаомӯзӣ ду моҳ он қисмати физикаро омӯхта, омода шудам. Ҳамдарсонам низ дар донистани ин бахш мушкилӣ мекашиданд. Аз таҷрибаомӯзӣ омада, шабҳо ба ҳамкурсон дарс медодам. Хулоса, ҳар қадар ки талош кардам, боз ҳам аз ҳамин фан баҳои чор гирифтам. Аммо ҳамеша шеър эҷод мекардам. Инчунин, барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷи зиндагӣ мақолаҳои гуногун низ навишта, ҳаққи қалам мегирифтам, пахта мечидам. Пули пахтачинӣ, ҳаққи қалам ва идрорпулиро якҷоя карда, рӯз мегузарондам.
Пеш аз имтиҳони давлатӣ аллакай тақсимот шуда буд ва аз рӯи он ман бояд ба ноҳияи Данғара ба ҳайси омӯзгори физика ва математика мерафтам. Аммо аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радио ба донишгоҳ мактуб расид ва муҳтавояш он буд, ки ман барои онҳо лозимам. Воқеан, баъд аз ин ки Ҳақназар Ғойиб як очеркамро хонд, маро ба ҳамкорӣ ва минбаъд ба кор даъват кард. Ҷое, ки маро бояд ба кор мегирифтанд, 6 моҳ холӣ буд. Ҳеҷ касро ба кор нагирифтанд, то баробари хатми донишгоҳ ман ба он ҷо ба кор дароям. Хулоса, бо як даводав, бо гирифтани иҷозати Вазорати маориф, раёсати маорифи вилоят ва маорифи ноҳияи Данғара ба кор ба кумита гузаштам. Ба хотири эҷодкор буданам, ба ман иҷозат дода шуд. Ҳамзамон, ба ман пешниҳод шуда буд, ки дар донишгоҳ аз фанни физика дарс гӯям, аммо меҳри кори эҷодӣ ва адабиёт маро ин сӯ кашид. Муаллими риёзиёт миёни қаламкашон афтод, лек кор бароям душвор набуд. Ҳанӯз дар аввалин рӯзи кориям мақолаи яке аз журналистони моҳирро аз 16 саҳифа ба 4 саҳифа табдил додам. Он кас дар рухсатӣ буданд. Баъдан омада шиква карданд. Фаъолияти журналистӣ дар радио (ё телевизион), ки бароям то ҷое бегона буд, омӯхтам, шабу рӯз мехондам, то ҳадде ки бемор шудам.
Муҳити қаламкашон ба ман чунон пуртаъсир буд, ки баъди як сол китобам бо номи “Роҳи деҳа” ба чоп расид.
Шумо савол додед, ки бори журналистӣ вазнин аст ё аз адабиёт?
Бояд гӯям, ки вазифаи асосии журналист ба мардум расондани хабари рухдодҳои имрӯз аст, аммо вазифаи адабиёт дигаргуна аст. Дар адабиёт домани андеша бояд фарох бошад, чун эҷодиёти адиб барои як рӯзу ду рӯз нест, барои асрҳост. Агар нависанда аз мактаби журналистӣ гузашта бошад, дар ҳар нигоҳ ҳарфеву китобе мебинад, чун дар фаъолияти журналистӣ бо одамону воқеаҳои гуногун вомехӯрӣ. Ҳама нависандаҳои бузург мактаби журналистикаро гузаштаанд, дар Тоҷикистон низ. Устодон Фазлиддин Муҳамадиев, Абдулҳамид Самад, Саттор Турсун ва даҳҳо нафари дигар ин мактабро гузаштаанд. Барои ҳамин, ба андешаи ман нависандагӣ душвортар аст ва он тавъам бо таҷрибаи журналистӣ муассиртар мегардад. Нависанда наметавонад танҳо қаҳрамонҳои тахайюлӣ офарад. Барои иншо шудани як асари хуб нависандаҳо ба деҳоту музофот, ба корхонаҳои гуногун рафта, кор мекунанд ва дар ташвишободу заҳматободҳо бо қаҳрамонони воқеиашон вомехӯранд. Ин аст заминаи як асари нависанда. Масалан, яке аз нависандагони хуби мо, публитсист, очеркнавис Раҷаб Мардон аст. Аз зиндагии мардум мегӯяд. Як ҳикояи “Бобои Сӯфӣ”-и навиштааш маълум мекунад, ки аз мактаби журналистӣ гузаштааст. Лаҳзаҳоро хуб баён мекунад, хонанда ҳамаи онро пеши назар меораду гоҳ ашк мерезад ва гоҳ ба хотири шодии қаҳрамони асар шод мешавад. Ё офаридаҳои Ғаффор Мирзо, Фазлиддин Муҳаммадиев низ чунинанд. Камолоти ҳунари нависанда аз гузаштан аз мактаби журналистӣ бастагӣ дорад ва ҷавлон дар ин майдони фарох душвортар аст.
– Чаро дар риштаи омӯзгорӣ таҳсил кардед? Дар ин роҳ таъсири оила бештар буд магар?
– Не. Ба ростӣ, худам намедонстам, ки чӣ ихтисосро интихоб кардаам. Дар деҳа фақат машғули кор будем. Ба вақти интихоби касб омӯзишгоҳи педагогиро муаррифӣ карданд. Мо маънои калимаи “педагогӣ”-ро нафаҳмидем. Се нафар даст бардошту ин риштаро барои идомаи таҳсил интихоб кард. Ман низ дар пайи онҳо, “ягон ихтисоси хуб аст”, – гуфта, интихоб кардам. Баъди ба шаҳр омадан фаҳмидам, ки ман пешаи муаллимиро интихоб кардаам.
– Ҳар куҷое фаъолият кардед, ҳамеша пайвандие ба соҳаи маориф доштеду доред, ҳамин тавр не?
– Касе нест, ки ба маориф пайванди надошта ва аз омӯзгор таълим нагирифта бошад. Ман барои устодонам, муаллими аввалинам борҳо шеър навиштаам. Одам ба кадом зинаҳои муваффақият расад, боз ҳам бояд қадри омӯзгорро донад, ӯро падарвор ҳурмат кунад. Омӯзгор ягона нафарест, ки барои муваффақияти шогирдон ҳамеша шод мешавад. Чӣ хел мумкин аст омӯзгорро дӯст надошт?! Чӣ хел метавон робитаатро аз ӯ канд?! Ҳангоми дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” сармуҳаррир буданам, китобе бо номи “Мусофирони роҳи илм” навишта, ба устодон бахшидам. Он лаҳза низ устодонам дар канорам буданд ва барои машҳур ва мадди таваҷҷуҳ қарор додани ин рӯзнома ба ман мадад расонданд. Барои ҳамин дар сари ҳар эҷод симои омӯзгор, устодонамро пеши рӯ меорам. Китоби тозае навиштаам, ки мунтазири чоп аст. Як бобаш дар бораи омӯзгорон аст, дар бораи касони одӣ, ки солҳо ба кӯдакон илм меомӯзонанд. Аз ҷумла, саргузаштеро он ҷо овардаам. Лаҳзаи мактабхон буданаш, пиёда ба ноҳия мерафтаст, ки раиси колхоз ӯро дида ва ба куҷо рафтанашро пурсид. Ӯ мегӯяд, ки барои харидани китоб меравад. Раис ҳайрон шуда мегӯяд, ки магар дар колхоз китобхона нест. Ӯ мегӯяд, ки ҳамаи китобҳои китобхонаи колхозро хондааст. Баъди санҷиш дурустии гуфтаҳояшро тасдиқ карда, ӯро ба мағозаи китоби ноҳия мебарад. Китобҳои хостаашро харида, роҳкирояшро низ медиҳад. Ин лаҳзаҳо ва симои чунин ашхосро ҳеҷ гоҳ наметавон аз хотир бурд.
– Шумо ҳамчун шоири бачагон низ маъруф ҳастед, ҳатто мукофот ҳам доред…
– Ростӣ, шеър навиштан дар мавзуи ҳаёти бачагон бисёр душвор аст. Бояд равони бачаҳоро омӯхт. Китобҳои бачагона бисёр дорем, аммо қасри адабиёти кӯдаки мо хароб аст. Калонсолон талош мекунанд, ки маҷбуран бачаҳо китоб хонанд. Аммо китобҳои бачагона бояд шавқовар бошанд, то худи кӯдакон ҳаваси хондан кунанд. Ҷаҳони бачаҳо рангоранг аст ва хонаи адабиёти бачагона низ бояд рангоранг бошад. Адиб бояд дунёро бо чашмони кӯдакон бинад. Мо филмҳои тасвирӣ низ надорем ва ин фазоро бо тарҷумаи филмҳои тасвирии дигар кишварҳо пур мекунем. Набояд чунин бошад, чун мо кишвари сербачаем. Касе, ки дар кӯдакӣ намехонад, дар калонсолӣ низ бори маънии эҷодиётро бардошта наметавонад.
– Шумо нависанда ҳам ҳастед, ҳамчунин драмаҳо таълиф кардаед. Вақте дар саҳнаҳои театрӣ ва филмофарии мо эҳсоси камбуд дар ин самт ҷой дорад, зарурати ташкили мактаби драманависиро эҳсос намекунед?
– Масъалаи драма мисли адабиёти бачагона аст. Пайваста ба ин кор машғул нестам, гоҳ-гоҳ драма менависам. Қаҳрамонҳои хуби ҷовидонаро тавре дил мехоҳад, офарида наметавонам. Барои ин шароиту вақт лозим. Драманависони хуб дорем, аммо эҳтиёҷи рӯзгор ба онҳо имкони эҷоди асари хубро намедиҳад. Мутаассифона, асарҳое, ки офарида мешаванд, мумкин аст дар замони худ, як ё ду сол хизмат кунанд, аммо даҳсолаҳо ва аз ин бештар хизмат карда наметавонанд. Бояд қаҳрамоне офарид, ки бо гузашти асрҳо низ нақшаш хотирмон бошад ва мардумро ҷалб карда тавонад. Аз дигар лиҳоз, нависанда ихтиёри интихоби жанрро надорад. Касе, аз ҷумла, ман, худамро барои навиштани драма маҷбур карда наметавонам. Ман низ чанд асаре навишта, ба театрҳо пешниҳод кардаам. Баъзе аз ин навиштаҳо ба саҳна гузошта шудаанд ва баъзеи дигарашон мунтазири саҳнаанд.
– Дар байни ҷавонон ягон умедворӣ ҳаст аз ҳисоби драманависон?
– Насли ҷавон аз донишҳои ҷаҳонӣ баҳраваранд. Чизе, ки онҳо медонанду мефаҳманд, мо ба зудӣ дарк намекунем. Дигаргуниҳои ҳаррӯзаи ҷаҳон онҳоро бедору ҳушёр кардааст. Аз ҷиҳати амалӣ онҳо хубанд, аммо аз ҷиҳати назариявӣ…. Онҳо китоб ва дастнависҳоро кам мехонанд. Аз ҷониби Пешвои миллат барои онҳо шароити хуб фароҳам оварда шудааст, ҳамеша рӯҳбаланд карда мешаванд. Бо ин ҳама, кам нестанд ҷавононе, ки китобро варақ ҳам намезананд. Бархе ба бозиҳои компютерӣ китобҳоро ҷойгузин кардаанд. Набояд фаромӯш кард, ки роҳи худомӯзӣ мактаб надорад, роҳи худафрӯзӣ шаб надорад, умед аз кавкаб надорад…
– Ба нашрияҳои соҳаи маорифи ватанӣ чӣ назар доред? Масалан, барои бештар кардани маҳбубияти маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон”, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъол аст, чӣ бояд кард?
– Обунаи маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” чӣ қадар аст?
– Шаш ҳазор.
– Ин бисёр кам аст. Бояд коре кунед, ки маҷаллаи шумо ба ҳар донишманду аҳли зиё расад. Навиштаҳои шавқоварро бештар чоп кунед. Офаридаҳое, ки дар ҷаҳон арзиши баланди илмию бадеӣ доранд, бояд дар маҷалла нашр шавад. Сипас, маҷалла бояд тарғиб шавад ва хушхарид бошад. Рӯзнома офаридан нисбат ба маҷалла осонтар аст. Масалан, ман ҷое хондам, ки хонандаеро омӯзгор бад мебинад, чун ин хонанда либосҳои ҷанда мепӯшид. Дар зодрӯзи муаллима ҳама туҳфаҳои хуб мебаранд, аммо ин писарбача дар коғази зарде дастпонаи куҳна ва нигинрехтаи ёдгории модарашро мебарад. Муаллима бо дидани ин ҳол ҳайрон мешавад ва онро ҷое пинҳон мекунад. Аз ҳамон рӯз таваҷҷуҳаш нисбат ба ин бача бештар мешавад, саргузашташро мефаҳмад. Баъди солҳо, ки шогирдон мактабро хатм мекунанд, ба дасти муаллима номае мерасад, ки навишта шудааст: “Муаллимаи азиз, модари меҳрубон, ман ба донишгоҳ дохил шудам.” Баъди муддате боз нома дарёфт мекунад: “Модари азиз, муаллимаи меҳрубон, ман соли аввалро бо баҳои аъло хатм кардам”. Ҳамин тавр, шогирдаш ҳамеша муаллимаро аз хатм кардан, оғози кори илмӣ ва ҳимояи он хабар медиҳад. Аз нафари дигар ба муаллима мактуб намеомад, танҳо аз ӯ. Баъди солҳо муаллимаро ба тӯйи хонадоршавӣ ба ҷои модар даъват мекунад. Рӯзи тӯй муаллима ҳамон дастпонаи ёдгориро бо худ гирифта мебарад. Дар рӯзи тӯй шаҳбача аз тахт ба истиқболи муаллима рафта мегӯяд: – Хуш омадед, модари азиз! Миннатдорам, ки маро савод омӯзонидед.
Муаллима посух медиҳад: – Бале, ман туро шахси донишманду босавод кардам, аммо ту одамиятро ба ман омӯхтӣ.
Ин қисса ба ман писанд омад. Бисёр бо забони равон навишта шудааст, ҳарчанд муаллифашро намедонам. Аммо тавсия медиҳам, ки чунин қиссаҳо низ дар саҳифаҳои маҷалла ҷой дода шаванд. Шарт нест, ки танҳо мақолаҳои омӯзгорон чоп шаванд. Бояд одамони маъруф ва муваффақро муаррифӣ кард, чун онҳо низ шогирди омӯзгоре ҳастанд. Маҷалла бояд хонданбоб бошад. Тавассути маҷалла метавон омӯзгорони беҳтаринро муаррифӣ кард ва мақомашонро дар ҷомеа баланд бардошт.
– Ташаккур барои суҳбати шавқовар ва муфид.
Мусоҳиб: Саидаи ФАЗЛ –
Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
23.07.2021, ш. Душанбе